Тарҷумаи ҳол

Тарҷумаи ҳол

«Мирзобайрам ва Шоҳқосим бо чашми гирён ва лаби нолон аз ман ҷудо туда рафтанд. Ман дар он мазор, дар ғарибию бекасӣ ва дар ҳолате, ки таб тамоми даруну берунамро месӯхт, танҳо мондам ва дар он ҳол байтҳоеро, ки дар ёд дошғам, бар забон оварда нолаи ғарибона мекардам...

Намедонам, маро хоб рабудааст ё таб бурда, ки аз худ рафтаам. Як вақт шунидам, ки касе бар сари қабре бо овози ҳазин ин байтҳоро бо навҳаи ҷонсӯз мехонд:

Кош он рӯз, ки дар пои ту зад хори аҷал,

Дасти гетӣ бизадӣ санги ҳалокам бар cap.

То дар ин рӯз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,

Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар cap.

Гӯянда навҳагарии худро бо ин гуна байтҳо давом медод. Ин нолаҳои ҳазинона маро дар хоби мадҳушӣ фиристод. Як вақт ҳушёр шудам, ки зани хубрӯе дар ғояти ҳусну ҷамол бар сарам нишаста, ба рӯймоле ашк аз рӯй пок мекунад.

Чун ӯ маро чашмкушода дид, пурсид:

- О, ҷони модар! Аз куҷоӣ ва инчунин афтодаву хору зор чарой?

Гуфтам:

Эй, модари меҳрубон! Аз Хуросонам ва ғарибу бемору нотавонам.

Гуфт:

-Эй фарзанди дилбанд! Ғам махӯр, ки ман модари туям, туро ғамхорӣ ва бемордорӣ мекунам. Инак, аз барон ту касе фиристода, туро ба хонаи худ мебарам.

Он зан рафту баъд аз замоне ғуломе шутуре овард ва маро бар он савор карда, ба хонаи он зани меҳрубон бурд. Аммо бемории ман шиддат ёфт ва оташи таб танӯри пайкарамро тамоман битофт, ба ҳадде, ки касеро намешинохтам. То чил рӯз дар ҳолати беҳушӣ ва бетоқатӣ будам. Баъд аз он арақоби сарде бар оташи табам рехт ва беморӣ аз баданам чун дуд аз оташ гурехт.

Меҳрубониҳои он занро бо ҳеҷ қалам тасвир ва таҳрир кардан ва бо ҳеҷ забоне такрир намудан мумкин нест. Як модари мушфиқу меҳрубон ба фарзанди навзоди худ чӣ гуна бо дилсӯзӣ нигоҳубин кунад, ӯ ба ман, ки аз он бемории ҷонфарсо халос шуда, гӯё ба олами ҳаёт ба тозагӣ қадам ниҳода будам, ба ҳамон дараҷа, балки зиёдатар аз он дилсӯзӣ ва меҳрубонӣ мекард».

Ин як лаҳзаи ғамангези ҳаёти нависандаи бозарофат Зайниддин Маҳмуди Восифӣ буд. Соли 1512, ҳангоме ки Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба Хуросон лашкар кашида, Ҳиротро мегирад, бисёр олимон, шоирон ва нависандагон тарки ватан намуда, роҳи Мовароуннаҳру Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳоро пеш мегиранд. Восифӣ ҳам ҳамроҳи дӯстони наздикаш якумрӣ зодгоҳашро тарк менамояд.

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Хешу табори Восифӣ низ аз табақаи миёнаҳоли шаҳр буда, бо меҳнати ҳалоли худ зиндагиашонро пеш мебурданд. Масалан, Мавлоно Амонӣ, ки табъи шоирӣ дошт ва яке аз хешовандони наздики Восифӣ ба ҳисоб мерафт, ба касби нахудбирёнкунӣ машғул буд.

Восифӣ дар байни ҳамин гуна ашхос ба камол расид. Таҳсили ибтидоиро дар Ҳирот гирифт. Падари Восифӣ Абдулҷалил марди донишманду илмдӯст буд ва орзу дошт, ки фарзандаш босавод шавад. Дар оянда Восифӣ таҳсилашро дар назди донишмандони маъруфи замон давом дод. Масалан, дар назди Мавлоно Исомуддин Иброҳим илмҳои мантиқ, маонӣ ва баёнро меомӯзад. Вай қобилияту истеъдоди аҷибе дошт. Дар синни 12-13-солагӣ илми назмшиносӣ ва муамморо ба хубӣ аз худ карда буд, ки ҳатто ҳусну қубҳи шеърҳои шоирони бузургро мефаҳмид.

Дар андак муддат Восифӣ дар Ҳирот шӯҳрат ёфта, овозаи донишу камолоти ӯ ба гӯши намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ мерасад. Онҳо Восифиро даъват карда, дар назди уламо ва удабои замон имтиҳон мекунанд. Восифӣ аз имтиҳон бомуваффақият мегузарад.

Ба ҳамин тариқ, Восифӣ дар Ҳирот то соли 1512 ба касби камолот машғул шуда, шоҳиди задухӯрдҳои сулолаҳои Темуриён бо Шайбониён ва барҳам хӯрдани сулолаи Темуриён мегардад. Дере нагузашта Шоҳ Исмоил ба муқобили Шайбониён лашкар кашида, Ҳиротро ишғол мекунад. Онҳо он касонеро, ки суннимазҳаб буданд, таҳқир мекарданд ва бисёриҳоро мекуштанд. Ҳатто қабри Абдураҳмони Ҷомиро оташ зада буданд. Бинобар ин аксарияти одамони суннимазҳаб Хуросонро тарк мекунанд. Восифӣ ҳам бо як машаққати зиёд, ҳамон зайле, ки дар боло гуфтем, гурехта, ба Самарқанд меояд. Он вақт 27-сола буд.

Восифӣ 10 соли ҳаёти худро асосан дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро гузаронд. Ӯ ба дарбори Убайдуллохон роҳ ёфта, чанд муддат ба корҳои эҷодӣ машғул шуд. Убайдуллохон, ки табъи шоирӣ низ дошт ва бо тахаллуси Убайдӣ шеър мегуфт, барои шӯҳрату дабдабаи дарбори худ шоирони зиёдеро ҷамъ намуда буд. Пас аз чанд муддат ҳокими Тошканд Севунҷхоҷахон барои таълиму тарбияи фарзандонаш Восифиро ба Тошканд даъват кард. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар Тошканд танҳо як сол ба писарони Севунҷхоҷахон Келдимуҳаммад ва Наврузаҳмад таълим доду халос. Вай боз ба Самарқанд баргашт. Сабаби аз дарбор рафтани ӯ, пеш аз ҳама, дар он будааст, ки аҳди дарбор, шоирони маддоҳ ва дигар шахсони олирутбаи дарбор нависандаро таъқиб намуда, ҳар гуна корҳои ношоистаро дар ҳаққи ӯ раво дидаанд. Тӯҳмату бӯҳтон, мунофиқию бадкирдории аҳди дарбор қалби адибро маҷрӯҳ кард, бинобар ин ӯ маҷбур шуд, ки мусофират намояд.

Восифӣ дар Самарқанд дар масҷиди Атторон ба касби муаллимӣ машгул гардид. Ин давраи ҳаёти нависанда то як андозае ором ва осуда буд. Баъди як сол шогирди Восифӣ Келдимуҳаммад ҳокими Шоҳрухия таъйин гардид. Вай аҳди илму адабро аз ҳар гӯшаю канори мамлакат ба дарбор даъват намуд. Дар ин маврид муаллими худ - Восифиро низ аз ёд набаровард.

Зиёда аз 15 соли ҳаёти нависанда дар ин дарбор гузашт. Дар ин муддат Восифӣ ба навиштан ва тартиб додани асари бузурги худ «Бадоеъулвақоеъ» пайваста машгул гардид.

Соли 1524 Севунҷхоҷахон вафот мекунад ва Келдимуҳаммад аз Шоҳрухия ба Тошканд омада, ба тахти подшоҳӣ менишинад.

Восифӣ ҳам ҳамроҳи Келдимуҳаммад ба Тошканд омада, боз ба ҳамон кори пештарааш машғул мегардад. Акнун Келдимуҳаммад хеле заиф ва касалманд шуда буд, ба корҳои давлатӣ камтар машғул мешуд, бисёртар вақти худро ба айшу нӯш сарф мекард. Восифӣ аз ин истифода бурда, бештар ба корҳои эҷодӣ машғул мегардад.

Ниҳоят, пас аз вафоти Келдимуҳаммад ба ҷойи ӯ писари 6- моҳааш Ҳасансултон хон таъйин мегардад, вале дар ҳақиқат бошад, идораи давлатро бародари Келдимуҳаммад Наврӯзаҳмад ба ӯхда дошт.

Вақте ки Ҳасансултон 6-сола шуд, Восифӣ ҳанӯз дар дарбор буд. Восифиро муаллими ӯ таъйин мекунанд. Чанд муддат Восифӣ ба ӯ таълим медиҳад. Ғайр аз ин ёддоштҳои худро ба охир расонида, ба Ҳасансултон мебахшад. Вале, дере нагузашта, Ҳасансултон вафот мекунад. Он вақт Восифӣ ба 55 даромада буд, ҳаёти минбаъдаи нависанда дар Тошканд мегузарад ва дар пиронсолӣ, чунонки муаллифи тазкираи «Музаккирулаҳбоб» Хоҷа Хасани Нисорӣ мегӯяд, Восифӣ, тахминан, дар соли 1556 дар шаҳри Тошканд вафот мекунад.