Саъдӣ баъди бозгашт аз сафарҳои тӯлонӣ кунҷи узлатро ихтиёр кард. Акнун он кӯлвори пурбор, он хӯшаҳои ҷилодори овардаи хешро чун шаддаҳои марҷон пайвасту пайванд менамуд. Адиб лаҳзае ором набуд. Эҷод мекарду бо дӯстон, бо шогирдону мухлисонаш розу ниёз дошт. Меҳмонон аз дуру наздик ба суроғаш меомаданд. Шоҳаншаҳи Мултони Ҳинд яке аз наздиконашро ба Шероз фиристод, то хоҳишу илтимоси шоҳи Мултонро бигуяд, Саъдиро бо хеш ба Ҳинд бибарад, вале Саъдӣ илтимоси шоҳро напазируфт ва қадам аз Шероз берун наниҳод. Ҳамин зайл, хоҳишмандон кам набуданд, аммо Саъдӣ гуфтори эшонро напазируфт.
Аз ҳар кунҷу канори дунё аз амирон, ҳокимон, адибон, олимон ва дигар ашхоси гуногунрутба ва гуногунтабақа номаҳои сершумор ва ҳадяҳои фохира меомаданд. Онон дар номаҳои худ ба Саъдӣ, ба пайғомбари сухан арзи сипос намуда, аз Худои мутаол вақти хушу арзи сипос намуда, умри бедарди Саъдиро хоҳон буданд.
Ҳамин тавр, Саъдӣ гӯё бо дуои бузургони давр, мардони роҳи сидқу вафо умри дарози бобаракат дид. Ӯ соли 1292 дар бӯстонсарои худ аз дунё чашм пӯшид, ки имрӯз ҳам турбати шоири бузург ба ҷост. Имрӯз Шероз ва марқади Шайх Саъдӣ зиёратгоҳи мардуми олам аст. Аз тамоми гӯшаву канори дунё габру мусулмон, яҳудиву насоро ба зиёраташ меоянд ва ҳар кадоме ба расму оини худ ба рӯҳи поки Шайх Саъдии бузургвор дуруд мефиристанд. Оре, Саъдӣ тамоми умр ҳам дар сухан ва ҳам дар амал хизмати халқҳоро кард. Ӯ дороияшро ба дармондагон, бечорагон қисмат намуд. Барои ҳамин дар байни хосу ом некном монд. Саъдӣ гӯё пайғамбарона байти зерро дар ҳаққи хеш гуфта бошад:
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Реклама