1. Кадом лаҳзаҳои рӯзгори Кошифӣ ба шумо хотирмон буданд?
2. Дар он замон ба чӣ хотир бисёр ҷавонон аз ҳар кишвару аз ҳар шаҳр ба Ҳирот меомаданд?
3. Ҳусайни Воизро мо энсиклопедист гуфтем, шумо дар ин боб чӣ ақида доред?
4. Шумо дар бораи фарзанди нависанда Фахриддин Алии Сафй чӣ медонед? Вобаста ба ҳамин байти «Калила ва Димна»
Гирди номи падар чӣ мегардӣ?
Падари хеш бош, агар мардӣ!
-ро маънидод намоед.
5. Асарҳои илмии Кошифиро номбар кунед ва дар бораи ҳар кадоми онҳо маълумот диҳед.
6. Восифӣ дар бораи устоди хеш чӣ мегуяд?
7. Дар бораи илми иншонигорй Кошифӣ кадом асарро нигоштааст?
8. Асарҳои бадеии Ҳусайн Воизро номбар кунед.
9. Чаро адиб ба асараш «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ном гузоштааст?
10. Асар дар кадом мавзӯъ баҳс мекунад?
11. Забои ва тарзи баёни Кошифӣ чӣ хел аст?
12. «Анвори Суҳайлӣ» бо «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ чӣ муносибат дорад?
13. Фарқи байни ин ду асарро гӯед.
14. Устухонбандии асар чӣ маъно дорад? Дар мисоли «Анвори Суҳайлӣ» ин ибораро шарҳ диҳед.
15. Қиссаи «Рой Добшилим»-ро повеет гуфтан равост?
16. Устухонбандй чӣ тарз корбаст шудааст?
17. Сабаби ганҷ ёфтани Рой дар чӣ буд?
18. Моҳияти дастурамалро нақл кунед.
19. Оё имрӯз он гуфтаҳои нависанда қобили қабуланд? Агар қобили қабул бошанд, бо мисол фаҳмонед.
20. Чаро Кошифӣ ба асараш «Футувватнома» ном гузоштааст?
22. Аз назари Кошифӣ шогирд бояд чӣ хел бошад? Гуфтаҳои нависандаро ба гӯш бигиред ва ҳифз намоед.
23. Ҳусайни Воиз дар одоби сухан гуфтан чӣ мегӯяд?
24. Шартҳои гузоштаи адибро азёд намоед.
РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ
1. С. Айнӣ. Куллиёт, ҷ. 11; қисми 1, «Ирфон», Душанбе, 1963.
2. А.Мирзоев, Биноӣ, Нашрдавтоҷик, Сталинобод, 1957.
3. Ҳусайн Вонзи Кошифӣ. Футувватномаи султонй, Ахлоқи Мӯҳсинӣ, Рисолаи Ҳотамия. «Адиб», Душанбе, 1991
4. Т.Миров, Дастури методии «Адабиёти тоҷик барои синфи 9», «Маориф», Душанбе, 1986.
Реклама