Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки девони Камол пурра то замони мо омада расидааст, ки он шомили 14 хдзор байт мебошад. Эҷодиёти шоир дар жанрҳои хурди лирики: ғазал, рубоӣ, қитъа ва қасида суруда шудаанд. Дар ин маънӣ Абдурах,мони Ҷомӣ дар боби ҳафтуми «Баҳористон» чунин мегӯяд: «Вай дар латофати сухан ва диққати маънӣ ба мартабаест, ки беш аз он мутасаввир[1] нест». Худи Камол ба ҳамин маънӣ ишорат намуда, дар як ғазалаш мегӯяд:
Чу девони Камол афтад ба дастат,
Навис аз шеъри ӯ чандон, ки хоҳӣ.
Хаёлоти ғарибу лутфи ҳарфаш
Агар хоҳӣ, ки дарёби камоҳӣ[2].
Зи ҳар лафзаш равон магзар, чу хома,
Ба ҳар ҳарфаш фурӯ рав чун сиёҳӣ.
Девони Камол бештар аз ғазал иборат аст. 95 фоизи шеърҳои девонро ғазал ташкил медиҳад. Дар девон 977 ғазал, 101 қитъа, 37 рубоӣ, 11 муаммо, 1 мустазод ва 4 қасида дохил гардидаанд.
Мусаллам гардид, ки Камол дар сурудани қасида чандон майлу хоҳиш надошт. Сабаби ин дар чист? Ва ин суолро ҳанӯз Давлатшоҳи Самарқандӣ ҷавоби некӯ до да: «Шайхро илтифоте ба мадҳи мулук... набуда». Бинобар ин, ба ин, ба ин жанр чандон таваҷҷӯҳ накард ва пас аз ғазал ба сурудани қитъаот бештар майл намуд. Боз ин фикрро худи шоир тақвият медиҳад:
Дасти султоноп намебусад Камол,
Нест султонро ба дарвеш эҳтиёҷ.
Камоли Хуҷандӣ аз адибони бузурги гузашта ҳунари шоирӣ, балоғату фасоҳати каломи бадеиро омӯхт ва ҳифз намуд. Шоир пеши бузургони адаб чун устод Рӯдакӣ, Фирдавсию Носири Хусрав, Фаррухию Манучеҳрй, Саноию Аттори Нишопурӣ, Ҷалолиддини Балхию (Румӣ) Амир Хусрав, Саъдии Шерозӣ сари таъзим фуруд овард. Эҷодиёти онон барояш мактаби омӯзиш. Камол бухусус ба Саъдӣ ва Хоҷа Ҳофиз муҳаббати хоса дошт. Ӯ дар як ғазалаш Саъдиро ба Рустами Дастон ташбеҳ намуда, хешро ҳамоварди тавонояш ба қалам додаст:
Гуфтем ҷавобе на кам аз гуфтаи Саъдӣ,
Балк-ин ду ғазал хубтар аз якдигар афтод.
Ин лоф на дархурди Камол аст, валекин
Бо Рустами Дастон бизанад, ҳар кӣ дарафтод.
Шоир ба бисёр ғазалиёти Саъдӣ ва Ҳофизи Шерозӣ назира гуфтааст. Ин амали шоиста ду сабаб дорад. Нахуст, шоир ба ғазале ҷавоб мегӯяд, ки чӣ аз лиҳози мазмун ва чӣ аз лиҳози шаклу санъати бадеӣ олӣ бошад. Дигар, шоир ба ин восита ба соҳиби ғазал ҳусни таваҷҷӯҳ ва маҳбубияти хоса доштани хешро таъкид менамояд. Аз ҳамин нигоҳ Саъдӣ ва Ҳофиз ба Камол наздик буданд ва ба онҳо меҳр дошту эшонро қутби ғазал медонист. Таваҷҷӯҳ кунед:
Камол:
Биё, соқӣ, ки бехи ғам ба даври гул барандозем,
Маҳе гулгун талаб дорему гул дар соғар андозем.
Ҳофиз:
Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳи нав дарандозем.
Шоистаи гуфтан аст, ки ин ду шоири бузург на танҳо дар сухан, балки дар амал бо ҳам наздик буданд, гоибона ба ҳам ихлос ва меҳру муҳаббат доштанд. Ба воситаи нома аз ҳолу
аҳволи якдигар огоҳ мешуданд, ғазалҳои тару тозаи хешро ба воситаи номаҳо ҳадяи якдигар мекарданд.
1. Ёp гуфт: «Аз ғайри мо пӯшон назар!». Гуфтам: «Ба чашм»,
«В-он гаҳе дуздида дар мо менигар». Гуфтам: «Ба чашм»
2. Гуфт: «Агар ёбӣ нишони пойи мо бар хоки роҳ,
Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар!» Гуфтам: «Ба чашм».
3. Гуфт: «Агар cap дар биёбони ғамом хоҳӣ ниҳод,
Ташнагонро муждае аз мо бибар!» Гуфтам: «Ба чашм».
4. Гуфт: «Агар гардад лабат хушк аз дами сӯзони мо,
Боз месозаш чу шамъ аз дида тар!» Гуфтам: «Ба чашм».
5. Гуфт: «Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,
Ҳам ба мижгонат бирӯб он хоки дар». Гуфтам: «Ба чашм».
6. Гуфт: «Агар гардӣ шабе аз рӯи чун моҳам ҷудо,
То саҳаргоҳон ситора мешумар». Гуфтам: «Ба чаиш».
7. Гуфт: «Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,
Қаъри ин дарё бипаймо сарбасар». Гуфтам: «Ба чаиш».
Тазкиранигорон, аз ҷумла Давлатшоҳи Самарқандӣ ёд мекунанд, ки чун Хода Ҳофиз байта сеюмро хонд, об дар чашмонаш ҳалқа зад ва гуфт: «Воқеъан, пояи ин мард бисёр баланд аст».
Оре, ғазали «Ба чашм» дар фасоҳату балогат олист. Ба ҳамин хотир, дар асрҳои пасин ин ғазал дар байни адибон маъруф гашт ва чандин шоирон ба он назира гуфтанд.
[1] Мутасаввир - побили дарк, тасаввуршаванда.
[2] Камоҳӣ -хақикат, воқеият, хамин тавре, ки ҳаст.
Реклама