ҲАЁТИ ИЛМӢ - МАДАНӢ

ҲАЁТИ ИЛМӢ - МАДАНӢ

Ҳаёти илмӣ-маданӣ дар асрҳои XV-XVI дар Осиёи Миёна ва Хуросон то як андоза пеш рафт. Албатта, ин бесабаб набуд. Пойтахти империяибузургиТемур(1336-1404) шаҳри бостонии Самарқанд дар он рӯзгор хеле обод гардида, дар байни шаҳрҳо шӯҳрати хосае дошт. Ин шоҳи шӯҳратпараст аз кишварҳои истилокардааш олимон, шоирон, наққошон, меъморони гулдаст, умуман, ҳунармандони номиро ба Самарқанд овард. Меъморон дар ин ҷо қасрҳои боҳашамат, мадрасаю масҷидҳо сохтанд. Осори бузурги меъморие, ки имрӯз хдм Самарқандро зиннат додааст, маҳз аз инкишофу тараққии санъати меъмории ин давр шаҳодат медиҳад. Ансамбли меъмории Регистон, Гӯри Мир, Шох,и Зинда ва амсоли онҳо аз намунаҳои барҷастатарини осори меъмории гузаштагони мо ба ҳисоб мераванд.

Дар айёми ҳукмронии фарзандони Темур, махсусан Шоҳрух Мирзо (1377-1447) шаҳри Ҳирот ҳам ободу зебо шуда, яке аз марказҳои муҳимтарини илму адаб ба шумор мерафт.

Илму адаб асосан дар ҳамин ду шаҳр ривоҷ ёфт.

Дар шаҳри Самарқанд бо саъю кӯшиши писари Шоҳрух Мирзо - Улуғбек (1394-1449) бештар илмҳои дақиқ, аз ҷумла астрономия, мантиқ, фалсафа, математика, физика, химия тараққӣ мекунанд. Мирзо Улугбек, ки худ шахси бофазлу дониш буд, донишмандони маъруфи замонаашро ба шаҳри Самарқанд овард. Соли 1424 дар Самарқанд расадхона месозанд, ки дар он олимони бузург: Қозизодаи Румӣ, Алии Қушчӣ, Ғиёсиддин Ҷамшед, Мансури Кошй ва дигар донишмандон кор мекарданд. Онҳо вазъи ситораҳо ва дигар ҷирмҳои осмониро ба мушоҳида гирифта, мавқеъ ва хусусияти онҳоро то андозае муайян менамуданд. Натиҷаи кори чандинсолаи олимон дар ҷадвали астрономие, ки бо номи «Зичи ҷадиди Курагонӣ» машҳур аст, ҷамъбаст гардидааст.

Дар пештоқи мадрасае, ки Мирзо Улугбек дар Бухоро бунёд кардааст, ҳадиси: «Талаби илм ба мардону занони мусулмон фарз аст»-ро кандакорӣ шудааст. Ғайр аз ин, ӯ дар маҷлисҳои умумӣ иштирок намудани занонро маъқул шуморид. Вале, мутаассифона, барои ҷоҳу мансаб шуда як гурӯх, ашхоси нолоиқ бо ҳамдастии писараш Абдуллатиф соли 1449 МирзоУлугбекро ба қатл расонданд. Пас аз марги Улуғбек дар Мовароуннаҳр илмҳои дақиқ чандон тараққӣ накардаанд. Ба уламою удабои озодфикр, хайрандеш ва, умуман, ашхоси соҳибистеъдод ҷоҳилони тангназари бефарҳанг садди роқ мешуданд ва намегузоштанд, ки донишмандони ҳақиқӣ дар ҷомеа соқиби эҳтиром бошанд.

Ба ҳамин душвориҳо нигоҳ накарда, илму маданият дар ин асрҳо самар дод. Илмҳои таърих, тиб, нуҷум, риёзиёт, адабиётшиносӣ, санъати рассомӣ, наққошӣ, меъморӣ, хаттотӣ ва ғайра назар ба асрҳои ғузашта пеш рафтанд. Асарҳои таърихии Ҳофизи Абрӯ («Зубдатуттаворих»), Шарафуддин Алии Яздӣ («Зафарнома»), Абдураззоқи Самарқандӣ («Матлаъуссаъдайн» ва «Маҷмаъулбаҳрайн»), Мирхонд («Равзатуссафо»), Хондамир («Ҳабибуссияр») ва Ҳофизи Таниш («Шарафномаи шоҳӣ») барои ошкор кардани масъалаҳои мураккаби таърихи халқҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳамчун сарчашмаҳои боэътимод хизмати арзанда кардаанд ва дар оянда ҳам мекунанд.

Дар асарҳои таърихии зикршуда вазъияту ҳолати сиёсӣ- иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мадании асрҳои XV-XVI муфассал инъикос ёфтаанд. Бисёр муаллифон аз нуқтаи назари синфии худ ба ҳодисаю воқеъаҳои таърихӣ баҳо до да, Темурро шоҳи одил, соҳибқирон ва адолатпарвар ба қалам додаанд.

Табиист, ки бо иваз шудани сулолаи Темуриён ва ба ҷои онҳо омадани хонадони Шайбониён дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, илмиву адабӣ дигаргунӣ ба амал наомад. Ба болои ҷабру зулми феодалони маҳаллӣ боз бар сари меҳнаткашон истисмори ӯзбекони бодиянишин зам гардид.

Аммо дере нагузашта, бар зидди Шайбониён ҳарифи ниҳоят пурқувват Шоҳ Исмоили Сафавӣ cap бардошта, соли 1510 Ҳиротро ишғол мекунад. Ӯ худро ҳомии мазҳаби шиъа эълон намуда, барои ҷорӣ кардани он дар тамоми Мовароуннаҳр ва Хуросон ба қатлу горати мардум машғул мешавад. Аммо мақсади асосии Исмоил хоки давлаташро аз ҳисоби кишварҳои обод васеъ кардану боигарию сарвати зиёд ба даст овардан буд. То охирҳои асри XVI дар байни ду сулола муносибатҳои душманона боқӣ мемонад, ки дар ин бора асарҳои таърихӣ маълумоти муфассал додаанд. Дар ин асрҳо илми адабиётшиносӣ нисбат ба давраҳои гузашта хеле пеш рафт. Ин пешравӣ ҳам дар микдор ва ҳам дар сифати асарҳо баръало ҳис карда мешавад. Олимон ва адабиётшиносоне пайдо мешаванд, ки доир ба амалия ба назарияи адабиёт асарҳои пурарзиш меофаранд. Аз ҷумла, «Мизонулавзон»-и Абдулқаҳҳор ибни Исҳоқ, «Лисонулкалом»-и Алишоҳ ибни Махдӣ, «Арӯз»-и Юсуфӣ, «Тазкиратушшуаро»-и Давлатшоҳи Самарқандй, «Бадоеъулафкор фи саноеъулашъор»-и Ҳусайн Вонзи Кошифӣ, «Бадоеъуссаноеъ» ва «Рисола дар илми қавофӣ»-и Амир Бурҳониддин Атоуллоҳ, «Рисолаи арӯз» ва «Рисолаи муаммо»-и Сайфии Бухороӣ ва асарҳои илмию адабии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки шумораи онҳо зиёд аст, офарида шудааст.

Махсусан асарҳои Амир Бурҳониддин Атоуллоҳ ва Мавлоно Камолуддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ мақоми махсус доранд. Муаллифи аввал дар бораи 150 санъати бадеӣ ва муаллифи дувум дар бораи 300 санъати бадеӣ маълумоти муфассал додаанд. Як ҷиҳати фарқкунандаи «Бадоеъуссаноеъ» дар он аст, ки муаллиф бештар ба таҳлилу таҳқиқи илмӣ аҳамият додааст. Атоуллоҳ саъйу кӯшиш кардааст, ки ба воситаи тахлилу баҳси илмӣ ва баёни фикру мулоҳизаҳои адабиётшиносони гузашта масъаларо комилан дуруст ҳал намояд.

Ғайр аз ин, дар ин асрҳо санъати наққошӣ хеле инкишоф меёбад. Намояндагони барҷастаи санъати наққошӣ: Беҳзод, Музаҳҳиб ва Мираки Наққош ба ҳисоб мераванд. Дар таърихи халқҳои Осиёи Миёна, Хуросон ва Эрон Камолидҷини Беҳзод ҳамчун Монии Сонӣ шинохта шудааст. Аз сеҳри қалами ӯ мардуми Шарқу Ғарб ба ваҷд омадаанд. Асарҳои эҷодкардаи Беҳзод имрӯз ҳам қимату арзиши худро гум накардаанд.

Дар «Бадоеъулвақоеъ» дар бораи намояндагони санъати рассомӣ дар Мовароуннаҳр накдҳои аҷоиб оварда шудааст.

Масалан, Восифӣ дар бораи Мавлоно Ҷалолиддин Юсуфи Наққош маълумоти пурқимате дода, асарҳои ҳаҷвии ӯро хеле таърифу тавсиф менамояд.

Аз ин маълумот чунин ба назар мерасад, ки дар асри XV ва XVI санъати рассомй на танҳо дар Хуросон, балки дар Мовароуннаҳр ҳам ривоҷу равнақ доштааст. Ғайр аз ин, рассомон на танҳо ба кашидани расмҳои манзаравӣ машғул буданд, инчунин дар эҷодиёти онҳо расмҳои ҳаҷвӣ макоми махсус доштанд.

Санъати хаттотӣ дар асрҳои XV ва XVI низ хеле тараққӣ кард. Азбаски матбаа набуд, асарҳо дастӣ китобат мешуданд. Албатта, ин кори душвор ва меҳнатталаб буд. То имрӯз аз намояндагони санъати хаттотӣ намунаҳои хеле ҷолиб расидаанд. Дар ин айём хати настаълиқ, ки намунаи комилтарини хат аст, аз тарафи Миралии Табрезӣ (ваф. 1447) ихтироъ шуд. У шогирдони зиёдеро тарбия кард, ки онҳо низ дар ин санъат чун устоди худ моҳир шуданд.

Ҷаъфари Табрезӣ (ваф.1456), Азҳари Табрезӣ (1422-1502), Султоналии Машҳадӣ (1438-1512), Султон Муҳаммади Хандон (ваф.1502), Султон Муҳаммади Нур (ваф. 1534) ва Бобошоҳи Исфаҳонӣ (ваф. 1588) чун хаттотони машҳури асрҳои XV - XVI шинохта шудаанд.

Дар дарбори шоҳзода Бойсанғурмирзо зиёда аз 40 нафар хаттотон ҷамъ омада, шабу рӯз ба рӯйнавис кардани асарҳои гузаштагон машғул буданд, ки дар болои сари онҳо хаттотони номӣ Азҳари Табрезӣ ва шогирди ӯ Султоналии Машҳадӣ меистоданд. Маҳз ба тавассути онҳо «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои Низомӣ, Ҷомию Навоӣ ва дигарон рӯйбардор карда шудаанд.

Дар бораи хаттотону мусаввирон Қозӣ Аҳмад китоби «Маноқиби ҳунарварон»-ро дар охирҳои асри XVI иншо кардааст, ки он характери тарҷумаиҳолӣ дошта, муаллиф дар бораи хаёту эҷодиёти санъатварон маълумоти хубе медиҳад. Масалан, Қозӣ Ахмад ба эҷодиёти Султоналии Машҳадӣ баҳои баланд додааст. Ӯро ҳанӯз дар замонаш «Султонулхаттотин» (яъне подшоҳи хатнависон) мегуфтанд.

Санъати мусиқӣ низ дар ин асрҳо хеле пеш меравад. Ин пешравй чӣ дар амалия ва чӣ дар назарияи санъати мусиқӣ мушоҳида мешавад. То асри XV мусиқии классики халқи тоҷик «Дувоздаҳмақом» буд. Дар асри XV бо роҳбарӣ ва нишондоди Ҷомӣ шогирди у Наҷмиддини Кавкабӣ онро муҷазу содда карда, ба шаш мақом расонид. «Шашмақом» пас аз Инқилоби Октябр боз ҳам инкишоф ёфта, ғанитар гардид ва ба нота гирифта шуд. Дар Тоҷикистон «Шашмақом»-ро ҳофизони машҳур мехонанд ва ансамбли шашмақомхонон ташкил ёфтааст.

Соли 1413 аз тарафи мусиқашиноси машҳур Нуруддини Мароғӣ назарияи мақом (яъне нотаҳо) навишта мешавад. Асари ӯ «Мақсадуладвор» дар бораи усули нигоришоти мақом, хусусияти нотаҳо ва дигар масъалаҳои назарияи мусиқӣ баҳс мекунад.

Хулоса, ҳаёти маданиву илмӣ дар ин асрҳо пеш рафтааст. Вале, мутаассифона, ҳамаи он чизҳои офаридашуда бештар ба табақаи болои чамъият дастрас буданд. Оммаи меҳнаткаш танҳо дар офаридани онҳо азобу ранҷ мекашид, аммо фонда ва лаззати онҳоро аъёну ашроф ва аҳли сарват медиданду мечашиданд.