РИСОЛАИ «ДАҲ ФАСЛ»

РИСОЛАИ «ДАҲ ФАСЛ»

Бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки ин асари ҳаҷман хурд дар таърихи адабиёти тоҷику форс беназир аст ва навоварию тозагиҳои зиёде дорад.

«Даҳ фасл», ки боз бо номи «Таъкидот» ҳам ёд мешавад, аз даҳ фасл иборат аст. Ҳар фасл дар бораи масъалае баҳс мекунад. Бобҳои «Даҳ фасл» ба тариқи зайланд:

1 .Дар дунё ва мо фиҳи (он чӣ дар вай аст).

2.   Дар бораи туркон ва асҳоби эшон.

3.   Дар бораи қозӣ а мутааллиқоти он.

4.   Дар бораи машоих ва моятааллиқ ба вай.

5.   Дар бораи хоҷагон ва одоти эшон.

6.   Дар бораи арбоби пеша ва асҳоби муносиб.

7.   Дар шароб ва мутааллиқоти он.

8.   Дар бораи банг ва лавоҳиқи (иловаҳои) он.

9.   Дар бораи кадхудой ва мулҳиқоти он.

10.    Дар бораи ҳақиқати мардон ва занон.

Ҳамин тавр, нависанда мувофиқи мазмуни бобҳои асар истилоҳоти маълуму машҳурро интихоб карда, онҳоро мувофиқи ҷаҳонбинӣ, мақсади дар пеш гузоштаи худ шарҳу тавзеҳ додааст. Дуруст аст, ки бисёр истилоҳоти он тавре, ки ҳаст, шарҳ наёфтааст. Масалан, истилоҳи қозиро гирем. Қозӣ дар замони пешин мансаб аст, ки имрӯз онро суд ё додситон мегӯянд. Убайди Зоконӣ бошад «Ал-қозӣ - мех дар гил»

гуфтааст. Ё истилоҳи вазирро ба тариқи зайл додааст: «Ал- Вазир - лаънатӣ». Албатта, бо ин тарз, бо чунин сабку нигориш додани истилоҳот мақсади муайяне дорад. Убайд, ки дар як давраи ҳаёташ соҳибмансаб буд ва бо аҳли ҷоҳ нишасту хез дошт, бо кору амали онон аз наздик ошно буд, хост, ки бо як тарзи хандаовар ва тамасхуромез онҳоро ҳаҷву масхара намояд. Гузашта аз ин, Убайди Зоконӣ маҳз бобҳои асарашро мувофиқи касбу кори эшон қисмат кардааст. Нависанда дар ин асари кӯтоҳ ва пурмазмун (Даҳ фасл) бо як ҳунари шоирона тавонистааст воқеияту ҳақиқати зиндагӣ, кору рафтору кирдори инсонҳои ҷомеаро ба қалам диҳад. «Даҳ фасл» ҳаҷман хурд бошад ҳам, вале мазмуни чандин китобро ба дӯш дорад. Барои намуна ин ҷо танҳо як фаслро аз назар гузаронида тахдил менамоем. Фасли сеюм, чунонки дар боло арз кардем, ба қозӣ ва наздикони ӯ бахшида шудааст. Бубинед, ки кору амали онон чӣ хел таҳлил ва маънидод карда шудаанд:

1.   Ал-қозӣ - он ки ҳама ӯро нафрин кунанд.

2.   Ноиб-ул-қозӣ - он ки имон надорад.

3.   Ал-наввоб ва ал-вакил- он ки ҳақро ботил гардонанд.

4.   Ал-адл - он ки ҳаргиз рост нагӯяд.

5.   Ал-миёнҷӣ - он ки Худо ва халқ аз ӯ ризо набошанд.

6.   Толиб-уз-зар[1] - ҷонишини қозӣ.

7.   Ал-биҳишт - он чӣ набинанд.

8.   Ал-ҳалол - он чӣ нахӯранд.

9.   Чашми қозӣ - зарфе, ки ба ҳеҷ чиз пур нашавад.

10.    Ар-ришват- корсози бечорагон.

11.    Ал-хатиб - хар.

12.    Ал-воиз - он ки бигуяду накунад.

13.    Ан-надим хушомадгӯ.

Аз ҳамин намунаи боло мусаллам аст, ки Убайди Зоконӣ марди бебоку нотарсе будааст ва нисбати амалҳои ношоистаи қозию хатиб ва дигар ҳаммаслакони онҳо суханони таҳқиромез гуфта, дар назди хонанда симои ҳақиқии ононро нишон додааст. Дар мавриди нишон додани кору амали онҳо аз санъати маҷоз, киноя, ташбеҳ, истиора ва ғайра бамаврид истифода бурдааст. Ба истилоҳи аввал таваҷҷӯҳ намоед. Қозӣ шахсест, ки ҳама ӯро лаънат ва нафрин кунанд. Аммо нависанда ба ин суол посух надодааст, ки чаро ҳама ӯро нафрин ё дашному ҳақорат диҳанд? Ин амал ё саволро ба худи хонандагон ҳавола кардааст. Зеро халқ медонад, ки қозӣ порахӯр, хиёнаткору дурӯғгӯст.

Аз ҳамин сабаб мардум ӯро бад мебинанд ва нафрин менамояд. Дар ҷойи дигар (11) нависанда чашми қозиро ба зарфе, ки ба ҳеҷ чиз пур намешавад, ташбеҳ намудааст. Дар ин маврид ҳам порахӯрии қозиёни замони хешро сахт ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Хулосаи Убайд дар бораи козию наздикони ӯ дар ҷойи дигар (9) баён ёфтааст. Ӯ таъкид менамояд, ки Худо аз гуноҳи чунин ашхос ҳаргиз намегузарад ва фардо рузи қиёмат онҳо рӯйи Биҳиштро намебинанд ва Дӯзах ҷояшон хоҳад гардид.

Убайди Зоконӣ рафтору гуфтори воизонро сахт мазаммат намуда, таъкид менамояд, ки ал-воиз касоне ҳастанд, ки мегӯянду амал ба гуфторашон намекунанд (14). Ҳамин андешаро Ҳофизи Шерозӣ низ гуфтааст. (Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд). Аз ин ҷиҳат Ҳофизи бузургвор андешаи Убайдро боз ҳам тақвият додааст. Ин ба он хотир аст, киУбайдпешаз Ҳофизрӯзгордошт. Убайдсоли 1270таваллуд ёфтааст ва Ҳофиз соли 1320, яъне вақте ки Ҳофиз ба дунё омад, Убайди Зоконӣ аллакай 50- сола буд. Аз тарҷумаи ҳоли Убайд равшан аст, ки ӯ бештари рӯзгорашро дар Шероз гузаронид ва дар бораи Ҳофиз дар осораш ягон ишорате надорад ва ягон ғазали ин ғазалсарои бузурғро ҷавоб нагуфтааст. Аз эҷодиёти Ҳофиз метавон пай бурд, ки Хоҷа Ҳофиз нисбати Убайди Зоконӣ ихлос ва эҳтиром дошта будааст, ки мисоли боло тасдиқи ҳамин андешаи мост.

[1] Толибуззар – ҷӯяндаи зар