РӮЗГОРИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ (1414-1492)

РӮЗГОРИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ (1414-1492)

 

Ҷомӣ дар осори худ соҳирона такомули панҷсадсолаи адабиёти гузаштаро ҷамъбаст мекунад. Аз рӯи осори Ҷомӣ бо камоли боеарӣ метавон ҳукм кард, ки дар қарни XV азмероси гузашта чӣ чиз боқӣ монда ва чӣ аз байн рафтааст.

                                                                Е.Э. Бертеле

Ҷомӣ олим, мутафаккир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст.

Ӯ адабиёти зиёда аз 500- солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Ҷомӣ ифтихори халқи тоҷик ва тоҷикзабонон аст.

Тарҷумаи ҳол. Номи асосии ӯ Абдурраҳмон, лақабаш Нуридҷин буда, бо тахаллуси Ҷомӣ дар тамоми дунё машҳур гардидааст. Нуридҷин Абдурраҳмони Ҷомӣ 7 ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷом ба дунё омадааст. Падар ва бобои Ҷомӣ мардони бофазлу дониш буданд. Хднгоме ки Ҷомӣ 11 - сола мешавад, оилаи онҳо аз вилояти Ҷом ба Ҳирот меоянд. То ин дам Абдурраҳмон дар Ҷом, дар назди падараш Низомиддин Аҳмад хату саводи пурра бароварда, инчунин сарфу наҳви забони арабиро низ то андозае аз худ карда буд. Дар ин бора яке аз шогирдони вафодори Ҷомӣ Абдулғафури Лорӣ чунин менависад: «Рӯзе сухан аз устодон ва муаллимони ҳазрати эшон (Ҷомиро дар назар дорад) дар миён афтод, фармуданд, ки мо ба ҳақиқат шогирди падари худем, ки забон аз вай омӯхтаем».

Баъд аз ин Абдурраҳмон дар Ҳирот, дар мадрасаи Низомия таҳсили илмро давом медиҳад. У дар назди Мавлоно Ҷунайдӣ усули забони арабӣ, асарҳои «Мухтасарулмаонӣ», «Алмутаввал»-и Саъдиддини Тафтозониро, ки оид ба илми баён буданд, омӯхта, доир ба илмҳои ҳикмат ва мантиқ аз олимони машҳури замон Хоҷаалии Самарқандӣ ва Шаҳобиддин Муҳаммади Ҷоҷармӣ сабақ мегирад.

Ҷомӣ аз кӯдакӣ зеҳни бурро ва ақли расо дошт. Ӯ дорои хислати аҷибе буд: ба ҳар як чиз, ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари танқидӣ, кунҷковӣ назар мекард, бештар ба илмҳои дақиқ майлу рагбат дошт. Ҷомӣ ба як бор хондан моҳияти асосии масъаларо дарк мекард. У монанди шогирдони дигар дар баҳсу мунозираҳо худнамоӣ намекард, баръакс, дар он ҷойҳо орому ботамкин буд. Суханони Ҷомӣ қатъӣ буданд ва факту далелҳои раднашаванда доштанд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамеша дар баҳсу мунозираҳои муллобачагон голиб мебаромад. Қобилияту истеъдоди Абдураҳмони Ҷомӣ чунон бузург буд, ки ҳатто устодои аз ӯхдаи дарс додани ӯ баромада наметавонистанд. Дар ин бора муаллифи «Бадоеулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ нақли ачибе овардааст, ки он «Хамсаи мутаҳайира» («Панҷгонаи ҳайратовар») ном дошта, мазмуни зерро дар бар мегирад.

Онҳо панҷ нафар буданд, панҷ нафар толибилм, донишҷӯ. Қоло онҳо дар ҳучраи Мадраса нишаста, устоди худро интизоранд. Устод Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ вориди хучра шуд. Шогирдон- Абдурраҳмон, Ҳусайн, Шамсиддин, Довуд, Муинидҷин аз ҷой хеста, ба устод салом доданд. Дарс cap шуд. Муаллим аз онҳо вазифаи хонагиро пурсид. Ҷавоби пурра ва саҳеҳ медоданд. Мавлоно ба шогирдон асари олими машҳур «Шарҳи таҷрид»-и Мавлоно Алии Қушчиро тадрис мекард. Ҳангоми шарҳу маънидоди баъзе масъалаҳои асар дар байни муаллиму шогирдон баҳсу мунозира авҷ мегирифт, гоҳо шогирдон ғолиб мебаромаданд.

- Чӣ бояд кард? «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ» гуфтаанд, - андеша мекард, роҳ меҷуст устод.

-Пас фикру тадбир он аст, ки май худамро касал кунам ва шогирдонро дар кӯи бекорӣ андозам. Вале бояд ман дар ин муддат шабу рӯз мутолиа кунам ва ба дарсгӯии шогирдон нагзтар тайёр шавам.

Мавлоно Муҳаммади Ҷоҷармӣ шогирдонро ба мухлати 40 рӯз бо сабаби «касалӣ» ва ба «табобат» машғул шудани худ ҷавоб дод. Вале шогирдон сабаби касалии устоди худро пай бурданд. Бинобар ин онҳо қарор доданд, ки ҳар рӯз дар масҷиди Мулкон ҷамъ омада, як нафарашон муаллим шавад.

Ба ҳамин тариқ, дар муддати 40 рӯз ба навбат дарс гуфтанд

ва дониши худро такмил доданд. Мавлоно Ҷоҷармӣ ҳам дар ин муддат шабу руз пайваста дар мутолиа буд. Барои шогирдони «гапнодаро» саволу супоришҳои ниҳоят душворро тайёр мекард.

У аз он хурсанд буд, ки дониши зиёде гирифтааст ва он метавонад ба таълими яксолаи шогирдон кифоят кунад.

Ниҳоят рузи 40-ум ба шогирдон хабар медиҳанд, ки устод аз «бистари беморӣ» хестааст ва имрӯз даре мегӯяд. Онҳо ба даре ҳозир шуданд.

Мавлоно ба шарҳи як масъалаи мураккаб cap кард. Шогирдон пеш аз устод ҷавоб доданд. Мавлоно ҳайрон шуд ва гуфт:

- Шогирдони азизам, ман касал набудам, мутолиа кардам, хондам, то ки ба шумо даре гӯям. Вале, хушбахтона, шумо бузург, устод шудаед, ҷавон ҳам бошед, дигар шуморо ҳеҷ кас кудрати даре додан надорад, ҳамаи илмҳоро аз худ кардаед. Ба шумо роҳи сафед металабам.

Он чор нафар шарикдарсони Ҷомӣ, ки зикрашон дар боло рафт, дар ҳақиқат олимони машҳури замони худ шуданд.

Баъд аз ин ҳодиса Абдурраҳмони Ҷомӣ дар синни 23- солагиаш ба Самарқанд меояд. Ҷомӣ чанд муддат дар назди Қозизодаи Румӣ аз илмҳои ҳисоб, риёзиёт ва нуҷум таълим мегирад. Ӯ на танҳо дар назди устодаш даре мехонад, балки ба корхои илмии Қозизода ёрй мерасонад.

Ҷомӣ дар базмҳои муллобачаҳо иштирок намекард. Ӯ бештар дар баҳсу мунозираҳои олимони машҳур ҳозир мешуд ва агар лозим медонист, сухан мегуфт. Ҷомӣ суханро дароз намекард. Суханҳояш мӯҷаз ва бамаънӣ буданд. Дар ҷамъомади шоирон иштирок карда, бо тааммул гӯш мекард. Вале шеър намегуфт. Пай бурдан душвор набуд, ки Ҷомӣ ба ин пешаи эҷодӣ шавқи беандоза дорад.

Абдурраҳмони Ҷомӣ соли 1453 ба Ҳирот меояд. У аввал хост ба хизмати дарбор равад, вале одати хушомадгуй надошт ва нарафтанро афзалтар донист. Боз чанд муддат ба таҳсили илм, аз чумла, илми шеър машгул гардид. Дар ин айём Ҷомӣ бо яке аз бузургони ҷараёни нақшбандия Саъдиддини Кошгарй (ваф.1456) шиносой пайдо карда, ин фирқаро кабул мекунад.

Пас аз марги устоди рӯҳонии худ- Саъдиддини Кошгарӣ

Ҷомӣ роҳбари маслаки нақшбандияи Хуросон мешавад. Ӯ муридони зиёд дошт, ба онҳо таълим медод, нозукиҳои маслаки нақшбандияро меомӯзовд. Абдулғафури Лорӣ яке аз муридони бовафои Ҷомӣ ба ҳисоб мерафт.

Реклама