Бояд тазаккур дод, ки бештари асарҳои адиб то замони мо омада расидаанд, вале соли таълифи бештари онҳо равшан нест. Чуноне ки дар фавқ ёд кардем, Зиёи Нахшабӣ ҳам нависанда асту ҳам шоир. Аммо назми Зиё ба тарзи алоҳида дар шакли девон гирд оварда нашудааст. Ӯ дар асарҳои насрияш пас ба баёни матлабе, вобаста ба мазмуни асар қитъа, байт, ғазал, рубоӣ ва дигар жанрҳои шеъриро овардааст, ки онҳо фикри баёнкардаи муаллифро боз ҳам тақвият мебахшанд. Ба ин маънӣ Зиё Нахшабӣ чунин гуфтааст:
Ба насри хеш соҳибнасри лоиқ
Раво бошад, ки орад назми ҳар кас.
Валекин ман наовардам дар ин наср
Зи саъйи килки худ назми дигар кас.
Дуруст аст, ки пеш аз Зиёи Нахшабӣ нависандагони дигар ин амалро анҷом дода буданд. Дар «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерозӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммад Авфии Бухороӣ ва амсолиин нависандагон аз назму наср бамаврид истифода бурда шудааст. Ин анъаноти некро Зиёи Нахшабӣ ҳам давом дод. Аммо, чуноне ки дар қитъаи боло ёд кардааст, аз назми адибони дигар истифода набурдааст.
Нависанда дар давоми умри хеш асарҳои зеринро иншо кардааст:
1. «Тӯтинома» - бузургтарин асари нависанда. Дар бораи ин асар ба тариқи алоҳида истода мегузарем.
2. «Гулрез»- ин асари ишқӣ-лирикист.
3. «Ҷузъиёт ва куллиёт»
4. «Силк-ус-сулук»
5. «Шарҳи Сураи Забур»
6. «Лаззат-ун-нисо»
7. «Насоих-ул-мавоиз»
8. «Ашараи мубашшира»- Мутаассифона, аз ин асар то ба имрӯз ба ҷуз ном ягон нишоне омада нарасидааст. Акнун бо тариқи мухтасар асарҳои нависандаро аз назар гузаронида тахдил менамоем.
«ГУЛРЕЗ». Ин асар ишқиства дар осори нависанда мақоми арзанда дорад. Махсусан забони «Гулрез» сода буда, дар кушодани бисёр хусусиятҳои насри асримиёнагии тоҷику форс кумаки амалӣ расонида метавонад. Соли нигориши асарро Зиёи Нахшабӣ дар ягон ҷойи «Гулрез» қайд накардааст. Ӯ дар муқадҷимаи асар «Дар боби сохтани китоб» дойр ба баъзе хусусиятҳои «Гулрез», аз ҷумла муҳим будани мавзӯъ, ҳунари нигорандагии хеш ва дар як муддати кӯтоҳ cap кардану анҷом додани достон маълумот додааст. Баъд аз ин муаллифи китоб чун анъаноти нигорандагй дар мавзӯи ҳамд, наът, ҳасби ҳол, сабаб ва амсоли ин фаслҳои алоҳида додааст. Зиёи Нахшабӣ «Дар боби мазаммати фалак ва абнои рӯзгор» фасли алоҳида дода, дар ин боб муносибати хешро нисбати ҳаёти сиёсй- иҷтимоӣ, маданию иктисодй баён карда, зулму истисмори золимон, беадолатию бенизомии аҳли ҷоҳу мансабро ёд мекунад. Пас аз ин нависанда ба мавзӯи асосии асар мегузарад. Композитсияи асар ё устухонбандии «Гулрез» чун «Ҳазору як шаб» ва қиссаҳои ошиқонаи асрҳои пешин ҳикоя андар ҳикоя омадааст. Сарогози ин қиссаи ошиқона аз ҳикоёти шоҳзодаи Нахшаб Махсумшоҳ ва духтари шоҳи париён - Нӯшлаб, ки дар асар ба сурати мург дода шудааст, оғоз меёбад ва дигар ҳикояҳою қиссаҳои овардашуда ба ин ҳикоят пайванданд ва аз ягон ҷиҳат онҳо мақому манзалати нақшҳои асосиро кушода медиҳанд.
Муҳимтарин хусусияти «Гулрез» он аст, ки дар он намунаҳои зиёди назмӣ оварда шудаанд. Дар байни намунаҳо жанрҳои рубоӣ, ғазал, қитъа ва таронаҳои зебо бештар дида мешаванд. Дар «Гулрез» беш аз 1200 байт оварда шудааст, ки онҳо бо санъати баланд эҷод гардидаанд ва Зиёи Нахшабӣ ҳамчун шоири баркамол ба назар мерасад. Бештари намунаҳои ғазалмонанд дар муколама ва гуфтору посухҳои ошиқонаи байни Аҷабмалик ва Нӯшлаб ба назар мерасанд, ки онҳо асарро хонданй, хушобуранг намудаанд. Боз як хусусияти «Гулрез» он аст, ки дар мавридҳои алоҳида ҳикояхои кӯтоҳи ошиқона оварда шудаанд, ки онҳо ба 20-то мерасад. Онҳо хам дар мавриди худ барои барҷаста баромадани симоҳои асосии асар хизмат кардаанд. Забон ва тарзи баёни нависанда ба насри маснӯъи замони шоир, ки ҳукмрон буд, монанд аст. Калимоту ибороти арабӣ, ҳадису оёти «Қуръон» дар асар хеле зиёд омадааст. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки Зиёи Нахшабӣ забони арабиро хеле хуб медонистааст.
«ҶУЗЪИЁТ ВА КУЛЛИЁТ». Ин асар хам насрй буда, бо порчаҳои назмй ороста гардидааст ва аз ин ҷиҳат ба «Гулрез» монанд аст. Мавзӯи асар баҳси ҷузъиёт ё узвҳои бадани инсон мебошад. Маънии асар он аст, ки ҷузъиёт бо ҳам ҷамъ омада, куллиётро ташкил додаанд. Яъне, онҳо дар кулл бадани инсонро ташкил медиҳанд. Асар аз 40 боб иборат мебошад ва ҳар як боб ба як узви инсон бахшида шудааст ва нависанда дардҳо, доруҳои табобатии он узвро баён мекунад ва барои беҳ шудани он дард тавсияҳои муфид пешниҳод менамояд. Аз ин нигох асар аҳамияти калони тиббӣ дорад. Масалан, бобҳои дар бораи мӯй, cap, димог, пешонӣ, абрӯ, пилк, мижа, чашм, ашк, бинӣ, рухсора, гӯш, зулф, хат, лаб, даҳон, дандон, забон, занах, рӯй, хол, гулӯ, гардан, пушт, устухон, бозу, par, даст, ангушт, нохун, сина, дил, рух, пахду, шикам, камар, зону, сок ва пой бо ҳам баҳс мекунанд. Ғайр аз ин дар асар мавзуъҳои панду ахлокӣ, тасаввуфй низ омадаанд, ки мавзӯъҳо ба мавзӯи асосии асар дар алоқамандй баррасй гардидааст.
«Силк-ус-сулук». Ин асар аз нигоҳи мазмуну ғояи худ динӣ- тасаввуфист. Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки Зиёи Нахшабӣ асари хешро барои соликони роҳи Ҳақ иншо кардааст ва ҳамчун китоби дарсй барои толибилмон, барои он нафароне, ки ҳамин роҳро интихоб карда, ниёз ба донистани нозукиҳои ин ҷараён доранд, муфид аст, бисёр масоилро равшан мегардонад ва дар донистани хусусияти он ба соликон кӯмак хоҳад расонд.
Ин рисола аз 151 силк, яъне фасл иборат аст. Муаллиф дар ҳар як силк усул, равиш ва рохлои силкро аз нуқтаи назари илмӣ, дар асоси гуфтаҳои машоихи мӯътабару номдор баён карда, баъд барои тақвияти андешаҳояш аз оятҳои «Қуръон», аз ҳадисҳои Расули акрам (с), аз рӯзгори хулафои рошидин, машоиху уламои ба Ҳақ расида асарро зебу зинат додааст. Асари «Силк-ус-сулк» аз лиҳози забои ва тарзи баён мураккаб буда, дар сабки насри маснӯъ иншо шудааст.
«ЛАЗЗАТ-УН-НИСО». Зиёи Нахшабӣ ин асарро аз забони ҳиндӣ ба тоҷикӣ тарҷума намудааст. Хоҳиши хамсолон, дӯстон сабаб гардид, ки ба тарҷумаи он камар бандад. Ҳангоми тарҷума қиссаҳои асарро хеле кӯтоҳ намуд. Масалан, агар «Лаззат-ун-нисо» дар забони ҳиндӣ 34 фаслро ташкил медода бошад, баъд аз тарҷума микдори фаслҳо ба 10 расид. Мавзӯи он, ба илми тиб бахшида шудааст.
Метавон гуфт, ки дар асрҳои минбаъда асари мазкур таъсири калон расонд ва дар пайравӣ ба он ба мисли «Иёри дониш» асарҳои зиёд нигошта шуданд.
Ҳамин тавр, чуноне ки дар боло ишорат шуд, асарҳои «Шарҳи сураи Забур», «Насоих-ул-мавоиз» ва «Ашараи мубашшира»-ро як гурӯҳ муаллифони сарчашмаҳо ва олимони шарқшинос ба Зиёи Нахшабӣ нисбат додаанд, вале, мутаассифона, то замони мо аз ин асарҳо ба ҷуз ном дигар осоре боқй намондааст.
«ТУТИНОМА»-И ЗИЁИ НАХШАБӢ
«Тӯтинома» ҳам аз нигоҳи мазмуну мундариҷаи идеявй ва аз ҳам нигоҳи ҳаҷму дарбаргирии масъалаҳо бузург буда, дар эҷодиёти адиб мақоми хоса дорад. Асар аз ҷиҳати композитсия ё устухонбандии дохилӣ махсусиятҳои назаррас дорад. Бо ин тарзу усул ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқҳои ҷаҳон, аз ҷумла мардуми аҷамтабор асарҳо мавҷуд буданд, ки онҳо бо гузашти айём шакл гирифта, тағйир ёфта, то имрӯз омада расидаанд. Намунаҳои онҳо бо забонҳои сугдӣ. пахдавӣ, форсии миёна, ҳиндию хитоӣ ва ғайра мавриди истифода қарор доштанд. Мисоли равшани он нақлу ривоятҳои «Авасто», «Минуи хирад», «Шоҳнома», «Ҳазору як шаб», «Калила ва Димна», «Шукасантанти», «Синдбоднома» ва ғайра шуда метавонанд. Дар ин асарҳо қиссаҳо, аз нақлу ривоягҳо, мифу асотирқо, ки мазмунҳои мухталиф доранд, то замони мо бештари онҳо омада расиданд.
Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки Зиёи Нахшабӣ ҳам аз ҳамин асарҳо илҳом гирифта, асари хешро офарид. Мо хуб огоҳ ҳастем, ки Зиёи Нахшабӣ забонҳои арабӣ, пахдавӣ, сугдиро ҳанӯз то ба Ҳинд ҳиҷрат карданаш омӯхга, аз худ карда буд. Чун ба Ҳинд рафт, забони ҳиндиро низ омӯхт ва асарҳои насри ривоятии ҳиндиро дар асл хонд ва барои хеш маводи арзишманде гирд овард. Ҳатто забондонияш ба ҷойе расид, ки аз забони ҳиндӣ ба забони тоҷикӣ асарҳоро тарҷума намуд.
Зиёи Нахшабӣ «Тӯтинома»-ро соли 730 ҳиҷрӣ, яъне соли 1329 мелодӣ навишта ба анҷом мерасонад. Дар ин бора худи нависанда мегуяд:
Зи ҳиҷрат ҳафсаду сӣ буд он шаб,
Ки ман ин қиссаҳо кардам мураттаб.
Зиёи Нахшабӣ афсонаҳо гуфт
В-аз ин афсонаҳо дар хоби хуш хуфт.
Муаллиф дар муқаддимаи «Тӯтинома» дар бораи аз ҳикоёту ривоёти мардуми тоҷику форс ва ҳинд истифода бурданаш ёдовар шуда, чунин мегӯяд: «Панҷоҳу ду ҳикоят ба иборати хуб ва истиороти марғуб дар ӯ амсол... навишта шуд ва ҳикояте, ки безабту бе рағбат буд, онро мазбут (хориҷ) карда омад ва матлаъ ва мақтаи ҳар якеро тартиб ва тавзеҳ дода шуд ва ҳикояте чанд, ки қабеҳ ва безавқ буд, бадали он ҳикояти дигар таҳрир ёфт. Ва ин арӯси хулдлутф (биҳиштмонанд)-ро дар назари шоҳони маънӣ ба ду даст ҷилва дода омад.
Гӯӣ ба замин ситора омад,
Юсуф ба ҷаҳон дубора омад».
Метавон аз ҳамин як байт аз ҳунару истеъдоди шоирии Зиёи Нахшабӣ маънӣ бардошт. Гузашта аз ин, байта бело ба мазмуни асар низ пайванди ногусастанй дорад.
Акнун, пеш аз он ки дар бораи ғоя ва мазмуни асар андешаи хешро иброз дорем, лозим аст, ки нахуст сужети мухтасари «Тӯтинома»-ро накд намоем. Дар сарзамини Ҳиндустон марди сарватманде бо номи Муборак рӯзгор дошт. Ӯ аз давлату сарват бениёз буд. Аммо ҳамаи ин барояш қимату арзиш надошт. Зеро Муборак писар надошт ва аз даргоҳи Худованд илтиҷо менамуд, ки писареро барояш ато бикунад. Чанд сол гузашт, дуояш мустаҷоб гардид ва соҳиби писар шуд. Муборак ба тифл Маймун ном гузошт, ки маънояш хубрӯй, зебо, фархунда ва нектолеъ мебошад.
Дар ҳақиқат, писари Муборак арзандаи номаш буд. Маймун дар давлати падар бузург шуд, илму адаб омӯхт. Чун ба синни ҳаждаҳсолагӣ расид, тӯй карду духтари зебоеро бо номи Хуҷаста ба у дод. Маймун боре ба тиҷорат баромад ва дар бозор тӯтиеро дид, ки дар сурат зебо ва дар гуфтор доно ва хушнаво буд. Майли харидани тӯтӣ кард ва аз соҳибаш нархашро пурсид. Соҳибаш қимати тӯтиро баланд бардошта, «ҳазор динор» гуфт. Маймун ба андеша рафт ва азми хона кард. Тӯтӣ дарҳол ба забои омад ва ба Маймун гуфт: «Эй ҷавон! Ту қадри ман чӣ донӣ ва қимати ман чӣ шиносӣ?! Агарчи ман мушти парам, аммо аз ҳама улум бохабарам. Масалан, умури мустақбалро (ҳодисаи пешомада) пеш аз вуқӯъ (пеш аз оғоз) ба даҳ рӯз медонам. Инак, пас аз се рӯз дар ин шаҳр корвони Кобул ба талаби матои сунбул хоҳад расид. Бояд ки ҳар ҷо сунбул аст, гирд орй! Биноан маро шартан ба се рӯз бихар. Агар корвон дар рузи сеюм расида аз он савдо фонда ёфтӣ, қимати маро адо кун. Вагарна рӯзи сеюм маро ба соҳибам бисупор». Гуфтори тӯтӣ ба Маймун маъқул афтод ва тӯтиро харидорӣ кард. Пас аз се руз корвон аз Кобул омад ва Маймун аз ин додугирифт фоидаи зиёд бардошт. Меҳру боварияш нисбати тӯтӣ афзуд. Ҳамеша дар масъалаҳои савдо ва дигар мавзӯъҳо бо тӯтӣ машварат мекард ва тӯтӣ ҳамдами розаш гардид. Боре тӯтӣ ба Маймун маслиҳат дод, ки ба тиҷорати дарё барояд ва фоидаи зиёд ба даст хоҳад овард. Маймун ба сафари даре ризо шуд. Ӯ ба бозор рафта, боз як гӯтии дигар, ки Шорак ном дошт, харид. Шорак бо ҳамҷинси худ мӯнис шуданду бо ҳам сӯҳбат оростанд. Вале ба сафар кардани Маймун Хуҷаста ризо набуд. Маймун ба гуфтори ӯ гӯш надода, ӯро бо ин ду гутӣ гузошта, азми сафари дарё намуд. Чанд руз гузашт, Хуҷаста ба ҷавони зебое ошиқ шуд ва мехост, ки наздаш равад ва бо ӯ айшу ишрат намояд. Бинобар ин, аз Шорак маслиҳат пурсид. Шорак ӯро панд дод, ки ин кори ношоиста аст, аз Худо битарс, гуноҳи азим аст. Панди Шорак ба Хуҷаста маъкул нашуд ва аз қафас Шоракро бароварда, сарашро бурид. Рӯзи дигар масъалаи ба назди ҷавон рафтанашро ба гутӣ арз кард ва аз ӯ ҳам маслиҳат пурсид. Тӯтӣ, ки аз марги ҳамҷинси худ огоҳ буд, панд гирифт. Нахуст кори Хуҷастаро писандид ва дар ҳамин мавзуъҳо ба ӯ хдкоёту ривоёти рангин накл кард. Чун тӯтӣ ҳикояи бисёр ширину гувороеро нақл мекард, шаб рӯз мешуд ва Хуҷаста ба назди дилдодаи худ рафта наметавонист. Боз бегоҳ Хуҷаста назди тӯтӣ меомад ва боз тӯтӣ ба киссапардозй огоз мекард. Бо ҳамин тарз 52 рӯз гузашт ва Хуҷаста ба назди ҷавон рафта натавонист ва дар рӯзи 52-юм Маймун аз сафари дарё бозгашт. Тӯтӣ ҳамаи ҳодисаҳои шудагиро начакондаю нарезонда ба Маймун накл кард. Маймун аз марги Шорак ғамгин шуд ва дигар аз хиёнати Хуҷаста ба ғазаб омада, ӯро қатл намуд. Мазмуни мухтасари «Тӯтинома» аз ҳамин иборат аст.
Дар асар омадани ҳамон ҳикоёту ривоёти «Тӯтинома» устухонбандии онро ташкил додаанд, ки ин як сабки баёни фикри нависанда низ ҳаст. Вале дар алоҳидагӣ ҳар як ҳикояи асар, ки бо номи достон ёд мешавад, мавзӯъ ва мазмуни мустакил дорад. Мавзӯи ҳикоёту ривоёти «Тӯтинома» рангин буда, ба масъалаҳои мухталиф бахшида шудаанд. Фикрҳои иҷтимоӣ, ахлоқии нависанда дар рафти амалиёти қаҳрамонон, персонажҳои асар ба калам дода шудаанд. Натиҷаи пандомӯзи ҳикояти аввал, ки 52 ҳикоя ё достони дигар ба он пайванд шуда омадаанд, мисоли равшани фикри боло шуда метавонад. Марги Шорак як ҳодиса ё як тасвири оддй нест. Шораки покбину покахлоқ, ки дили софи бегаш дошт, хост ки ба воситаи суханони талхи ибратомӯз кирдори Хуҷастаро нишон диҳад ва ӯро аз рӯи хиёнат нисбат ба шавҳараш бигардонад, аммо чӣ дид? Дар ин роҳ ҳалок шуд. Тӯтӣ ин ҳодисаро бо чашмони худ дида, панд гирифт ва гуфтори хешро бо Хуҷаста дигар кард, яъне роҳи мусолиҳаро пеш гирифт. Нахуст кори пешгирифтаи ӯро мувофиқи матлаб донист ва дойр ба ин масъала ҳикоёту қиссаҳои фаровон барояш нақл кард. Ин ягона тадбире буд, ки метавонист Хуҷастаро аз ин роҳи бад (хиёнат ба шавҳар) боз дорад. Кори ӯ самар дод, вақт зоеъ нарафт, корашро кард ва Маймун аз сафар бозгашт. Дар ин маврид дар симои тӯтӣ хирадмандй, дурандешӣ ва ботадбирии оқилону хирадмандон таҷассум ёфтааст. Дар «Тӯтинома» кору рафтори тоҷирон, деҳқонон, ҳунармандон, аҳли ҷоҳу мансаб, волиён, шайхон, қозиён ва дигар табақоти ҷамъият дар зимни ҳикоёту ривоёт, ки дар асар бо номи достон ё қисса ёд шудаанд, бисёр возеҳу равшан инъикос ёфтаанд.
Реклама