ТАСВИРИ ТАБИАТ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ШОИР

ТАСВИРИ ТАБИАТ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ШОИР

Ҳофиз дар тасвири зебоиҳои табиат беназир буд. Шоири ҳаётдӯст инсонро даъват мекард, ки аз зебоиҳои табиат дуруст истифода барад:

Расид мужда, ки омад баҳору сабза дамид,

Вазифа гар бирасад, мусрифаш гул асту набид,

Сафири мург баромад, бати шароб куҷост?

Фигон фитод ба булбул, ниқоби гул кӣ кашид?

Зи руи сокии махваш гуле бичин имрӯз,

Ки гирди орази бустон хати бунафша дамид.

Дар ин ғазал шоир аз омадани баҳор, дамидани сабзаю майсаҳо, шукуфтани гулҳои рангоранг, ба нагма даромадани булбулони хушхон мужда дода, одамонро ба гул чидану бӯй кардан ва аз ин таровату латофати табиат истифода бурдан даъват кардааст.

Тасвири зебоихои табиат на танҳо дар ғазалиёти Ҳофиз макоми арзанда дорад, балки дар ташбиб ё тагаззули қасидаҳояш ва дар як қатор рубоиёти ӯ ба чашм мерасад. Барои намуна танҳо як рубоии шоирро мегирем. Дар ин рубоӣ шукуфтани гул, зебоию таровати он дар омезиши ҳодисаҳои табиат, яъне абрнок шудани осмон, боридани борон хеле моҳирона ба калам дода шудаанд. Ҳофиз дар тасвири ин манзара аз санъати тазод моҳирона истифода бурдааст.

Шоир боридани боронро ба гиристани абр ва шукуфтани гулҳоро ба хандаи он ташбеҳ кардааст. Ҳатто сарв, ки ҳамеша аз ростии худ меболад, фахр мекунад, ки бандаи гул шудааст:

Бингар ба чсшан ҷамоли фархундаи гул,

Гаҳ гиряи абр бину гаҳ хандаи гул.

Сарв арчи ба озодии худ менозад,

Аз ростие, ки доит, шуд бандаи гул.

Яке аз хусусиятҳои мухимтарини каломи Ҳофиз дар он аст, ки ба таносуби сухан аҳамияти аввалиндараҷа додаст. Ин хусусият дар ҳамаи ашъори шоир ба хубӣ риоя карда шудааст. Махсусан ҳангоми тасвири табиат бештар ба назар мерасад. Масалан Ҳофиз дар ғазали зерин як лахзаи нотакрори субҳи содиқро шоирона ва хеле дилкашу маргуб ба калам додаст:

Саҳар ба бӯи гулистон ҳамешудам дар боғ,

Ки то ба булбули бедил кунам илоҷи димоғ.

Ба чеҳраи гули сурх нигоҳ мекардам,

Ки буд дар шаби торӣ ба равшанӣ чу чароғ.

Кушода наргиси раъно ба ҳасрат об зи чашм,

Ниҳода лолаи ҳумро ба ҷону дил сад доғ.

Забои кашида ба теғу ба сарзаниш савсан,

Даҳон кушода шақоиқ чу мардуми айғоғ.

Яке чу бодапарастон суроҳӣ андар даст,

Яке чу соқии мастон ба каф гирифта аёг.

Чунон ба ҳусну ҷавонии хештан мағрур,

Ки дошт аз дили булбул ҳазор гуна фароғ.

Анҷоми ғазали боло хонандаро ба ҳаётдӯстӣ ва хуш гузаронидани зиндагӣ ҳидоят намудааст.

Нишоту айшу ҷавонӣ чу гул ғанимат дон,

Ки, Ҳофизо, набувад бар Расул ғайри балоғ.

Ҳофиз ҳангоми баёни фикрҳои иҷтимоӣ, фалсафӣ, панду ахлоқӣ ва ғайра барои пуробуранг баромадани онҳо ва равшану возеҳ гардидаашон аз ҷузъиёти табиат ва зебоиҳои он бамаврид ва бо камоли устодӣ истифода бурдааст. Махсусан, ҳангоми тараннуми лирикаи ишқии шоир ин омезиш бештар ва барҷастатар ба назар мерасад. Ҳофиз ишқи поки инсониро бо тамоми нозукиҳояш ситоиш мекунад.

Гул бе рухи ёр хуш набошад,

Бе бода баҳор хуш набошад.

Тарфи чаману ҳавои бӯстон,

Бе лолаузор хуш набошад.

Рақсидани сарву ҳолати гул,

Бе савти ҳазор хуш набошад.

Шоир ба ҳамин хушадоӣ, робитаю ҳамоҳангии зебоиҳои табиати афсунгарро ҳикоят карда, дар мақтаъи ғазал ҳамаи он сифатҳои номбаркардаро ба дидори ёр, вобаста менамояд:

Богу гулу мул хуш аст, лекин

Бе сӯҳбати ёр хуш набошад.

Ҳофиз дар тасвири маҳбуба аз муъҷизтарин таъбиру ибораҳо истифода мебарад. Дар ғазали зер Ҳофиз маҳбубаи худро ба олитарин сифатҳо ташбеҳ намуда, бартарии ташбеҳшавандаро аз ташбеҳкунанда нишон медиҳад. Ҳангоми баёни сифатҳои ёр аз санъатҳои ташбеҳ, истиора, нидо ва таҷоҳули ориф ва ғайра бамаврид истифода бурдааст:

Эй бод, насими ёр дорӣ.

3-он нофаи мушкбор дорӣ.

Зинҳор макун дароздастӣ,

Бо турраи ӯ чӣ кор дорӣ?

Эй гул, ту куҷою рӯи зебош,

Ӯ мушки тару ту хор дорӣ!

Райҳон, ту куҷову хатти сабзаш?

Ӯ тозаю ту губор дорӣ!

Наргис, ту куҷою чашмимасташ?

Ӯ сархушу ту хумор дорӣ!

Рузе бирасӣ ба васл, Ҳофиз,

Гар тоқати интизор дорӣ.

Чунонки дар боло арз кардем, Ҳофиз дар зимни тасвири табиат фикрҳои иҷтимоӣ, фалсафии хешро низ баён кардааст.

Каломи Ҳофиз, ҳар як байти ӯ ба ҷавҳари сухан мисли арӯсони зебо зебу зинат ёфтааст. Санъатҳои истифодабурдаи шоир содҷаю равон ва ба хонанда дастрасанд. Худи Ҳофиз ба ҳамин маънӣ ишорат карда чунин мегӯяд:

Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе шавад огоҳ,

Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.

Реклама