САВОЛ ВА СУПОРИШ

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1.   Лаҳзаҳои вопасини рузгори шоирро накд намоед.

2.   Чаро Камол ба Хуҷанд баргашта натавонист?

3.   Тухтамишхон кӣ буд ва Камолро ба чӣ максад ба Сарой бурд?

4.   Чӣ ҳодиса рух дод, ки Камол аз он ҷо боз ба Табрез боз гашт?

5.   Мероси адабии Камолро номбар кунед.

б.Чаро касида хеле кам эҷод кардааст?

7.   Дар ғазалсароӣ бештар ба кадом шоирони гузашта пайравӣ кардааст?

8.   Ҳофиз ба кадом ғазали Камол баҳои баланд додаст? Ғазалро ҳифз намоед.

9.   Мавзуи ғазалиёти Камолро гӯед ва бо мисол фаҳмонед.

10.   Доир ба ишқи илоҳӣ ё орифона Камол ғазал гуфтааст? Бо мисоле ин мавзӯъро шарҳ диҳед.

11.   Ғазали «Ошӯби ҷонӣ» аз кадом ҷиҳат ба сурудҳои мардумӣ монанд аст? Ғазалро ҳифз намоед.

12.Чаро Камолро шоири ватандӯст ва худшинос мегӯем? Бо мисолҳои мушаҳхас фикри болоро исбот намоед ва шеърҳои ватандӯстонаи Камолро ҳифз намоед.

13.   Чаро Камол Хуҷандро бо Шероз муқоиса менамояд? Хадафи шоир аз ин амал дар чист?

14.   Ба чӣ мақсад шоир мегӯяд: «Бовар намекунанд, ки гӯям «хуҷандиям».

15.   Камол чаро ба Табрез меҳру садоқат дошт? Ва дар бисёр ғазалҳояш ин шаҳри ободонро ситудааст?

16.   Ба чӣ хотир Бисотӣ шоирро таҳқир кард? Ҳамин ҳодисаро нақл кунед. Шумо ба рух додани чунин ҳодиса бовар доред?

17.   Ба чӣ мақсад Камол мегӯяд: «Дасти султонон намебӯсад Камол»?

18.   Ғазалиёти Камол аз кадом ҷиҳат дар байни мардум вариант пайдо кардаанд?

19.   Устод Айнӣ дар бораи мусиқият ё оҳангнокии ғазалҳои Камол чӣ мегӯяд?

20.   Кадом ҳофизи машҳури асри XIX ғазалҳои Камолро бештар месуруд?

21.   Аз ҳофизони имрӯза кадом сарояндагонро медонед, ки бештар ғазалҳои Камолро месароянд?

22.   Кадом санъатҳои бадеиро шоир дар ғазалиёташ бештар истифода бурдааст?

23.   Камол дар бораи мутрибону оҳангсозон чӣ ақида дорад? Муносибати шоир ба онҳо чӣ гуна аст?

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ

1.       Б. Ғафуров. Тоҷикон, қисми якум. «Ирфон», Душанбе, 1983.

2.       С.Айнй. Куллиёт, ҷилди 2, китоби якум. «Ирфон», Душанбе, 1963

3.       Камоли Хуҷандӣ. Девон, иборат аз ду ҷилд. «Ирфон», Душанбе, 1983

4.       И.С. Брагинский. Очерки из истории таджикской литератури. Сталинабад, 1956.

5.       Т.Миров, К. Хоҷаев, Ш.Исломов, Методикаи таълими адабиёти тоҷик. «Маориф», Душанбе, 1991.