МЕРОСИ ИЛМӢ ВА АДАБИИ АВФӢ

МЕРОСИ ИЛМӢ ВА АДАБИИ АВФӢ

Муҳаммади Авфии Бухороӣ пас аз худ ба наслҳои оянда осори илмию бадеии пурарзише боқӣ гузоштааст. Асари «Лубоб-ул-албоб» илмист. Дувумин асари нависанда « Ҷомеъ- ул-ҳикоёт» маҳсуб меёбад ва онро метавон маҷмӯи осори нависанда донист. Ва ниҳоят, асари сеюми адиб «Ал-фараҷ баъд аш-шидҷа» мебошад. Ин асарро қозӣ Абуалӣ Муҳассини Танухй (940-941) ба забони арабй иншо карда буд ва онро Муҳаммади Авфӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ин китоб аз ҳикоёту ривоёт ва ҳодисоту воқеъоти таърихӣ саршор аст ва Авфӣ ҳангоми тарҷума эҷодкорона рафтор намуда, ба ҳикоёту ривоёти он либоси миллӣ пӯшондааст. Дигар, бисёр хикоёту ривоёти ин асар дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» низ оварда шудаанд.

«ЛУБОБ-УЛ-АЛБОБ». Ҳамон зайле, ки дар боло ёд кардем, «Лубоб-ул-албоб» тазкира буда, ҷанбаи адабиётшиносй дорад. Нависанда дар баробари аз эҷодиёти адибон овардани намунаҳо дар қисматҳои аввали асар дар бораи хусусиятҳои асарҳои назмию насрй маълумоти назариявй додааст ва фикрашро бо овардани намунаҳо аз эҷодиёти адибон қувват бахшидааст. Дигар ин ки мувофиқи фаҳмишу дониши худ ба асарҳои адибон баҳо медиҳад.

«Лубобу-л-албоб» аз ду кием иборат буда, боз ҳар як кием ба бобҳою фаслҳо ҷудо шудааст.

Боби аввал - Дар фазилати шеъру шоирй.

Боби дувум - Дар маънии шеър аз тарики лугат.

Боби сеюм - Дар маънии аввал, ки шеър гуфт.

Боби чорум - Дар маънии шеъри порсӣ, ҷанбаҳо ва хусусияти он.

Боби панҷум - Дар латоифи ашъори салотин ва мулук ва умаро (27 нафар).

Боби шашум - Дар латоифи ашъори вузаро ва судур (43 нафар).

Боби ҳафтум - Дар латоифи ашъори уламо ва фузало (60 нафар)

Боби ҳаштум - Дар латоифи ашъори шуарои Оли Тоҳир ва Оли Лайс ба Оли Сомон (31 нафар)

Боби нӯҳум - Дар табақоти шуарои Оли Носир (29 нафар)

Боби даҳум - Дар табақоти шуарои Оли Салчуқ то охири ахди Султони Сайид (52 нафар)

Боби ёздаҳум - Дар зикри шуарои ин қарн, ки баъд аз ахди Санҷар буданд, то ин ахд (53 нафар)

Боби дувоздаҳум - Дар латоифи ашъори судур ва шуаро ва афозил, ки бад -ин хазрат махсуманд (4 нафар)

Дар ин ҷо барои мусаллам гардидани қимату арзиши тазкира танҳо як мисол меорем ва хоҳем дид, ки Муҳаммади Авфӣ нисбат ба Рӯдакӣ чӣ мегӯяд. Бояд гуфт, ки сухани Авфӣ гулонист, бинобар ин инҷо танҳо як пораашро меорем:

«...Ва мавлуди ӯ (ҷойи таваллуди ӯ) Рӯдакӣ Самарқанд бувад. Чунон закӣ ва тезфаҳм буд, ки дар ҳаштсолагӣ «Қуръон» тамом ҳифз кард ва қироат биёмӯхт ва шеър гуфтан гирифт ва маъонии дақиқ мегуфт, чуноне ки халқ бар он иқбол намуданд ва рағбати ӯ зиёдат шуд. Ва ӯро Офаридагори таоло овози хуш ва савте дилкаш дода буд ва ба сабаби овози хуш дар мутрибй афтода буд ва аз Бахтиёр, ки дар он санъат соҳибихтиёр буд, барбат биёмӯхт ва дар он моҳир шуд ва овозаи ӯ ба атрофу акнофи олам бирасид ва амир Наср бини Аҳмади Сомонӣ, ки амири Хуросон буд, ӯро ба курбати ҳазрати худ махсус гардонид ва кораш боло гирифт...

Ва яке аз ҷуҳҳол (шоири ҷоҳил) дар назми ӯ таъне кард... Низомии Арӯзӣ ин байт дар ҳаққи ӯ иншо кард:

Эй, он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ!

Ин таън кардани ту зи ҷаҳл асту кӯдакист,

К-ои кас, ки шеър донад донад, ки дар ҷаҳон

Соҳибкирони шоирӣ устод Рӯдакист.

Пас аз ин Муҳаммади Авфӣ барои тасдиқи гуфтаҳояш аз осори шоирони дигар, ки дар ситоиши Рудакӣ гуфтаанд, мисол меорад. Илова бар ин аз эҷодиёти худи устод Рӯдакӣ намунаҳои бешумор овардааст, ки маҳз ин намунаҳо бо тавассути ҳамин тазкира то ба имрӯз омада расиданд. Аҳамияти бузурги «Лубоб- ул-албоб» пеш аз хама дар ҳамин аст. На танҳо баъзе шеърхои устод Рудакӣ, балки аз дигар адибони асрҳои IX, X, XI танҳо ба ин восита аз нобудшавӣ раҳо ёфтанд. Гузашта аз ин, «Лубоб- ул-албоб» барои омӯхтан ва таъин намудани мақому манзалати адибон ва ҳаёти адабии асрҳои IX ва XIII ҳамчун сарчашмаи мӯътамад ба пажӯҳандагон ёрии калон расонд. Аз ин нигох асари мазкур аҳамияти амалӣ ва назарӣ дорад, аз лиҳози забои ва тарзи баён сода буда, барои омӯхтани таърихи забони тоҷикӣ маводи хуб дода метавонад.

«ҶОМЕЪ-УЛ-ҲИКОЁТ». Ин асар аз маҷмуи осори баргузидаи Авфии Бухороист. Дар он ҷо-ҷо шеърхои адиб мувофиқи мазмуни ҳикоёт ё ривоёт дода шудаанд. Маводи ин асари бузург дар тӯли солҳои зиёд (аз соли 1210 то 1233) гирд оварда туда, пасон эҷод гардидааст. «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» на танҳо як асари адабист, балки дар дохили он ҳикоёту ривоёти таърихӣ дойр ба хулафои араб, сулолаҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Салчуқиён, султонҳои Ҳинд, Ғазнавиён оварда шудаанд. Дар онҳо бо тарзи бадеӣ ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ин хонадонро дар зимни шахсиятҳои таърихӣ - шоҳон, ҳокимон, волиён, хулафои ислом ва ғайра ба қалам дода шудаанд.

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» аз чаҳор қисм иборат аст ва ин қисмҳо чунин ном доранд:

1. Дар маърифати Офаридагори таоло ва зикри анбиё ва авлиё ва таворих. Муҳимаш он аст, ки Авфӣ дар баробари овардани ҳикоёту ривоёт аз рӯзгори авлиёю анбиёи ислом инчунин дар бораи подшоҳони давраи Пешдодиён, Каёниён, Ашкониёну Сосониён ва ё сарварони аҷамтабор ҳодисоту воқеъоти ибратомӯзу пурмӯҳтаво овардааст. Гуфтори нависанда аз адлу доду диҳиш, дар фаросати арбоби киёсат, дар донишу хирадмандии вузарою дабирон, дар ҳунари табибон, мунаҷҷимон, латоифи дилангез аз ҳаззолон, надимон, аз зиракони ҳушманд бунёд ёфтааст. Ин мавод дар 25 боб дода шудааст.

2.   Дар қисми дуюм Муҳаммади Авфӣ дар баёни ахлоқи ҳамида, дар фазилати ҳаё, тавозӯъ, хилм, адаб, раҳмат, шафқат, саховат, лутфу карам, шуҷоъат, сабру таҳаммул, шукру вафо дар амонатдорӣ, дар фоидаҳои машварат ҳикоёту ривоёти ширину рангинро ҷой додааст.

3.   Қисми сеюмро адиб ба баёни масъала ва мавзӯъҳои мазаммати ҳасадхӯрӣ, ҳирсу тамаъ, дурӯғу фаҳш, бахилӣ, ҷаҳлу нодонӣ, зулму тааддй, исрофкорӣ, хиёнату шаккокӣ, ҳикоёт аз рӯзгори дуздон, кору амали занони боақлу зирак ва поку боиффат ва амсоли ин бахшидааст.

4.   Ниҳоят, дар қисми чорум Мухаммад Авфӣ дар бораи дӯстӣ ва фоидаҳои он, дар бораи хизмат дар назди амирону вазирон, ҳокимону волиён ва фоидаю хатари он, дар бораи ишқу муҳаббат ва суду зиёни он, дар бораи тасвири зебоиҳои табиат, дар бораи сохтмони қасрҳо, масоҷиду мадорис, бунёди шаҳрҳо, дар хусуси ҳайвонони хонагӣ ва ваҳшӣ, паррандаҳо ҳикоёту ривоёт овардааст, ки бисёр ҷолиб ва хушоянданд.

Дар бисёр маврид нависанда пас аз овардани ҳикоят ё ривоят андешаашро бо як порча шеър ҷамъбаст мекунад. Ҳангоме, ки аз ҳаёти шоирон ҳикояте нақл мекунад аз осори онон намунаҳо низ меоварад. Умуман, Муҳаммади Авфӣ табъи баланди шоирӣ ҳам дошт.

Ҳамин тавр, доир ба мавзӯъҳое, ки дар боло ёд шуданд, нависанда 2150 ҳикоёту ривоёт овардааст ва баъзе ҳикоёту ривоёти асар ҳаҷман бузурганд ва бархе аз онҳо кӯтоҳ, вале мазмун ва маъниҳои баланди хонданӣ доранд, ки хонанда аз онҳо панди судманде мегиранд.

Акнун бармегардем ба сари таҳлили ҳикоёту ривоёти «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт». Албатта, ба тафсил тахдил намудани онҳо аз имкон берун аст. Ба ин хотир аз ҳар қисми асар интихобан баъзе ҳикоёту ривоётро бо ҳам аз назар хоҳем гузаронд.

Дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» кору амали занон хеле хуб инъикос ёфтааст. Авфӣ занро ҳамчун модари меҳрубон, зани покдоман, боиффат, дар ишқу муҳаббат устувор ва хирадманду

донишманд ба қалам додааст ва андешаҳояшро бо ҳикоёти матлубу марғуб қувват додааст. Масалан, дар ҳикояи «Шин» омадааст, ки ӯ илм омӯхт ва ҷамъи илмҳо якто гардид ва касд кард, ки то мисли худаш духтари донишманду оқила наёбад, ба касе хонадор нашавад. Солҳо сипарӣ шуданду муродаш ҳосил нагашт. Шин боре дар роҳе мерафт, ки иттифоқо марде ба ӯ хамроҳ шуд. Шинос шуданду роҳ паймуданд. Шин ба он мард гуфт: «Ту маро бармедорӣ ё ман туро бармедорам. Ҳамин тавр, чанд саволи дигар Шин ба он мард дод. Он мард ҳайрон буд ва Шинро девона пиндошт. Чун ба деҳи он мард расиданд, назди хонааш омаданд. Он мард мехмонро ба хонааш такдиф кард. Даромаданд. Он мард духтари қадраси оқилае дошт. Ӯ чун падарро дид, аз ӯ пурсид, ки ҳамроҳи ту кӣ буд? Чӣ гуфт? Он мард ба духтар гуфт:

-      Дар роҳ маро уқубате азим (ҳолати нохуб) рӯй дода буд. Чӣ марде аҳмақ ба ман хамроҳ шуд ва суханони номаълум ва пажмурда мегуфт ва суолҳои парешон медод. Аввал, ки ба ман ҳамроҳ шуд, «маро бармедорӣ ё ман туро бар медорам». Ман худ ба ҳилат (базӯр) мерафтам, ӯро чӣ гуна бардоштаме! Дигар, ба киште расидем ва гуфт: « Чӣ гӯӣ, ки ин киштро хӯрданд ё не?» Саввум, мурдаеро дид ва гуфт: «Чӣ гӯӣ, зиндааст ё мурда?»

Чун духтар суханони падарро шунид, гуфт:

-      Азим бад кардй, ки ҳаққи он мард нашнохтӣ. Он мард марди оқилу тавоност. Он чӣ гуфт, аз донишу ҳикмат аст. Он чӣ суоли нахуст дод, ишорат бар он аст, ки ту ҳикоят бигӯ ё ман бигӯям, то ранҷи роҳ кӯтоҳ шавад.

Дувум «Киштро хӯрдаанд ё не?» ишорат бар он аст, ки шояд соҳиби кишт қарздор бошад ва қарзхоҳон ба талаби қарз омада бошанд. Ба ин маънӣ, ки аз самар ё ҳосили кишт қарзҳоро дода бошад. Сеюм, ки гуфта: «ки ин майит мурда аст ё зинда?» ишорат бар он аст, ки ин мард фарзанд дорад ё на. Балки шогирде дорад, ки пас аз вай номбардори ӯ бошад ва ё хайре, садақае кардааст, ки зикри ӯ ба сабаби ӯ боқй монад. Ё худ ҷоҳиле, фосиқе будааст, ки чун вафот кард, ҳеч кас аз вай ёд накунад.

Муҳаммад Авфии Бухороӣ ба аҳли ҳунар ва ба хусус ба адибон, ровиёну ноқилон меҳри беандоза дошт. Худи ӯ, ки аз ҳамин сарчашма об мехӯрд ва дар байни хосу ом, шоҳону вазирон, ҳокимону волиён соҳибном, соҳибиззат гардида буд, аз намояндагони ин пеша дар асари хеш ҳикоети дилангези бисёр овардааст.

Яке аз шоирони маъруфи асри X- XI тоҷику форс Фаррухии Систонӣ ашъори маргубу дилошӯб дорад ва Мухаммад Авфӣ, ки худ шеършинос буд, ба ин шоир меҳри зиёд дошт ва дар бораи ӯ чанд ҳикояву ривоётро дарег надоштааст.

Муҳаммади Авфӣ дар тазкираи «Лубоб-ул-албоб» аз Шаҳиди Балхӣ ёд карда, ба эҷодиёти ӯ баҳои сазовор медиҳад. Ба хотири тақвияти фикраш аз осори шоир намунаҳои зиёд овардааст. Ӯ дар «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» ҳам аз Шаҳиди Балхӣ ёд карда, латифаи пандомезе овардааст: «Оварданд, ки Шаҳиди шоир рӯзе нишаста буд ва китобе мехонд. Ҷоҳиле ба назди ӯ даромад ва салом карду гуфт:

-      Хода, танҳо нишастаӣ?

Шаҳиди Балхӣ чунин посухаш дод:

-   Танҳо акнун гаштам, ки ту омадӣ. Аз он ки бо сабаби ту аз мутолиаи китоб бозмондам.

Сӯҳбати аблаҳон чун деги тиҳист -

Андарун холиву бурун сияҳист.

Муроди нависанда аз ин ҳикоят он аст, ки аз сӯҳбати аблаҳ, ҷоҳил хондани китоб авлотар аст. Дар ин маврид шоир чунин ашхосро ба дети сиёҳ монанд кардааст, ки дили сиёҳ доранду аз пайи озори касон мебошанд. Боз чунин ашхос на дониш доранду на акду тамиз ва мисли дети холиянд.

Муҳаммади Авфӣ дар мавзӯи илму ҳунаромӯзӣ андешаҳои қобили қабул туфта, аз ҳаёти донишмандони бузург ҳикоёту ривоёти зиёд овардааст. Масалан, дар ҳикояи «Панди Аристо голис ба фарзанд» омадааст, ки чун вафоти Аристотолис наздик омад, ӯ писарашро наздаш хонд ва гуфт: «Эй писар, дар асрори улум дақоиқи ҳикмат умри худро базл (сарф) кардам ва бисёр гиреҳҳо ба нури ҳикмат кушодам, валекин маргро ҳеҷ ҳилат натвонистам:

Агар сад кӯҳ бояд канд фӯлод,

Забун бошад ба дасти одамизод.

Чӣ чора, к-он банӣ Одам надонад

Ба ҷуз мурдан, к-аз он бечора монад.

Пас бидон, ки давлате аз мол бувад зуд фонӣ шавад ва нест гардад. Иззату шараф дар илм аст. Агар падари туро илму адаб набудӣ, ӯ мар мулкро мисоли харе будӣ боркаш ва парастанда, бандае буди коркун. Пас илм ҳосил кун, то шарафу иззат биёбӣ».

Нависанда ба ин восита шогирдон, толибилмонро ба илмомӯзӣ қидоят намуда, таъкид менамояд, ки танҳо ба воситаи илм шаҳс метавонад дар байни мардум, дар назди шоқону қокимон соҳибному иззатманд бигардад, ки мисоли равшани гуфтаҳои Муҳаммади Авфӣ ҳаёти Аристотолиси ҳакими юнонӣ шуда метавонад.

Муҳаммади Авфӣ дар асари хеш дар бораи шаҳрҳо, бунёди қасрҳо, ҷойҳои таърихӣ нақлу ривоятҳо овардааст, ки имрӯз дидани ин ҷойҳо барои мову шумо дастрас гардидааст. Масалан, дар қисми чаҳоруми «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» дар бораи аҳромҳои Мисри Қадим нақлу ривоят оварда шудааст. Дар ин бора нависанда чунин мегӯяд: «Дигар аз аҷоиботи биноҳо аҳроми Миср аст. Ҳаждақ аҳром аст. Овардаанд, ки Маъмун (халифаи араб 811 - 832) дар айёми хилофати худ ба Миср рафт ва он аҳром бидид. Дари як ҳарам боз кард, ҳама аз санг сохта. Гӯянд, ҳар санге дар ситабрӣ даҳ арш. Ва онро чунон маҳкам карда буданд, ки пайванди он, албатта, падид наёмад, чунонки аз чӯб мисли он натвон сохт.

Имрӯз бошад, ба воситаи телевизион аҳромҳои Мисрро мебинему ангушти ҳайрат мегазем. Вале хизмати Муҳаммади Авфӣ, пеш аз ҳама, дар он аст ки қанӯз 800 сол қабл аз ин хонандагонашро бо ин гуна ҷойҳои таърихию фарҳангӣ шинос намуда буд.

«Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» сабку услуби хоса дорад. Дар қисми аввал, дар муқадҷимаҳои бобҳову фаслҳо забони нависанда мураккаб гардида, дар мавридҳои дигар забони ҳикоёту ривоёт хонданӣ, содда иншо шудаанд. Ин асар аҳамияти адабӣ, таърихӣ, мардумшиносӣ ва ғайра дорад. Аз ҳама бештар нависанда ва донишманди воло Маликушшуаро Баҳор сухани шоиста ва арзанда дар ҳақки нависанда Муҳаммади Авфӣ ва асари ӯ «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» гуфтааст: «Китоби «Ҷомеъ-ул- ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» яке аз муҳимтари кутуби форсӣ аст, ки агар бигӯем, ки дар миёни кутуби насри форсӣ ба арзиш ва ҷомеаият ва пурфоидагии ин китоб, китобе натавон ёфт, набояд ба игрок кадр гардад, зеро дорои фавоиди фаровони таърихӣ ва адабист ва асноде дар ӯ ҳаст, ки дар ҳеҷ китобе нест. Илова бар ин мазоёъ равиши зебо дар тарзи таълиф ва пухтагии махсус дар тариқ ва сабки иншо дорад, ки дар олами худ камназир аст».

(Ниг. мунтахаби «Ҷомеъулҳикоёт» (барои дабиристонҳо, Теҳрон, 1324.(ба чоп ҳозиркунанда, М. Баҳор, с.5)