«БОДИ НАВРӮЗӢ»

«БОДИ НАВРӮЗӢ»

Хоҷа Ҳофиз ба расму ойин ва урфу одатҳои ачдодонамон меҳру муҳаббати зиёд дошт ва худ низ дар гузариши ҷашнҳои Сада, Меҳргон ва бахусус Наврӯзи Аҷам фаъолона иштирок мекард ва иштироки ҳамзабонон, хдммиллатони хешро ташвиқу таргиб менамуд. Аз ин хотир дар ғазалиёташ бештару бештар назар ба дигар адибон ин мавзӯъ мақоми шоиста дорад. Албатта, ин бесабаб нест. Сабаби ин дар он аст, ки баъзе рӯҳониён, сӯфиён ва уламои дини мубини ислом дашн ё иди Наврузро гуноҳ медонистанд ва мегуфтанд, ки иди Наврӯз иди габрон, мадусон ва зиндиқиён аст. Бинобар ин набояд, ки онро мусулмонон дашн бигиранд ва дар чунин рӯзи номуборак хурсандию шодй кунанд. Мутаассифона, пас аз Инқилоби октябр ҳам ин анъанаи номатлуб идома ёфт. Ҳизби Коммунист ва роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки аз Маскав ба тодикон амру фармон медод, нагузошт, то халқи тодик, мардуми мо Наврузро ба таври боистаю шоиста дашн гиранд. Коммунистон мӯътақид буданд, ки Наврӯз иди динист. Ҳамин тавр, бо ҳамин сабабхо то соҳибистиқлол гардидани Тодикистон (с. 1991) ин дашнҳои халқӣ ба таври бояду шояд дар байни тодикон тадлил намеёфтанд. Аммо шукронаи озодию истиқпол, ки имрӯзу ҳар сол мардуми тодик ин дашни фархундаро бо шукӯҳу далол мегузаронад. Ҳатто Ҳукумати Ҷумҳурии Тодикистон ба ин муносибат ду рӯзи истироҳат, (22-23 март) муқаррар намудааст, ки ин аз ардгузорӣ ва эҳтироми роқбари давлат ба халқи тодик, ба ҷашни пурифтиҳори мардумист.

Бояд тазаккур дод, ки иди Наврӯз, Сада ва Меҳргон ба ҷанбаи динӣ надоранд. Ин ҷашнҳо пурарзиштарин мероси ачдодони мост, ин ҷашнҳо аз қадимулайём ҳамчун ҷашнҳои деҳқонон аст, ин ҷашнҳо таърихи пайдоиш доранд ва онҳо ба фаслҳои сол марбутанд. Масалан, Наврӯзи Аҷам дар фасли баҳор, Меҳргон дар фасли тирамоҳ ва Сада дар огози фасли зимистон таҷлил шавад. Ҳар фасл ва ҳар ҷашн ба худ хусусиятҳои хос ва расму русуми махсуси хешро дорост, ки шумо, хонандагони азиз, ба ин расму оин ошно ҳастед ва, албатта, ин ҷашнҳо, аз ҷумла Ҷашни Наврӯз дар мактаби шумо бо тантана, бо тамоми оростагӣ таҷлил меёбад ва шумо дар гузаронидани он фаъол ҳастед.

Акнун бармегардем ба асли мақсад. Адибони бузурги гузаштаи мо ба ин ҷашнҳои халқӣ бо назари эҳтиром менигаристанд ва мухолифи баъзе рӯҳониёни мутаассиб буданд ва бузурғони миллат дар осорашон хубиҳои ин ҷашнро мадҳу ситоиш намудаанд, ки Хоҷа Ҳофизи лисонулғайб аз зумраи онон маҳсуб шуд. Метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки беш аз сад ғазали адиб дар таърифу тавсиф, дар мадҳу ситоиши ҳамин гуна ҷашнҳои халқӣ эҷод шудаанд. Хоҷа Ҳофиз бештар дар ғазалиёташ ҷашни Наврӯз, арӯси сол, баҳору зебоиҳои дилошӯби онро тараннум кардааст. Ана ҳамин ғазал - «Боди наврӯзӣ» аз ҷумлаи онҳост:

1.    Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Азин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

2.    Чу гул гар хӯрдае дорӣ, Худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандузӣ.

3.    Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз парда берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

4.    Ба бӯстон рав, ки аз булбул тариқи ишқ гирӣ ёд,

Ба маҷлис ой, аз Ҳофиз сухан гуфтан биёмӯзӣ.

Ғазали «Боди наврӯзӣ» дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, ки тақтеъ ва рукнҳои ин баҳр ба тариқи зайланд:

V — IV — IV — IV---

V — IV — IV---IV —

Ма-фо-и-лун Ма- фо- и- лун I Ма- фо-и лун I Ма - фо-и-лун

Зи куйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Азин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ.

Хоҷа Ҳофиз дар байти аввал ба хонандагонаш муждаи шодӣ мерасонад, ки Наврӯзи Аҷам омад. Фасли баҳор оғоз ёфт, боди наврӯзӣ расид, шумо то метавонед аз ин боди хушу Наврӯзи дилафрӯз баҳра бардоред ва чароғи дилатонро фурӯзон намоед. Фурӯзон намудани чароғи дил маънои шодию хурсандй карданро дорад. Дар байти дуюм шоир таъкид менамояд, ки агар мисли гул ҷоми ишрат муҳайё бошад, ишрат кун ва аз Қорун панд бигир, молу манол, дороию сарватро мисли Қорун захира накун, хасис машав. Худат нӯши ҷон намо ва ба бечорагону дармонда :он бахш. Дар ин маврид барои баён ё матраҳ намудани матлаби хеш боз ба санъати талмех, рӯ овардааст. Ривоятест, ки Қорун чунон молу сарват доштааст, ки ҳафт шутур танҳо калиди хазинаҳои ӯро мекашонанд. Вале У ба дармондагону бечорагон хайру саховат намекард, ба диндорон, ба масоҷиду мадорис заког намедод. Бинобар ин, аз кору амали ӯ Худованд дар ғазаб шуд ва амр дод, то ӯро бо тамоми хазинаю молу сарваташ замин фурӯ бурд. Мақсади Хода аз ёди ин ривоят тарсондани аҳли ҷоҳу мансаб, давлатмандону дороён аст, ки дар чунин рӯзҳои ид онҳо раияти бечораю мардуми қашшоқро фаромӯш накунанд ва мисли Қорун нашаванд, то ки онҳоро замин фурӯ набарад.

Дар ин ғазал байти сеюм бештар бори маънӣ ба душ дорад. Дар шарҳу тавзеҳи ин байт аз асри XV cap карда, то имрӯз дар байни аҳли уламою удабо ва шарҳнигорон баҳсу талош идома дорад.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз нарда берун ой,

Ки беш аз панҷ рузе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Дар байти боло «Сухан дар парда мегӯям», «Панҷ рӯз» ва «Мири наврӯзӣ» бештар бори маънӣ доранд. Ва моҳияти ғазалро ин ибораҳо муайян кардаанд. Бештару бештар ҳамин калимаю ибораҳо хонандаро ба андеша меоранд. Дар китоби «Ҷавоҳири қалб» Мавлоно Кавкабӣ дар баробари ташреҳ ва шарҳи бисёр абёти душворфаҳми адибон ҳамин байтро оварда, онро ба тафсил маънидод кардааст ва дар охир гуфтааст: Ва маъонии дигар он бошад, ки сухани олами ғайб дар парда аст: Берун ой ва бубин, ки он оламро чӣ рангест зебо. Ва баъд мисраи «Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми Мири наврӯзӣ» бори маънӣ дорад ва муроди шоир аз гуфтани ин байт ба хотири хонанда овардани таърихи Ҷашни Наврӯзи Ҷамшед буда. Ҷамшед ҷашни Наврӯзро панҷ рӯз ид мекард ва дар ин панҷ рӯз шоҳ аз арки худ фаромада, яке аз одамони зарифгуфторро Мири Наврӯз интиҳоб мекунад. Ин Мири Наврӯз панҷ рӯз ҳукми салтанати аморатро ба ӯхда мегирад. Ва тамоми давлат панҷ рӯз фармони ин Мирро ба ҷо меорад. Шоҳ дар ин панҷ рӯз аз баҳри тамоми гунохдо гузашта ва чазо додани касеро дар ин миён раво намебинад. Баъди панҷ рӯзи ҷашн боз шоҳ ба сари тахт меояд ва аморат чун пештара оғоз меёбад. Имрӯз (то асри XV) миёни мардуми кӯҳистони қисматҳои ҷануби Балх, Бохтар ва ҷанубу шарқи Мовароуннаҳри Хуросон маъмул аст. Мардуми ин сарзамин ин ҷашнро чун ниёгони хеш панҷ рӯз ид мекунанд. Ва як нафарро ба сифати Мири Наврӯз интиҳоб мекунанд ва панҷ рӯз фармонашро ба ҷо меоранд.

Бубинед як байт ва ҳатто як ибораи «Мири наврӯзӣ» чӣ қадар маъно доштааст. Агар хонанда таърихи гузаштагони хешро надонад ва аз расму русуми он огоҳ набошад, дарк кардани чунин ғазалҳо ва умуман ашъори адибони классик басо мушкил мегардад. Аз ин хотир, шоиста он бошад, ки шумо, шогирдони азиз, расму ойин ва суннатҳои волои ниёгони хешро омӯзед ва аз худ намоед.