САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

1.       Чӣ зарурат пеш омад, ки волидайни Ҷалолиддин Ватанро тарк намудаанд?

2.       Аз ҳикояти сӯҳбати Аттор бо Муҳаммади хурдсол ба чӣ хулоса омадед?

3.       Мавлоно дар бораи Аттор чӣ андеша дорад? Шеърҳои дар ситоиши Аттор эҷодкардаи Ҷалолиддини Румиро хонед ва ҳифз намоед.

4.       Чаро пири Мавлоно - Шамси Табрезиро қатл карданд?

5.       Дар марги Ҷалолуддин мусулмонону номусулмонон гиристанд. Ин корро онҳо ба чӣ хотир карданд?

6.       Асарҳои Мавлоноро номбар кунед ва ба тарики мухтасар дар бораи «Фиҳи мо фиҳи» маълумот диҳед.

7.       Дар кадом мавзӯъҳо рубоиёти шоир суруда шудаанд?

8.       Мавзӯи ғазалиёти Мавлоноро бо мисолхои конкретӣ фаҳмонед.

9.       Ғазалҳои ишқии Мавлоно чӣ хусусият доранд?

10.    Чаро шоир дили инсонро аз хама чиз боло мегузорад?

11.    Мавлоно дар бораи вахдат ва дӯстӣ чӣ мегуяд?

12.    Чаро шоир ёди Шери Худою Рустами Дастон кардааст?

13.    Мавлоно дар ғазали «Дасти ман тир» ба кӣ муроҷиат намудааст ва чаро?

14.    Номи асари Мавлоно «Маснавии маънавӣ»-ро шарҳу эзоҳ диҳед.

15.    Чаро як гурӯҳ мухолифон «Маснавии маънавӣ»-ро «Каломи шум» номидаанд?

16.    Чаро муҳаққиқон Мавлоноро файласуф номидаанд?

17.    Дар бораи ҷараёни тасаввуф чӣ медонед?

18.    Мақсади Мавлоно аз хикояти «Луқмон ва ғуломон» дар чист?

19.    Мисраи «Пас ту ҳар ҷуфте, ки меҳоҳӣ, бигир» чи маъно дорад?

20.    Муламмаъ чӣ хел хусусият дорад? Бо мисол ин санъати бадеиро фаҳмонед.

21.    Ҷалолидҷини Балхӣ чаро «Порсӣ ту, арчи тозй хуштар аст» мегӯяд? Мисраъро шарҳ диҳед.

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ

1.   Н.Одилов, Ҷаҳонбинии Ҷалолиддини Румӣ. Нашдавтоҷик, Душанбе, 1964

2.   Р. Фиш, Джалаладдин Руми, «Молодая гвардия» Москва, 1972

3.   Ҷалолиддини Румӣ, ҳикоятҳои халқии «Маснавӣ», Душанбе, 1963

4.   Е.Э Бертельс, Суфизм и суфийская литература, Москва, 1965

5.   Т. Миров, К. Хоҷаев, Ш. Исломов, Методикаи таълими адабиёти тоҷик, «Маориф», Душанбе, 1991.

Реклама