Фарқи асари Ҷомӣ аз дигар «Искандарномаҳо». Искандар дар адабиёти ҷаҳонӣ яке аз образҳои барҷаста ба ҳисоб меравад. Дар бораи ҳаёту зиндагӣ ва кору амалиёти Искандари таърихӣ, ки дар солҳои 356-323 то мелод дар Юнони қадим умр ба cap бурдааст, асарҳои зиёди таърихӣ ва адабӣ офарида шудаанд. Дар адабиёти форс-тоҷик аввалин шоире, ки дар бораи Искандар асар эҷод кардааст, Абулкосими Фирдавсӣ мебошад. Вай дар қисмати таърихии «Шоҳнома» ҷангу хунрезиҳо, забту лашкаркашиҳои Искандарро хеле батафсил ҳикоят мекунад. Фирдавсӣ Искандарро ҳамчун шоҳи горатгар, золим ва забткор, ки дар ҳақиқат ҳамин тавр буд, нишон додааст. Ин хусусият дар «Искандарнома»-и Низомии Ганҷавӣ низ ба назар мерасад. Дар асари Низомӣ Искандар шоҳи кишваркушо, далеру шуҷоъ ба қалам дода шудааст.
Ҷомӣ дар эҷод намудани достони «Хирадномаи Искандарӣ» ба Низомӣ ва Амир Хусрав пайравӣ кардааст. Вале аз достонҳои дар боло номбурда фарқи калон дорад. Агар дар «Шоҳнома» ва «Искандарнома» ҳарбу зарби майдони ҷанг, қатлу ғорат, қаҳрамонию фидокории Искандар дар ҷои аввал бошад, дар достони Ҷомӣ «Хирадномаи Искандарӣ» хирад, ақлу заковати инсони хирадманд мавқеи асосиро ишғол менамояд. Дар асари Ҷомӣ Искандар на ҳамчун шоҳи хунхору истилогар, наҳамчун шоҳи кишваркушо, балки ҳамчун шоҳи бомаърифату хирадмақд тасвир ёфтааст. Аз ин ҷост, ки Ҷомӣ ба достон номи «Хирадномаи Искандарӣ»-ро гузоштааст.
Асари Ҷомӣ низ мисли достонҳои дар боло номбурда дар баҳри мутақориби мусаммани маҳзуф эҷод шудааст. Достон аз 2315 байт иборат буда, соли 1485 ба анҷом мерасад.
СУЖЕТИ АСАР. Пас аз баёни бобҳои анъанавӣ - наъту муноҷот қисмати асосии достони «Хирадномаи Искандарӣ» шурӯъ гардидааст. Файлақус[1] подшоҳи Юнонзамин дар айёми пиронсолиаш писардор мешавад. Ӯро Искандар (Александр) меноманд. Файлақус Искандарро ба тарбияи Арасту[2] медиҳад. Арасту ба Искандар илмҳои гуногунро пурра меомӯзад. Файлақус дар назди олимони бузург аз писараш имтиҳон мегирад. Искандар аз имтиҳон бо сарбаландӣ мегузарад. Падараш хурсанд мешавад. Баъд аз ин Файлақус аз Арасту хоҳиш мекунад, ки барои пеш бурдани давлатдории Искандар хирадномае нависад. Арасту хирадномаро ба анҷом мерасонад. Дар ин айём Файлақус вафот мекунад. Искандар ба маснади шоҳй менишинад. Баъди ин дар достон хирадномаҳои олимони бузург Арасту, Афлотун (Платон), Суқрот (Сократ) ва боз чор донишманди дигар оварда мешаванд. Ин хирадномаҳо бештар характери тарбиявӣ доранд. Пас аз ҳар хираднома Ҷомӣ барои тасдиқи фикраш аз ҳаёти шахсони бузург саргузаштеро нақл намуда, инчунин ҳикояҳои тамсилй меорад. Мазмуни ҳикояҳои овардашуда ба хирадномаҳо сахт алоқаманд мебошад.
Дар давраи ҳукмрониаш Искандар роҳи адлу додро пеш мегирад. Ӯ ба мамлакатҳои гуногуни Ғарбу Шарқ лашкар кашида, онҳоро забт менамояд ва шаҳрҳо бино мекунад. Ба Хитой рафта, бо ҳоқон сулҳ мебандад ва аз ӯ дар бораи қаноату шикастнафсӣ панди судманд мегирад. Аз он чо ба Ҳиндустон лашкар кашида, бо бараҳманон (донишмандони Ҳинд) вохӯрда, сӯҳбат менамояд. Баъд ӯ ба шаҳре мерасад, ки дар он шаҳр на шоҳ ҳасту на гадо. Ҳама баробар ва бародарона зиндагӣ мекунанд. Зулму истисмор тамоман нест. Искандар хеле мутаассир мешавад. Ӯ аз одамонаш ҷудо шуда, ба кӯҳи Қоф меравад. Аз он ҷо пас гашта, роҳи ватанро пеш мегирад. Вале ҳангоми бозгашт дар биёбоне вафот мекунад. Даҳ нафар ҳаким Искандарро ба некӣ ёд мекунанд. Пас тобуташро ба Искандария, ба назди модараш меоранд ва ҳакимон ба модари Искандар таъзияномаҳо менависанд. Бо ҳамин достон ба охир мерасад.
Идеяи шоқи одил ва маърифатпарвар. Аз сужети достон чунин ба назар мерасад, ки Искандар аз рӯзе, ки ба сари тахт нишаст, дар кишвар адду адолатро барқарор намуд. Сониян, ба хар мамлакате, ки мерафт, барон ободию осудагии мардуми он саъю кӯшиш мекард, шаҳрҳои нав месохт. Аз ин ҷиҳат достоин Ҷомӣ ба маснавиҳои шоирони гузашта то андозае шабеҳ аст. Ба ақидаи Ҷомӣ танҳо шоҳи донишманд одилу халқпарвар мешавад. Искандар ҳам марди фозил ва хирадманд буд. Ӯ мамлакатро аз рӯи хирадномаҳо, ки онҳоро файласуфон навишта буданд, идора мекард. Дар ин ҷо адиб роли хирадро баланд бардоштааст. Ҷомӣ ба ҳамин маънӣ ишорат карда мегӯяд:
Кунун кардаам пушти ҳиммат қавӣ,
Диҳам маснавиро либоси навӣ.
Куҳан маснавиҳои пирони кор,
Ки мондаст аз он рафтагон ёдгор,
Агарчиравонбахшу ҷонпарвар аст,
Дар ашъори нав лаззати дигар аст.
Ба як силк хоҳам чу гавҳар кашид
Хирадномаҳо, к-аз Сикандар расид.
Хираднома з-он ихтиёри ман аст,
Ки афсонахонӣ на кори ман аст.
Зи асрори ҳикмат сухан рондан,
Беҳ аз қиссаҳои куҳан хондан.
Идеяи шоҳи одил аз эҷодиёти даҳанакии халқ сарчашма мегирад. Дар чамъияти гуломдорӣ ва феодалй мардуми оддй ҳамеша аз шоҳону ҳокимони вақт зулму бедодй медиданд. Бинобар ин, орзу мекарданд, ки шоҳон одил ва адолатпарвар бошанд. Ин танҳо як орзую хаёли хоме буд, ки халқ дар осораш, дар зимни накду ривоятҳо, афсонаву қиссаҳо ифода кардааст. Ғояи шоҳи одил аз эҷодиёти даҳанакии халқ ба асарҳои шоирони бузурги мо дохил гардидааст. Ҷомӣ бошад, ин идеяро дар симои Искандаритаърихӣ нишон додааст. Искандари Ҷомӣ марди фурӯтан ва фозилу доност. Ҳангоме ки падараш вафот мекунад, мисли бисёр шоҳзодагони темурй - Бадеуззамон, Ёдгормирзо, Халилсултон, Абӯсаид, Абдуллатиф ва дигарон барои ҷоҳу мансаб талош накарда, хуни бародару падарро нарезонда, ба тахти шоҳй наменишинад. Ӯ ба халқ муроҷиат карда мегӯяд, ки май даъвои подшоҳӣ надорам. Ҳар касеро қабул кунед, ихтиёр доред. Май ҳам мисли шаҳрвандони ин кишвар ҳастам, бартарие надорам:
Надорам зи кас пояи бартарӣ,
Ки бошад маро вояи[3] сарварӣ.
Зи хайли шумо ман яке дигарам,
Хаёли сарй нест андар сарам.
Маро бо шумо нест рои хилоф,
Аз ин тирагӣ дорам оина соф.
Биҷӯед аз баҳри худ меҳтаре,
Карампарваре, маъдалатгустаре[4] [5].
Бувад бо раоё1 ҳама чарбу нарм,
Нигаҳдори эшон зи ҳар сарду гарм.
Аммо халқ аз Искандар дида шахси лоику арзандаро наёфта, худи ӯро ба маснади шоҳӣ даъват менамояд:
Ки: «Шоҳо, сару сарварй мо туй!
Зи шоҳон ҳамин меҳтари мо туй».
Искандар, ҳангоме ки ба тахт менишинад, қасам ёд мекунад, ки ҳаргиз аз роҳи адолат намегардад:
Зи илҳоми адлам кунад баҳраманд,
Наяфтад ба ҷуз адл ҳеҷам писанд.
Ӯ танҳо як мақсаду як орзу дорад:
Раҳонам зи ғам ҳар ғамандешро,
Кунам марҳаме ҳар дили решро.
Чу шоҳ аз раият бувад комхоҳ,
Гадо бошад андар ҳақиқат, на шоҳ!
Ҷомӣ дар баёни ин масъала, яъне интихобӣ будани шоҳ нисбат ба гузаштагон ва ҳамзамононаш қадами ҷиддие ба пеш ниҳодааст.
Абдураҳмони Ҷомӣ лоиқи подшоҳӣ ҳамон шахсеро медонист, ки бомаърифат, донишманду хирадманд бошад. Илова бар ин, шоҳ дар идора кардани давлат бояд бо ҳакимон ва фозилон машварат кунад. Зеро:
Зи дониш шавад кори гетӣ ба соз,
Зи бедонииш кор гардад дароз.
Агар шоҳи даврон набошад ҳаким,
Бувад дар ҳазизи[6] ҷаҳолат муқим.
Идеяҳои шоҳи одилу бомаърифат дар достой узван бо ҳам алоқаманданд. Онҳо якдигарро инкишоф ва такмил медиҳанд. Зеро, ҳангоме ки мо шоҳи одил мегӯем, ҳамоно хирад, дониш пеши назар меояд. Шоҳ, ба ақидаи Ҷомӣ, ҳаргиз бе донишу хирад одил шуда наметавонад. Ҳатто модари шоҳ дар анҷоми достон ба хирадмандон изҳори миннатдорӣ мекунад. Чунки маҳз дар натиҷаи тарбия ва бо маслиҳату машварати онҳо Искандар шоҳи одилу адолатпарвар шудааст:
Зи анфосатон гаиап ҳал мушкшам,
Ба сарҳадди ҷамъият омад дилам.
Дар ин нилгун кохи минонамо,
Ҷаҳон ҷумла кӯранду бино шумо.
Ҷаҳон аз шумо матлаи[7] нур бод
В-аз он нур чаиши бадон дур бод!
Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ба шоҳону ҳокимони золими замонааш муроҷиат карда, онҳоро ба адлу дод даъват менамояд:
Ҷаҳонподшоҳо, дар инсоф кӯш,
Зи ҷоми адолат майи соф нӯш.
Ба инсофу адл аст гетӣ ба пой,
Сипоҳе чу он нест гетикушой,
Агар мулк хоҳӣ, раҳи адл пӯй,
В-агар не, зи днл он ҳавасро бишӯй!
Адиб аз подшоҳони замонааш талаб мекунад, ки онҳо ҳам мисли Искандар одил ва раиятпарвар шаванд ва аз кору рафтори ӯибрат гиранд.
[1] Файлақус - Филиппи II, подшоҳи Юнон, соли 336 пеш аз мелод ба катл мерасад.
[2] Арасту -Аристотолис - Аристотел, файласуфи машҳури Юнони кадим. Дар байни солҳои 384 - 322 пеш аз мелод умр ба cap бурдааст.
[3] Воя - ҳоҷат, мурод.
[4] Маъдалатгустар- адолатпарвар, боинсоф.
[5] Раоё - ранят, халқ.
[6] Ҳазиз - пастӣ.
[7] Матлаъ – тулӯъгоҳ, ҷойи баромадан
Реклама