Абдурраҳмони Ҷомӣ умри дарози пурбаракате дидааст, вале онро зоеъ нагузаронида, барои наслҳои оянда осори пурарзиши илмию адабӣ мерос гузоштааст. Ӯ қариб 50 соли ҳаёти худро ба офаридани асарқои илмӣ ва сурудани ашъори дилангезу достонҳои барҷаста сарф кардааст. Шогирдон ва ҳамзамонони Ҷомӣ микдори асарҳои ӯро аз 46 адад зиёд медонанд. Масалан, дар ин бора шогирди наздики Ҷомӣ Камолиддини Биноӣ чунин мегӯяд:
Ҷомӣ, он офтоби нуронӣ,
Он мунаввар ба нури субҳонӣ.
Буд аз чил зиёд таснифаш,
Рӯ дар эъҷоз карда таълифаш.
Соли 1503 куллиёти Ҷомӣ аз тарафи дӯстонаш тартиб дода мешавад, ки он нусха то замони мо омада расидааст. Асарҳое, ки дар куллиёти адиб ҷамъ оварда шудаанд, илмҳои гуногун: нуҷум, фалсафа, забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, тафсир, ҳадис, фиқҳ, ахлоқ, мусиқӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Махсусан, асарқои илмие, ки доир ба арӯзу қофия, мусиқӣ иншо шудаанд, қимату арзиши зиёд доранд. Асари тарҷумаҳолии ӯ «Нафаҳотулунс» дар бораи ҳаёту фаъолияти 616 мард ва 34 зан маълумот медиҳад, ки аксарияти онҳо уламо, шайхони бузурги асрқои гузашта ва шоиронанд. Дар «Алфавоидуззиёия» Ҷомӣ дар бораи қоидаву қонуни забони арабӣ ва услуби таълими он фикру мулоҳизаҳои судбахш баён мекунад. Ҳоло ҳам дар мадрасаву мактабҳои Афғонистон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон асари мазкур ҳамчун китоби дарсӣ барон омӯхтани забони арабӣ истифода мешавад.
Вале бояд эътироф кард, ки Абдурраҳмони Ҷомӣ дар таърихи халқи мо ҳамчун нависанда ва шоир маълуму машҳур аст. Ҳанӯз дар ҳамон замон шӯҳрат ва эътибори Ҷомӣ ҳамчун шоир ба кишварҳои гуногун паҳн туда буд. Ба ин нукта худи Ҷомӣ ишорат карда мегӯяд:
Агар ба Форс равад корвони ашъорам,
Равони Саъдиву Ҳофиз кунандаш истиқбол.
В-агар ба Ҳинд расад, Хусраву Ҳасан гӯянд:
Ки: «Эй ҷаҳони ҳунар, марҳабо, таол, таол!»[1]
Аз Ҷомӣ се девон, «Ҳафт авранг» (иборат аз ҳафт маснавӣ), «Баҳористон» ва «Чиҳил ҳадис» ба мо омада расидааст, ки ҳар кадоми онҳо дорои аҳамияти калони адабиву эстетикӣ мебошанд. Абдурраҳмони Ҷомӣ фаъолияти адабии худро аз сурудани ашъори лирикӣ - ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғайра cap кардааст ва то охири умр онҳоро давом додааст. Дар эҷодиёти шоир ғазал мавқеи асосй дорад. Масалан, дар девони аввал- «Фотиҳатушшубоб» 1016 ғазал, дар девони дуюм- «Восигатуликд» 493 ва дар девони сеюм- «Хотиматулҳаёт» 296 ғазал омадааст, ки микдори умумии онҳо 1805 ғазалро ташкил медиҳад. Е ба тарзи дигар гӯем, агар абёти се девон 16 ҳазору 629 байтро ташкил диҳад, аз он 13 қазору 17 байташ ғазал аст, ки он 78 фоизи ашъорро ташкил медиҳад. Ба ҳамин маъни ишора карда, худи шоир чунин мегӯяд:
Ҳаст девони шеъри ман аксар,
Ғазали ошиқони шайдоӣ,
Ё фунуни насосеҳ асту ҳикам,
Мунбаъис аз шуури доноӣ.
Зикри дунон наёбӣ андар вай,
К-он бувад нақди умрфарсоӣ.
Қасида дар девонҳои шоир ҷои дувумро мегирад, ки микдори онҳо 53-то мебошад. Қасидаҳои Ҷомӣ ҳаҷман хурд буда, аз 8 то 15 байгро ташкил медиҳанд. Мавзӯъҳои асосии онҳо масъалаҳои фалсафӣ, панду ҳикмат, шарҳи ҳол ва ғайраро дар бар мегиранд. Қасидаҳои «Луҷҷатуласрор», «Ҷилоуррух» ва «Рашхи бол ва шарҳи ҳол» дар мавзӯъҳои боло суруда шуда, қимату арзиши зиёде доранд. Чунончи, шоир дар касидаи «Л уҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъкид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, чавонон ҳам ба мисли дарахтони навбар ё навниҳол нозук мешаванд. Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбият ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш хоҳанд намуд:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъкид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу камолот бошад, ҳеҷ гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст:
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.
Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубоӣ, қитъа, тарҷеъбанд, таркиббанд, мураббаъ, фард дида мешавад, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва санъати суханварӣ дар пояи баланд меистанд.Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои пандуахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳими рӯзгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдуст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатхоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки он чун ҳезум аст:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наград мева бор, андар шумори ҳезум аст.
[1] Таол, таол -хуш омадӣ, хуш омадӣ.
Реклама