Метавон «Футувватномаи султонӣ»-ро давоми мантиқии «Ахлоқи Мӯҳсинй» ва «Анвори Суҳайлӣ» донист. Онҳо чун шаддаҳои марҷон ва ё чун занҷирҳои тиллоие ҳастанд, ки бо ҳам аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявй пайванданд, якдигарро пурра мегардонанд. Ба тарзи дигар, агар бигӯем, ин се шоҳасар се бародаранд ва ин се бародар се фарзанди накӯноми нависандаи зиндаёд Ҳусайн Воизи Кошифиянд. Дар боло ба мазмуну мӯҳтавои мухтасари ду асари нависанда - «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва «Анвори Суҳайлӣ» ошно шудем. Акнун китоби сеюми Кошифӣ - «Футувватномаи султонӣ»-ро бо ҳам варақ мезанем.
Нахуст, бояд тавзеҳдод, ки чаро нависанда ба асараш чунин ном гузошт? «Футувватномаи султонӣ» чӣ маъно дорад? Калимаи футувват вожаи арабист. Кошифӣ онро чунин шарҳ додааст: «Бидон, ки футувват аз рӯи луғат ҷавонӣ бошад ва баъзеҳо дар шарҳи ин луғат бар онанд, ки футувват ҷавонмардӣ бошад. Аттор дар ин маънӣ ғуфтааст:
Дидаи дил аз футувват равшан аст,
Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.
Гар бувад илми футувват бар сарат,
Ҳар замон бахшад сафои дигарат.
Футувватро се мартаба аст. Аввал, сахо, ки ҳар чӣ дорад, аз ҳеҷ кас дарег надорад. Дуюм, сафо, ки синаро аз кибру кина поку покиза созад ва сеюм вафост, ки бо халқ нигоҳ дорад. Салмони Форс низ дар хусуси футувват фармудааст: «Футувват инсоф додан аст ва инсоф наситондан, яъне ҳар айбе, ки бошад, онро ба худ нисбат бояд кард ва ҳар чизе, ки дар вучуд ояд, худро дар миён набояд дид».
Ҳамин тавр, «Футувватнома»-ро маҷмӯи гуфтор, кирдор ва рафтори ҷавонмардони накӯкор метавон донист. Ин асар аз муқаддима ва 12 боб таркиб ёфтааст. То замони мо хамагй бобҳои 1 то 8 расидаанд. Илова бар ин, ҳар як боб боз ба фаслҳо ҷудо шудааст. Ҳатто муқаддимаи асар ба се фасл қисмат гардидааст.
Доираи мавзӯъоти асар хеле васеъ мебошад. Муҳимтарин мавзӯи асар тарбия, одобу ахлоқ, фазилатҳои неки ҷавонмардӣ: меҳнатдӯстӣ, покию ростӣ, бо меҳнати ҳалол зиндагӣ кардан, ба дуздию ғоратғарӣ, фисқу фасод даст назадан, ба мазлумон, камбизоатон дасти ёрӣ дароз кардан, илму ҳунар омӯхтан, дар тичорат бо харидорон муомилаи хуш доштан, нисбат ба устод
эҳтиром варзидан, одоби сухан ва салому алсӣкро нек ба ҷой овардан, ба қадри волидайн расидан ва ҳамин барин масъалаҳо дар асар бо мисолу ҳикоёти ширин, бо овардани абёти адибони бузурги гузашта ва худи муаллиф дар асар инъикос ёфтааст.
Алҳол чанд намуна доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи асарро аз назар хоҳем гузаронид. Яке аз масъалаҳое, ки Ҳусайн Воиз ба он бештар диққат додааст, ин муносибати устоду шогирд ё ба тарзи дигар дигар гӯем, рафтори байни омӯзгору талаба мебошад, ки дар шароити имрӯза ҳам андешаҳои нависанда басо арзишманданд. Нахуст «Дар баёни устод ва шароити он» мақому манзалати омӯзгорро ба ёд меорад ва ба шогирдон ва толибилмон хитоб карда чунин мегӯяд: «Бидон, ки ҳеҷ коре бе устод муяссар намешавад ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Аз шоҳи вилоят манқул (ишорат) аст, ки агар касе ба мартабаи кашф ва каромат расад ва корҳое аз ӯ дар вуҷуд ояд ва ӯро устоди дуруст набошад, аз ӯ ҳеҷ коре наёяд ва кори ӯ ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.»
Бинобар ин, ҳар кӣ хоҳад ба дараҷаи камол бирасад, бояд устод дошта бошад:
Ҳар кӣ бе устод кард огози кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хизмат куну устод шав!
Ин ҷо нависанда ба шогирдон гӯшзад менамояд, ки хизмати устодро ба ҷо биёред, аз ӯ илму дониш омӯзед ва чун ба камол расидед, шумо ҳам устод мешавед ва соҳибном хоҳед гашт. Баъд нависанда хислатҳои устодро баён мекунад, ки ӯ кадом шарту шароитро бояд доро бошад. Аввал, устод бояд покизамазҳаб бошад. Яъне дар роҳи хеш устувор бояд бошад. Дувум, донишманд бошад ва аз илм ё фанни дарсмегуфтагиаш вукуфи комил дошта бошад. Сеюм, ахлоқи пок, рафтору кирдори накӯ дошта бошад, бо шогирдон муомилаи ҳасана карда тавонад. Чорум, ҳар хисоли арзишманде, ки дар ҳаққи футуввати ҷавонмардон арз кардем, бояд аз он бархурдор бошад.
Муҳимаш он ки дар дил кинаю кудурат нисбат ба шогирд нагирад, ба онон баробар назар кунад.
Шогирд бояд чӣ гуна бошад? Ба назари нависанда шогирд бояд бо чунин сифатҳо ороста бошад:
1. Назди устод бо камоли эътиқоду боварӣ ба хондан шурӯъ намояд.
2. Ба устод содиқона хизмат кунад.
3. Дилу забонаш рост, яъне як бошад.
4. Ҳар чӣ устод гуфт, дар гӯш бигирад ва ҳар кор, ки фармуд, онро бояд содиқона сомон диҳад.
Шогирд ё талаба бояд дар назди устод чӣ гуна одоб дошта бошад?:
1. Пеши устод (омӯзгор, муаллим) кам сухан гӯяд.
2. Устодро эҳтиром кунад, ибтидо салом диҳад.
3. Чун устод сухан гӯяд, хомӯш бошад ва бо камоли майлу хоҳиш ба гуфтори омӯзгор диққат диҳад.
4. Агар суол дошта бошад, аз устод иҷозат пурсад.
5. Дар назди устод (дар синфхона) бо касе гӯшакӣ ё сӯҳбат накунад.
6. Эътироз ба гуфтори устод накунад.
7. Дар назди устод ва волидайн ва калонсолон ҳамеша боодобу ботамиз бошад.
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар cap, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Чунонки дидем, андешаҳои нависанда дар бораи вазифаҳои устоду шогирд имрӯз ҳам қимату арзиши худро гум накардаанд. Ҳар як хонанда бояд омӯзгорро ҳурмату эҳтиром кунад, зеро танҳо омӯзгор, муаллим дар дили шогирд шамъи илму донишро фурӯзон хоҳад кард, ӯро ба ростию покӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ҳидоят менамояд. Аз ин нигоҳ қадри устод дар назди шогирд басо баланд аст. Агар шогирд ба гуфтаҳои устод амал кунад, албатта, донишу камолоташ зиёд хоҳад шуд ва, ба гуфтаи адиб, адаб чизи муқаддас аст, адаб мисли тоҷ аст, ки аз нури Худованд чило медиҳад. Ана ҳамин тоҷро бар cap куну ҳар ҷо, ки хоҳӣ бирав! Бешубҳа обрӯву мақому манзалат хоҳӣ ёфт.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар одоби сухан гуфтан андешаҳои судманде гуфтааст. Шогирдони азиз, шумо хуб медонед, ки доир ба ин масъала адибони бузурги гузашта: устод Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ ва, бахусус, Саъдии Шерозӣ суханони лоиқ гуфтаанд. Бештари бузургон андешаҳои хешро бо назм ёд кардаанд. Кошифӣ бошад, аввал фикрашро ба наср ифшо намуда, пасон онро бо назм боз хам қувват бахшидааст. Таваҷҷӯҳ намоед: «Бидон, ки шарафи одамй ба нутқ (сухан) аст ва ҳар кӣ дар нутқ адаб риоят накунад, аз ин шараф бебаҳра бошад. Барон он ки нутқ ба савоб ояд ва илло хомӯшӣ беҳ аз он бувад». Ин фикрро Шайх Саъдӣ ба тариқи зайл баён кардааст:
Ду чиз тираи ақл аст: дам фурӯ бастан
Ба вақти гуфтану гуфтан ба вақти хомӯшӣ.
Кошифӣ шаш мавриди сухан гуфтанро таъкид намудааст:
1. Дар ҳар ҷамъомад, ҳар маҷлис, ҳар нишаст ҳар фард мувофиқи ҳолаш, мақомаш, донишаш, дарку идрокаш бояд сухан гуяд: «Бо ӯ бо забони ӯ сухан бояд гуфт».
2. Бо лутфу хушрафторӣ бо касон, бо дӯстон, бо рафиқон бояд сухан гуфт, на бо дагаливу дуруштӣ.
3. Дар вақти сухан гуфтан кас бояд кушодарӯй бошад.
4. Сухане гӯяд, ки ба муроди дили шунаванда бошад, шунаванда малоли хотир нашавад, губори маломат ба дилаш наангезад.
5. Сухан бояд судбахшу бомагз бошад, инсонҳоро ба покиву ростӣ дар роҳи Ҳақ ҳидоят намояд.
6. То аз ӯ сухан напурсанд, сухан нагӯяд.
7. Дар вақти сухан гуфтан овоз баланд накунад.
8. Дар вақти сухан гуфтан ба чапу рост назар наафканад. Яъне, ба ҳар тараф нанигарад.
9. Бо гаразу киноя сухан нагӯяд.
10. Аввал хуб андеша кунад ва пасон сухан гӯяд, то пушаймон нашавад.
11. Сухани гӯяндаро набурад. Чун суханашро ба охир расонид, он гоҳ лаб ба сухан кушояд.
12. Сухан кӯтоҳу андак бояд гуфт. Сухан бисёр гуфтан хорӣ орад. «Бисёр гуфтан нишонаи андакакдй аст». Чунончи Шайхи Ганҷанишин (Низомии Ганҷавиро дар назар дорад) дар «Лайлӣ ва Маҷнун» фармояд:
Ком гӯю гузида гӯй чун дурр,
То з-андаки ту ҷаҳон шавад пур.
Лоф аз сухани чу дур тавон зад,
Он хишт бувад, ки пур тавон зад.
Об арчи басе зулол хезад,
Аз хӯрдани пур молол хезад.
Хулоса, нависанда, чунонки дидем, фасли шартҳо ва одоби сухан гуфтанро бо абёти шоири бузург Низомии Ганҷавӣ ҷамъбаст намудааст ва боз дар қисмати охир ё анҷоми боб андешаҳои хешро дар бораи сухани нек ва баъд ба тариқи зайл ба калам додааст: «Агар пурсанд, ки сухан аз ту аст, ё ту аз суханӣ?, бигӯй: Ман аз суханам ва сухан аз ман аст, ки меваи дарахти инсонӣ сухан аст». Агар пурсанд, ки сухани нек кадом аст?, бигӯй ки: Аз он нафъ ба касе расад. Агар пурсанд, ки «Сухани бад кадом аст?», бигӯй: «Он кӣ аз он зараре ба касе оид шавад». Хулласи калом, «Футувватнома» асари пурарзиш ва судмандест, ки имрӯз ҳам аҳамияти бузурги таълимию тарбиявй дорад. Суханоне, ки дар бораи гӯяндаҳои халқӣ, расму оини мардуми тоҷик гуфтааст ва маълумоти назарию амалӣ додааст, барои муқаққиқони имрӯза басо арзишманд мебошанд. Бисёр гиреҳҳои нокушода кушода мегарданд. Масалан, дар бораи санъати варзишгарон, дар бораи гӯштин ва қоидаи гӯштингирон, дар бораи одоби хариду фурӯш, ҷома пӯшидан, салом доданд, таом хӯрдан, ба меҳмонӣ рафтан, меҳмонро кабул кардан ва ғайра фикрҳои долиб гуфтааст, ки онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо ба назар мерасанд ва бо камоли боварӣ метавон гуфт, ки бояд имрӯз ҳар як фарди домеа аз панду андарзи ин нависандаи хушбаёни бисёрдидаву бисёршунида дар зиндагии хеш бамаврид истифода барад. Иншоаллоҳ, рӯзгораш боз ҳам нуру зиё мегирад ва хушбахт мегардад.
Реклама