Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»

 Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» нуқтаи баландтарини эҷодиёти Бадриддин Ҳилолист. Мавзӯи достон нав нест. Қиссаи Лайлӣ ва Маҷнун ҳанӯз дар эҷодиёти шоирони асри X ёдрас шудааст. Ин қисса яке аз афсонаҳои маъмули мардуми араб буда, пас аз истилои арабҳо дар байни халқи мо паҳн мешавад. Бори аввал дар таърихи адабиёти тоҷику форс шоири асри XII Низомии Ганҷавӣ ин қиссаро ба риштаи назм даровардааст. Сониян, Амир Хусрави Дехдавӣ, Ҷомӣ, Навоӣ, Ҳилолӣ ва дигарон дар пайравии Низомӣ ва Амир Хусрав достонҳои худро иншо кардаанд. Мавзӯи асосӣ ё сужети қисса қариб дар ҳамаи достонҳо такрор меёбад. Тафовут баъзан дар эпизодҳо, характери қаҳрамонҳо ба назар мерасад. Мавзӯи қисса ишқист. Ишқи фоҷиавии ду дилдода - Лайлӣ ва Маҷнун асоси достонҳоро ташкил медиҳад.

Бадриддин Ҳилолӣ низ ба адибони гузашта, махсусан ба Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ пайравӣ карда, достонашро эҷод кардааст. Шоир дар хотимаи асар ба ин масъала ишорат намуда чунин мегуяд:

Буданд сегонаи замона,

Ҳар як ба ягонагӣ фасона...

Ман кистам аз шумори эшон,

Корам нарасад ба кори эшон.

Эй ман саги остони Ҷомӣ,

Хоки дари Хусраву Низомӣ.

Эшон баҳранду ман саробам,

Эшон ганҷанду ман харобам.

Дорам ду-се гавҳаре парешон.

Он низ зи баҳру кони эшон.

Аз ин байтҳо ба хубӣ пайдост, ки шоир марди хоксору фурӯтан будааст. Ӯ худашро дар назди устодони гузашта ҳеҷ мешуморад, Албатта, ин бузургии инсон аст. Аз тарафи дигар, ин байтҳо ба муқобили шоирони маддоҳи худбин, ки худро ягонаи даҳр ва аз ҳама шоирони гузашта муқаддамтар ва бузургтар мегузоштанд, равона карда шудаанд.

Сужети достон. Достони «Лайлӣ ва Маҷнун» аз 1770 байт ва 34 боб иборат аст. Асар мисли достонҳои Низомиву Амир Хусрав дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳзуф (- - V/ V - V -/ V - -) суруда шудааст. Сужети мухтасари он чунин аст: «Мири араб писараш Қайси хурдсолро ба мактаб медиҳад. Дар ин мактаб бо Лайлӣ ном духтараки зебое, ки аз қабилаи дигар аст, вомехӯрад. Онҳо бо ҳам унс гирифта муҳаббат пайдо мекунанд. Боре Қайс Лайлиро дида беҳуш шуда меафтад. Лайлӣ омада ӯро ба ҳуш меорад. Пас аз ин қиссаи ишқу муҳаббати онҳо дар байни мактабиён овоза мегардад. Ин хабар ба гӯши модари Лайлӣ мерасад ва ӯ духтарашро дигар ба мактаб рафтан намемонад. Қайс тағйир ёфта девонаавзоъ мешавад ва мардум номи Маҷнунро ба ӯ муносиб мебинад. Боре Маҷнун ба сурати гадоён даромада ба хонаи Лайлӣ меравад ва бо ӯ мулоқот меку- над. Сипас, мулоқоти ӯро падараш манъ мекунад ва Маҷнун маҷбур мешавад, ки ба дашту ҳомун барояд ва дар фироқи Лайлӣ нола кунад. Падар барои овардани фарзанд саъю кӯшиш мекунад ва бо маслиҳати пири хирадманд дар хонаи хоби Маҷнун сурати Лайлиро мегузорад. Пае Маҷнунро меорад. Ӯ чанд рӯз дар хона меистад ва аз тамошои сурати Лайлӣ то андозае таскин меёбад. Аммо боз ӯ тоқат накарда, ихтиёри дашту ҳомун карда, бо ҷонварон ва ваҳшиён унс мегирад. Боре Лайлӣ ба мақсади зиёрати мазоре аз хона берун шуда, Мачнунро ҷустуҷӯ мекунад ва ниҳоят ӯро ёфта мулоқот мекунад. Пас аз ин ҳодиса падари Маҷнун рафта ӯро ба хона меорад ва барои муолиҷа табиби ҳозиқеро даъват мекунад. Табиб мегӯяд, ки ягона илоҷаш ҳамин аст, ки ба ӯ Лайлиро хостгорӣ кунед. Падар ба хонаи Лайлӣ меравад. Аммо волидайни Лайлӣ ҷавоби инкор медиҳанд ва мегӯянд, ки Қайс девона аст. Ин хабарро ба воситаи доя Лайлӣ шунида эътироз баён мекунад ва мегӯяд, ки ба ҷуз Маҷнун каси дигарро намехоҳад. Дар ҳақиқат, хангоме ки Ибни Салом барои писараш Лайлиро хостгорӣ мекунад, Лайлӣ ҷавоби рад медиҳад ва мегӯяд, ки ба ӯ ҷуз Маҷнун каси дигар лозим нест.

Сардори қабила Навфал дар биёбон Мачнунро дар ҳолати мадҳушӣ дида, ӯро ба хуш меорад, парасторй мекунад ва ҳамаи саргузашти Маҷнунро аз ӯ мефаҳмад ва мехоҳад, ки ба ӯ ёрй расонад. Барои ҳамин ба падари Лайлӣ мактуб навишта хоҳиш мекунад, ки бояд ин ду дилдода ба мурод расанд. Агар ҷавоби рад шавад, дар байни мо ҷанг ногузир ба вуқӯъ меояд. Падари Лайлӣ қабул намекунад ва дар байни ин ду қабила ҷанг огоз мегардад. Навфал галаба мекунад ва асирони зиёд мегирад. Дар байни асирон Лайлӣ ҳам ғанимат меафтад. Вале Маҷнун намехоҳад, ки бе ризояти падару модари Лайлӣ бо ӯ издивоҷ кунад. Пас аз ин Навфал Лайлӣ ва дигар асиронро ҷавоб медиҳад. Ҳангоме ки хешу табори Лайлӣ аз рафтори Маҷнун огоҳ мешаванд, муносибати онҳо ба Маҷнун тағйир меёбад. Падару модари Лайлӣ барои издивоҷи онҳо ризоят медиҳанд. Тӯйи арӯсй огоз меёбад. Ҳар ду қабила дар ин рӯзи хурсандӣ иштирок мекунанд. Вале дар охири тӯй, ҳангоме ки арӯсу домод ба якдигар вомехӯранд, аз хурсандй шодимарг мешаванд. Туй ба мотам табдил меёбад. Аз ин ҳодисаи фоҷиавӣ мардуми ҳар ду кабила, падару модари онҳо мутаассир гашта, ашки ҳасрат мерезанд, насади онҳоро дар як қабр дафн мекунанд.

Ғояи асар. Тавре ки зикр кардем, мавзӯи достой ситоиши ишқи поки инсонист. Ишқи номуроди ду дилдода - Лайлӣ ва Маҷнун. Шоир ба ин восита нишон додааст, ки ҷомеа, ашхоси бефарҳанг ва урфу одатҳои ачдодй имконият надоданд ин ду ҷавон, ки якдигарро дӯст медоштанд ва бе якдигар зиндагӣ карда наметавонистанд, ба мурод расанд. Ишку муҳаббат ва худи онҳоро ҷомеа нобуд кард. Оре, зан дар ҳар як самти зиндагӣ бесадо, беҳуқуқ ва мазлум буд. Аммо шоир дар ин достон ба воситаи образҳои асар муносибаташро нисбат ба ин масъалаҳо баён карда, хотиррасон мекунад, ки инсон ва ишқи поки ӯро таҳқир кардан нашояд. Ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ ба Маҷнун унс гирифта, дӯстӣ карданд, вале ҷомеа ва афроди нолоик Қайсро таҳкир карда, девона хонданд. Чунин ҳодисаҳо дар рӯзгори пешин бисёр буданд. Аз ин ҷиҳат асари шоир дар асоси заминаҳои реалӣ ба вуҷуд омадааст.

Таҳлили накшхои асосии достон. Симои воқеии Лайлӣ бо бисёр хусусиятҳои худ аз Лайлиҳои достонҳои ҳамноми шоирони гузашта фарқ мекунад. Пеш аз ҳама, Лайлии Ҳилолӣ боақл, соҳибҷамол, бовафо, нотарс, қавиирода ва дар роҳи мақсад устувор аст. Муҳаббати ӯ ба Маҷнун пок ва самимист. Ҳангоме, ки ӯро ба писари Ибни Салом доданй мешаванд, Лайлӣ норизоии худро ошкор баён мекунад ва мегӯяд, ки ман

танҳо Маҷнунро мехоҳам. базм қатъ мегардад, Ибни Салом баромада меравад:

«Аз зери ҳарамсарои гардун

Бар кас нарасам, магар ба Маҷнун...

Обу гили мо якест бо ҳам,

Ҷону дили мо якест бо ҳам.

Чун Ибни Салом з-он хабар ёфт,

Баргашту инони азм бартофт.

Аммо дар Низомӣ ва дигарон Лайлӣ фаъол нест ва мутсӣ дигарон аст. Дарди дилаш бисёр, вале ошкор гуфта наметавонад. Лайлӣ дар достони Ҳилолӣ нотарсу далер нишон дода шудааст. Ин далериву нотарсй барои муҳофизати ишқи пок, барои амалӣ гардидани нияту орзуҳои наҷиб аст. Ӯ ба Маҷнун хитоб карда мегӯяд, ки биё, аз байни ин ҷамъият ишқи покамонро гирифта меравем. Дунё васеъ аст. Ба ҷое мерасем, ки ба ғайри мо каси дигаре набошад:

Бархез, ки гум кунем раҳро,

Чун бод ниҳем рӯ ба саҳро.

Бошем ба зери чархи даввор,

Ҷое, ки тиҳӣ бувад зи агёр.

На дӯст ба мо расад, на душман.

Ман бошаму ту, ту бошиву ман!

Садоқату муҳаббати Лайлӣ нисбат ба Маҷнун чунон бузург аст, ки ба ҳар роҳу восита мехоҳад Маҷнунро бинад. Лаҳзае бошад ҳам, бо ӯ сӯҳбат намояд. Барои ин бо баҳонаи зиёрати мазоре ба мулоқоти Маҷнун меравад ва ӯро дар биёбон пайдо мекунад. Ба ин восита, агар аз як тараф, беҳукукӣ, зулму таадии гурӯҳи табақаи болои ҷомеаро нисбат ба зан нишон дода бошад, аз тарафи дигар, ӯ таъкид менамояд, ки зан дар ҳаёт бояд мавқеъ дошта бошад. Барои ишқи пок, амалӣ гардидани мақсаду маром ӯ бояд мубориза барад.

Ба ҳамин тариқ, шоир дар образи Лайлӣ хислатҳои беҳтарини занони Шарқро инъикос намудааст.

Маҷнун ҳам ишқи пок дорад ва дар садоқат устувор аст. Ҳангоме ки ӯро падараш ба зиёрати Каъба мебарад, Маҷнун ба Каъба сачда карда хоҳиш мекунад, ки ишқи Лайлиро дар дилаш устувортар кунад. Орзу менамояд, ки ба висоли маҳбубааш расад:

«Ё Раб, ки маро ба ғайри Лайлӣ

Ҳаргиз ба касе мабод майле!

Майле, ки ба ӯст, беш бодо!

Ҳар лаҳза фузун зи пеш бодо!

Ҳангоме ки Лайлӣ ба Маҷнун гурехтанро таклиф мекунад, Маҷнун розӣ намешавад. Барои он розӣ намешавад, ки шарафу исмати Лайлӣ барояш аз ҳама муҳимтар аст. Намехоҳад, ки Лайлӣ бадном шавад:

Маҷнун гуфто: «Бале, фааммо,

Бадномии туст ин муаммо.

Тарсам, ки миёни ҷамъи авбош,

Ин қисса ба тӯҳмате шавад фош.

Дар маъракаҳо фасона гардад,

Дар майкадаҳо тарона гардад.

Аз ин лаҳза ва лаҳзаҳои дигари достон хислатҳои хирадмандӣ, дурандешӣ, покниятӣ ва содадилии Маҷнун ба хубӣ эҳсос мешаванд. Вақте ки Навфал аз ишқи Маҷнун огоҳ мешавад, мехохдд, ки ба ӯ дасти ёрй дароз кунад. Ҳамин тавр ҳам мешавад. У бар қабилаи Лайлӣ ғалаба мекунад. Аз рӯи мантиқ бояд дилдодагон ба мурод мерасиданд. Вале Маҷнун ба Навфал ҷавоби рад медиҳад ва намехоҳад, ки бо зӯрӣ ба висоли ёр расад.

Он қавм ба ҷон шуданд мамнун,

Гуфтанд: «Зиҳӣ вафои Маҷнун!

Он беҳ, ки вафо кунем бо ӯ,

То чанд ҷафо кунем бо ӯ?

Хотир ба салоҳи ӯ гуморем,

Лайлӣ ба никоҳи ӯ дарорем».

Ҳилолӣ ба воситаи образи Маҷнун хислатҳои ғуманистӣ, поквичдонӣ, софдилӣ, вафодории одамони пешқадами ҷомеаро нишон додааст.

Дар достон Навфал образи мусбат тасвир ёфтааст. Навфал ҳам мехоҳад ба Маҷнун некӣ кунад ва дар ҳақиқат некӣ ҳам кард. Зеро ӯ бо вуҷуди мақому мартабааш ба дарди ишқ гирифтор буд. Аз ин рӯ, дарди Маҷнунро дуруст дарк кард:

Бо ин ҳама мулку сарфарозӣ

Медошт cape ба ишқбозӣ.

Иищи зи қиёс дошт берун,

Ӯ низ чу Қайс буд Маҷнун.

Аммо ӯ ҳам аз поктинатию инсондӯстии Маҷнун моту мабҳут гашт.

Падари Маҷнун ҳам нисбат ба фарзанди ҷигарбанд муҳаббати бепоён дорад. Ӯ мехоҳад ба фарзандаш бо кадом роҳе, ки бошад, ёрӣ расонад.

Ба ҳоли Маҷнун дилаш месузад. Ба назди хирадманд,_табиб меравад, то ки фарзандашро аз ин «бало» наҷот диҳад. Уро ба Каъба мебарад. Маҷбур мешавад, ки барои хостгорӣ ба хонаи падари Лайлӣ равад.

Падари Лайлӣ аз бисёр ҷиҳат мухолифи падари Маҷнун гузошта шудааст. Ӯ ба зан ҳамчун ба махлуқи паст нигоҳ мекунад. Аз ин ҷост, ки бар хилофи хоҳиши духтараш Лайлиро ба шахси доро, сарватманд доданӣ мешавад. Дар симои падару модари Лайлӣ шоир ашхоси мағруру худписанд, чизпараст ва волидайни бераҳму шафқатро ба қалам додааст. Чунин падару модарон расму оинҳои номатлубро асос карда, бахту саодат ва ояндаи фарзандони худро фикр намекунанд.

Бадриддини Ҳилолӣ пеш аз навиштани достони худ «Лайлӣ ва Маҷнун»-ҳои зиёдеро омӯхта, мутолиа карда ба хулосаи даркорӣ меояд. Аввалан, дар асараш лаҳзаҳои нав дохил намуда, ба ин восита характери қаҳрамонҳои асосиро тақвият медиҳад. Махсусан образи Лайлӣ бозёфти шоир аст. Ба воситаи образи Лайлӣ шоир муносибаташро ба зан нишон медиҳад. Дар симои Лайлӣ ақидаҳои пешқадами Ҳилолӣ ҷамъбаст гардидаанд. Аз ин рӯ, доир ба ин масъала адиб нисбат ба ҳамасрон ва шоирони гузашта қадами ҷиддие ба пеш гузоштааст.

Дуюмин хусусияти фарқкунандаи достой боз дар он аст, ки инсонпарварӣ, яъне масъалаи одамият бо тамоми хусусиёташ дар дараҷаи аввал гузошта шудааст. Ин гуманизми Маҷнун аст. Маҷнун ишқи пок дорад. Дар роҳи ба мақсад расидан азобу машаққат мекашад, чора меҷӯяд, вале одамиятро аз даст намедиҳад. Аз рӯи акду хирад рафтор карда бо зӯрӣ, бе ризогии падару модари Лайлӣ ба мурод расиданро раво намебинад. Бо ҷангу хунрезӣ ба муҳаббат, ба васли ёр расиданро барои худ нанг мешуморад:

Васле, ки ба зури ҷанг бошад,

Номест, ки ҷумла нанг бошад.

Бе майлу ризои қавми Лайлӣ,

Моро набувад ба васл майле...

Шоир бо ин таъкид менамояд, ки инсон дар кадом лаҳзаи душворе бошад, бояд аз рӯи хирад, одамият рафтор кунад. Бешубҳа, кору амалиёти Маҷнун ба рафторҳои ношоиста, кибру ғурур, беандешагӣ, фиску фуҷури ашхоси нолоиқи рӯзгори шоир муқобил гузошта шудааст.

Ғайр аз ин достони Ҳилолӣ бо як сабку услуби равон иншо шудааст, ки ба хонандагони имрӯза дастрасу фаҳмост. Аз ин ҷиҳат ҳам аз достонҳои ҳамноми адибони гузашта фарк мекунад.

Шоир дар тасвири табиат, зебоиҳои он суханро ба ҳадди камол расонидааст. Масалан, адиби нозукадо дамидани субҳ, баромадани Офтобро бисёр рангин ва ҷозибу дилкаш ба қалам додааст.

Чун субҳ дарид пардаи шаб,

Пургулгула шуд ҷаҳон чу мактаб.

В-ин луҷҷаи чархи лоҷувардӣ,

Аз мӯҳраи зар гирифт зардӣ.

Чун аз дами субҳи оламоро

Шуд меҳри нуҳуфта ошкоро,

3-ин меҳр, ки синасӯз афтод,

Сад роз ба рӯи рӯз афтод.

Реклама