ҒОЯИ ШОҲИ ОДИЛ ДАР «ТӮТИНОМА»

ҒОЯИ ШОҲИ ОДИЛ ДАР «ТӮТИНОМА»

Дар «Тӯтинома» бисёр қиссаю ҳикоёте оварда шудааст, ки дар онҳо кору рафтори шоҳон, ройҳо (дар забони ҳиндӣ подшоҳро рой мегӯянд) нисбати раъият, ҳокимону волиён, қозию муфтӣ ба калам дода шудаанд. Дар онҳо кору рафтори шоҳон гоҳ мазаммат карда шудааст ва гоҳ таърифу тавсиф. Кору амали онон дар ҳар ду маврид ҳам асосан дар зимни ашхоси таърихӣ ҷамъбаст гардидаанд. Нависанда дар баробари инъикоси хислатҳои шоҳони одилу раъиятпарвар ба шоҳони золим, агарчи мусулмон ҳам бошанд, назари нек надошт. Ин аз он сабаб, ки дар рӯзгораш шоҳони золими таърихӣ хеле зиёд буданд. Худи кору амали Алоуддини Хилҷӣ (1296-1316), Қутбуддини Муборакшоҳ (1316-1320), Ғиёсуддин Муҳаммади Туглуқ (1320-1351) мисоли равшани фикри мо шуда ме гавонанд. Онхо шоҳони золим, ғосиб ва ҷоҳил буданд. Илова ба ин, барои тоҷу тахт якдигарро ба қатл расониданд. Муборакшоҳ Хизрхони бародарашро аввал кӯр кард ва пасон ба қатл расонид, ки Зиёи Нахшабӣ шоҳиди чунин ҳодисаҳои нанговари хунин буд. Метавон гуфт, ки беҳтарин хисоли неки шоҳон дар симои ройи (подшоҳи) бузурги ҳиндувон Викрамодит ҷамъбаст гардидааст. Шоҳи одил бояд ба чунин сифатҳо ороста бошад: «...бори раоё кашанд ва ғами раоё хӯранд, аз дастшударо дастгир шаванд ва дармондаро поймардӣ кунанд». Ройи бузург (дар ҳикоёти шаби 7-ум) барои ба мақсад расонидани ҷавонмарди камбизоат, ки ба духтари подшоҳе ошиқ шудааст, як бори фил зар медиҳад ва ҳатто омода аст, ки ҷони азизашро дар ин роҳ қурбон намояд.

Нахшабӣ дар бисёр ҳикоёт зулму бедодӣ, бехирадию беандешагии рой ва подшоҳонро ба тарзи тамсил ба қалам додааст, ки хонанда пас аз мутолиаи он аз ҳақиқати он ба тезӣ огоҳ мегардад. Масалан, дар ҳикоёти шабҳои 7, 40 ва 51 ҳамин масъалаҳо бо камоли маҳорат инъикос ёфтаанд.

Дар ҷойи дигар Нахшабӣ ба шоҳони замонааш ҳушдор медиҳад, ки агар зулму бедодиро дар ҳаққи раъият раво бинанд, душманашро ба мулкаш даъват менамояд ва давлат ба осонӣ аз дасташ меравад. Дар поёни ҳикоят хулосаи нависанда бо қитъаи зер ҷамъбаст шудааст:

Нахшабӣ, зулм бадтарин чиз аст,

Аз ситам синаҳо кабоб шаванд.

Ҳар кӣ бо хонае кунад зулме,

Хонааш оқибат хароб ишвад.

Ниҳоят, нависанда ба чунин хулоса омадааст: «Оре, чун ба дидаи имтиҳон бубинед ва ба чашми ҳақиқат нигоҳ кунед, ботини подшоҳ ҷамъ ҳам намебояд, ки ҷамъияти ботини эшон парешонии халқ аст».

Дар «Тӯтинома» нависанда ҳикоётеро овардааст, ки дар онҳо мақоми вазирону дабирони хирадмандро басо бузург шуморидааст. «Оре, султони мутлақи таоло агарчи мулуку салотинро неъмати бисёр бидиҳад, аммо эшонро ҳеҷ неъмате болотар аз вазири некӯрой нест.