САҶЪ ВА НАВЪҲОИ ОН

САҶЪ ВА НАВЪҲОИ ОН

 

Саҷъро муҳаққиқон як намуди санъати бадеӣ донистаанд. Саҷъ калимаи арабӣ буда, маънои наво, савт ё овози хуши мургони хушхон - мисли булбул, қумрӣ, тӯтиро дорад. Ва аслан ҳам садои мургони ёдшуда дилангез буда, ба ҳам монанд нестанд. Саҷъ ҳамчун як намуди санъати бадеӣ ё ҳамчун истилоҳи адабиётшиносӣ калимаҳоеро медонанд, ки онҳо дар наср дар фосилаҳои муайян бо ҳам ҳамрадиф, ҳамқофия ва ҳамвазн гардида бошанд. Яъне, дар як ҷумла чанд калимаю ибора пас аз фосилае омада, пораҳоро як низом мебахшанду оҳангнокӣ ва савтиёти онҳоро таъмин мекунад. На танҳо пораҳои як ҷумла, балки ин ҳамоҳангию ҳамқофиягӣ дар байни ҷумлаҳои як матн низ шуда метавонанд.

Ҳамин тавр калима, ибора ва порчаҳои алоҳидаи саҷъдорро, ки дар матн омадаанд, метавон насри мусаҷҷаъ номид. Масалан, аз «Гулистон»-и Саъдӣ: «Ҷамоате оҳанги гурез карданд. Писар наърае бизаду гуфт: - Эй мардон, бикӯшед, то ҷомаи занон напӯшед!” Боз: - Хомӯш, ки дар пастӣ мурдан беҳ, ки ҳоҷат пеши касе бурдан. Дар ҷумлаи аввал «Мардон бикӯшед» бо «занон напӯшед» саҷъ шуда омадаанд. Дар ҷумлаи дуввум бошад, калимаҳои мурдан ва бурдан, ки ҳамқофия шудаанд, намунаи мукаммали санъати насри мусаҷҷаъанд.

Саҷъ метавонад дар охир, мобайн ва, ҳатто, дар аввали ҷумла биёяд. Он мисоле, ки дар боло бо ҳам дидем, дар охири ҷумлаҳои содда омадаанд. Мисоли дигар: «Подшоҳе ба дидаи ҳақорат дар тоифаи дарвешон назар кард. Яке аз он миён фаросат ба ҷой оварду гуфт:

- Эй малик! Мо дар ин дунё ба ҷайш аз ту камтарему ба айш хуштар!».

Дар ҷумлаи боло калимаҳои ҷайшу айш бо ҳам ҳамқофия ва ҳамвазн шуда омадаанд. Баъдан дар ин ҷо насри мусаҷҷаъ дар мобайни ҷумла воқеъ гардидааст.

Мурод аз истифодаи насри мусаҷҷаъ чист?

1.   Нависанда ба хотири беҳтару хубтар хонандагонашро аз маънию мӯҳтавои асар бархӯрдор кардан дар лаҳзаҳои мувофиқ аз насри мусаҷҷаъ истифода мебарад. Аз тарафи дигар, андешаи адибро таъсирбахшу гуворо мегардонад.

2.   Насри мусаҷчаъ барои мушаххас шудани қаҳрамон ва персонажҳои асари бадеӣ ёрии калон мерасонад. Ашхосе, ки дар гуфторашон аз насри мусаҷҷаъ бамаврид истифода мебаранд, ба назари хонанда камолоти маънавияшон ошкор мегардад. Зеро насри мусаҷҷаъро ҳар қаҳрамон ё ҳар фард дар каломаш истифода бурда наметавонад. Бояд ӯ, пеш аз ҳама, забои ва балоғату фасоҳати суханро бидонад.

3.   Нависанда ба воситаи насри мусаҷҷаъ хонандаашро тарбияи маънавӣ медиҳад. Нисбат ба забони модарӣ меҳру муҳаббат, шавқу рагбаташро афзун мегардонад.

4.   Гузашта аз ин, барои забономӯзӣ, забондонӣ ва дар баробари ин рушду камол ва ғановати фонди луғавии шогирдон ва хонандагони сершумор заминай устувор мегузорад. Бахусус мактабиён ба насри мусаҷҷаъ бештару беҳтар бояд таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд ва пора-пора насри саҷъдорро бояд ҳифз кунанд.

Насри мусаҷҷаъ таърихи куҳан дорад. Он ҳанӯз аз асрҳои IX-X оғоз ёфта, нахуст сода буд ва пасон дар асрҳои XI-XII мураккаб гардид. Намояндагони ҷараёни тасаввуф Абдуллоҳи Ансорӣ, Ҳамидуддини Балхӣ, Абусаиди Абулхайр ва дигарон дар асарҳояшон аз ин санъати сухан бамаврид истифода бурдаанд. Дар асрҳои XIII-XV насри мусаҷҷаъ боз ҳам инкишоф ёфт. Махсусан дар асарҳои насрӣ ва назмии Шайх Саъдӣ саҷъ мақоми арзанда пайдо кард. Саъдӣ беҳтарин андешаҳои хешро дар «Гулистон» ва дигар асарҳояш бо насри мусаҷҷаъ ороста намуд.

Муҳаққиқони пешин ва имрӯз хусусиятҳои насри мусаҷҷаъро ба назар гирифта, онро ба се навъ қисмат намудаанд, ки ҳоло ҳар кадомеро дар алоҳидагӣ аз назар хоҳем гузаронд.

Ҳамин тавр, санъати насри мусаҷҷаъ ба навъҳои: 1. Саҷъи мутавозӣ, 2. Саҷъи мутарраф, 3. Саҷъи мутавозин қисмат шудааст.

1.   Саҷъи мутавозӣ

Донишмандони улуми адабӣ саҷъи мутавозиро ба тарзи зайл шарҳ додаанд. Агар дар охири ду ё зиёда ибора ва ҷумлаҳои сода калимаҳое оварда шаванд, ки он калимаҳо бо ҳамдигар ҳамқофия, ҳамвазн ва аз ҷиҳати микдори ҳарфҳо баробар бошанд, ин санъатро саҷъи мутавозӣ мегӯянд. Масалан: «Ҷазои он ҳам бад-ӯ расида ва расво ва парда дарида шавад».

Дар ин ҷумла калимаҳои расида ва дарида ба ҳам қофия шуда, санъати саҷъи мутавозиро ташкил намудааст.

2.   Саҷъи мутарраф

Агар калимаҳои охири ду ё зиёда ибора ва ҷумлаи сода дар ҳарфи равӣ мувофиқ, яъне ҳамқофия буда, дар вазн ва адади ҳарфҳо иттифоқ набошанд, саҷъи мутарраф аст. Мисол:

«Ҳама хона ороста ва саҳну capo аз чангу ғубор пироста, обу таом тайёр ва сарви ноз дар канор, модари зан ҳамчун ходиме хизматгор».

Дар мисоли фавқ калимаҳои ороста-пироста, тайёр-дар канор-хизматгор саҷъи мутарраф шуда омадаанд. Зеро дар ин матн баробарии ҳарфҳо ва вазн риоя нашудааст. Яъне, танҳо қофия роли асосй бозидааст.

3.   Сачъи мутавозин

Ағар дар ҷумлаҳо калимаҳо ё ибораҳои охир вазн дошта бошанду қофия, яъне ҳарфи равӣ набошад, дар он сурат он саҷъи мутавозин аст. Чанд мисол: «Як шаб тааммули айёми гузашта мекардам ва ба умри талафкарда таассуф мехӯрдам». «Ва бо сабаби он, ки дар он марғзор шикор бисёр буд, сайёдон он ҷо омадушуд бештар кардандӣ ва пайваста ҷиҳати сайди вуҳуш ва қайди туюр доми ҳилла густурдандӣ».

Дар назм ҳам санъати саҷъ истифода мешавад. Он навъҳое, ки дар боло гуфтем, барон шоистаю пироста кардан ва балоғату фасоҳати сухан мавриди истифода қарор дода шудаанд.


Реклама