Мавқеи латифаҳои халқӣ дар асар

Мавқеи латифаҳои халқӣ дар асар

Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳангоми баёни масъалаҳои мухталифи зиндагӣ ба эҷодиёти даҳонакии халқ муроҷиат намудааст. Ӯ аз образу сужет ва жанрҳои дигари халқӣ кариб дар ҳамаи асарҳояш истифода бурдааст. Махсусан, «Баҳористон» аз латифаю мутоибаҳои халқӣ хеле сероб аст.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар равзаи 6-уми «Баҳористон» латифаи «Фақат шумо ва ман мондаем»-ро овардааст. Дар ин ҷо ҳаҷви нависанда ҷанбаи иҷтимоӣ мегирад. Махсусан қитъае, ки дар анҷоми латифаи халқӣ оварда мешавад, афкори шоирро ҷамъбаст намудааст. Чунончи:

«Тавонгаре дар ахди яке аз золимон бимурд. Вазири он золим писари вайро талаб кард ва пурсид, ки падари ту чӣ гузоштааст?

Гуфт:

-Аз молу манол чунин ва чунон ва аз ворисон вазири кабирро ва ин фақири ҳақирро:

Қитъа:

Зулмпеша вазир нашносад,

Ҷуз ҳақи подшоҳ моли ятим.

А дл донад, агар барад батамом,

Фазл донад, агар кунад ба дуним.

Дар варианти халқии ин латифа персонажҳои асосӣ Мушфиқӣ ва қозӣ мебошанд. Дар байни онҳо фарқи калоне дида намешавад. Ҳодиса айнан такрор меёбад. Танҳо дар варианти халқӣ шеър оварда нашудааст.

Ҷомӣ ба воситаи латифаи мазкур зулму истисмори табақаҳои болои ҷамъият, вазирон ва ҳокимони замонаашро тасвир кардааст.

Ӯ дар латифаи «Аз мурдаҳо шарм мекунам» нодонию бефаҳмӣ ва дигар хислатҳои табибони замонаашро ба зери тозиёнаи танқид мегирад. Аз дасти ҳамин навъ табибони нодон одамони зиёд аз дунё чашм пӯшидаанд, ки шоир нисбат ба онҳо бо нафрат сухан меронад.

Ҷомӣ дар поёни латифаи мазкур рубоие низ илова кардааст, ки ин ҷамъбасти фикри муаллиф дар бораи табибони замонааш мебошад. Дар байни латифаи халқӣ ва Ҷомӣ аз ҷиҳати забои низ чандон фарқи зиёде нест.

Масалан, латифа дар варианти Ҷомӣ:

«Табиберо диданд, ки ҳар гоҳ ба гӯристон расидӣ, ридо[1] ба cap кашидӣ. Сабаби онро суол карданд. Гуфт:

— Аз мурдагони ин гӯристон шарм медорам, ки бар ҳар кӣ мегузарам, зарбати ман хӯрдааст ва дар ҳар кӣ менигарам, аз шарбати ман мурдааст».

Дар латифаи халқӣ:

«Як табиб ҳар вақт, ки аз пеши гӯристон мегузашт, рӯяшро бо бари ҷомааш мепӯшонид. Рӯзе як ҳамроҳи вай сабаби ин ҳолро пурсид.

Гуфт:

-Ман аз мурдаҳои ин қабристон шарм мекунам, зеро ки аксарият аз дорувориҳои ман мурдаанд».

Чунонки аз ин намунаҳо дида мешавад, мазмун ва моҳияти латифаҳои халқиро Абдурраҳмони Ҷомӣ тағйир надодааст. Ш оир онро моҳирона бо баъзе тафовутҳои услуби дар «Баҳористон» истифода бурдааст ва ба ин восита бо ақидаю афкори халқӣ меҳнаткаш ҳамфикр будани худро нишон дода, табибони ҷоҳили замонаашро мазаммат мекунад.

Ғайр аз ин, дар эҷодиёти худ Ҷомӣ аз тамсилҳои халқӣ ба хубӣ истифода бурдааст. Ҳар як тамсили истифодашуда бо мавзӯи асосии асари шоир алоқаманд буда, аз ягон ҷиҳат онро пурра мегардонад.

Ҷомӣ ашхоси гумроҳу нодонро, ки аз рӯи мансаб ва сарват худро бузург шуморида, ба дигарон бо назари таън менигаристанд, ба зери тозиёнаи танқид меғирад. Барои фош кардани сирати онҳо латифаи халқии «Кӯр ва бино»-ро меорад. Нависанда ба воситаи асари халқӣ мардумони табақаи болои ҷамъиятиро ба фурӯтанӣ ва хоксорӣ даъват намудааст. Латифа дар варианти халқӣ ин тавр оғоз ёфтааст:

«Нобиное дар шаби торик бо фонус аз як кӯчаи пурлой меғузашт. Аз рӯ ба рӯи ӯ касе баромад». Дар Ҷомӣ: «Нобиное дар шаби торик чароғе дар даст ва сабуе бар дӯш дар роҳе мерафт. Фузуле ба ӯ расиду гуфт». Дар ҳар ду вариант ҷавоби нобино як аст. Дар варианти халқӣ:

«- Ман фонусро на аз барои худ, балки аз барои ту барин биноҳои кӯр мебардорам, то ки ба ман бархӯрда ба лой нағалтонанд».

Дар варианти Ҷомӣ:

«...ин чароғ на аз баҳри худ аст, аз барои чун ту кӯрдилони бехирад аст, то ба ман паҳлу назананду сабуи маро нашикананд».

Аз намунаҳои овардашуда чунин ба назар мерасад, ки тафовут дар ҷавоби ин ду вариант асосан дар забон ва тарзи баён аст. Ҷавоби ҳар ду вариант танҳо як мазмунро ифода менамоянд. Дигар, он ки дар хотимаи варианти Ҷомӣ мазмун ва идеяи асосии латифа аз тарафи шоир бо қитъае ҷамъбаст карда мешавад.

Масалан:

Ҳоли нодонро зи нодон беҳ намедонад касе,

Гарчи дар дониш фузун аз Буалй Сино бувад.

Таъни нобино мазан, эй дам зи Биноӣ зада,

3-он ки нобино ба кори хештан бино бувад.

Ғайр аз ин, Ҷомӣ дар қитъаи мазкур аз зарбулмасали халқии «Девона ба кори худ ҳушёр» моҳирона истифода бурдааст. Дар намунаи мазкур мисраи чорум айнан варианти зарбулмасали боло мебошад. Аз ин ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки зарбулмасали «Девона ба кори худ ҳушёр» дар асри XV низ дар шакли «Нобино ба кори хеш бино бувад» дар байни халқ маълуму машҳур будааст.

Услуб, воситаҳои тасвир ва аҳамияги «Баҳористон». Бояд гуфт, ки дар байни «Баҳористон»-и Ҷомӣ ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ чи аз ҷиҳати услуби нигориш ва чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи идеявӣ ҳамоҳангии бисёре мушоҳида мешавад.

Монандии ин ду шоҳасар, пеш аз ҳама, дар он аст, ки ҳар ду ба мавзӯи панду ахлоқ бахшида шудаанд. Онҳо маҷмӯи ҳикоятҳои хурди ахлоқӣ буда, ҳар як ҳикоят бо рубоӣ, қитъа ё байте ҷамъбаст карда мешавад.

Бо вуҷуди ин, онҳо аз якдигар фарқ ҳам доранд. Боби 7-уми «Баҳористон» тамоман нав аст. Илова бар ин, Ҷомӣ дар оғози ҳар як боб мукддҷимачае илова кардааст, ки дар «Гулистон» ба назар намерасад.

«Баҳористон» бо забони сода иншо шудааст. Аз ин ҷиҳат дар насри адабиёти асри XV ва умуман насри классикӣ беназир аст. Хонанда дар баробари аз онҳо гирифтани панду андарзҳои судбахш аз забони дилангез ва санъати суханварии нависанда руҳ мегирад. Масалан: «Рузе дар фасли баҳорон бо ҷамъе аз дӯстон ва ёрон ба ҳавои гашт ва тамошои саҳрову берун рафтем. Чун дар мавзее хуррам манзил сохтем ва суффа андохтем, аз дур саге онро дид ва зуд худро ба он ҷо расонид...».

Дар намунаи боло мо ягон калима ё ибораи душворфаҳмро намебинем. Матн барои хама равшан аст. Дар ин ҷо як лаҳзаи зиндагӣ, ба саёҳати саҳрою дашт бо дӯст фасли баҳорон баромадаии нависанда бо камоли маҳорат тасвир ёфтааст. Ҷомӣ аз санъати садъ ба хубӣ истифода бурдааст: -«Фасли баҳорон бо ҷамъе аз дӯстон ва ёрон», «ҳавои гашт», «саҳрову дашт», «дид» ва «расонид» бо якдигар қофия шуда, ҳикоятро пуробуранг ва таъсирбахш кардаанд. Як мисоли дигар: «Сурхзанбӯре бар магаси асал зур овард, то вайро тӯъмаи худ созад. Ба зорӣ даромад, ки:

-   Бо вуҷуди ин ҳама шахду асал маро чӣ қадру махал, ки онро бигузорӣ ва ба ман рағбат орӣ?

Занбӯр гуфт:

-   Агар он шахд аст, ту шаҳдро конӣ ва агар он асал аст, ту сарчашмаи онӣ!».

Ҳикояти боло мазмуни чуқури иҷтимоӣ дорад. Ҷомӣ дар ин ҳикоят дар образи сурхзанбӯр золимонро нишон дода, кирдорҳои ношоистаи онҳоро мазаммат мекунад. Золимони хунхор ҳаргиз ба мардуми меҳнатӣ раҳму шафқат надоранд. Онҳо монанди ҳамон сурхзанбӯр ҳамеша аз пайи ранҷу озори занбӯрҳои оддӣ, занбӯри асал, ки онҳо неъматҳои моддӣ, асал меофаранд, ҳастанд. Ҷанбаи иҷтимоии ҳикоят аз ин нигоҳ хеле пурқувват аст. Ҷомӣ ин гуна мазмунҳои олиро ба воситаи тамсил пардапӯшона тасвир кардааст. Забой ва тарзи баёни ҳикоят равон ва басо латифу дилкаш аст. Махсусан, ҷумлаи охирини ҳикоят: -«Агар он шаҳд аст, ту шахдро конӣ ва агар он асал аст, ту сарчашмаи онй» каломи мавзунро ба хотир меорад. Дар ин ҷо ягон калима ё ибора беҷо набуда, таносуби қавии онҳо риоят шудаанд ва гӯшнавозиву ҳамоҳангии баёнро таъмин сохтаанд.

Панду андарзҳои «Баҳористон» ҳар як фарди ҷомеаро ба матонату устуворй, далерию ватандустӣ, ростию поквичдонӣ, ҳунаромӯзӣ даъват менамояд. Асари мазкур ба забонҳои гуногуни халқҳои дунё тарҷума шудааст. Асар шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад.

[1] Ридо - чодире, ки бар душ гиранд; лунҷӣ