РӮЗГОРИ ИБНИ ЯМИН (1286-1368)

РӮЗГОРИ ИБНИ ЯМИН (1286-1368)

Амир Фахриддини Маҳмуд Ибни Яминиддин соли 1286 дар деҳи Фарюмад, ки 16 фарсанг дуртар аз шаҳри Сабзавор воқеъ гардида буд, ба дунё омад. Падари Амир Фахриддини Махмуд Яминиддин ном дошт ва марди соҳибмаърифат ва шоир буд. Яминиддин дар дарбор, дар назди вазири Хода Алоуддини Маҳмуд вазифаи муставфигиро[1] ба зимма дошт ва рӯзгори хуш доштанд. Ӯ дар ҳамин оила рушду камол ёфт ва бо дастгирии волидайн илм омӯхт ва соҳибмаълумот гардид. Амир Фахридҷин барои такмили дониш ба шаҳри Сабзавор рафт ва дар пеши бузургони илму адаб дониши хешро сайқал дод. Ӯ асосан илми шеъру адаб ва арӯзу қофияро дар назди падар омӯхт. Падари Фахриддини Маҳмуд нозукиҳои пешаи шоириро ҳам аз нигоҳи назарй ва хам амалӣ хеле хуб медонист ва онро ба фарзандон таълим дод. Чун Амир Фахриддини Махмуд бузург шуд ва ба шеър гуфтан оғоз кард, барои худ тахаллуси Ибни Яминро лоиқ донист ва пасон бо ҳамин унвону тахаллус дар байни хосу ом маъруфу машҳур гардид.

Аммо ин ҳаёти пурнишоту рӯзгори хуш дер давом накард. Нахуст падари Ибни Ямин соли 1322 вафот кард. Шоир маҷбур шуд, ки ба дарбори Хода Алоуддин биёяд. Маҳз дар ҳамин давра дар ситоиши Хода Алоуддин қасидаҳои мадҳӣ иншо намуд. Аммо дар дарбор ба ӯ рӯи хуш надоданд. Бинобар ин, мадбур шуд, дарборро тарк намояд. Пас ба Гургон рафт ва чанд мудҷат дар хизмати ҳокими он дой бимонд. Дар ҳамин вақт Сарбадорон зуҳур намуданд. Косаи сабри мардум аз зулму тааддии истилогарони мугул лабрез шуд ва баҳри озодӣ ба қиём хестанд. Ибни Ямин хам ба Сарбадорон хамроҳ шуд ва ҳам бо камону шамшер ва хам бо калам муборизаро cap кард. Ибни Ямин дар яке аз муҳорибаҳои шадид, ки соли 1342 дар шаҳри Зовани вилояти Хуф ба амал омада буд, асир афтод.

Ҳамин тавр, Ибни Яминро дар қатори асирон ба Ҳирот оварданд. Он до дор сол дар зиндон ранду озор дид. Ҳамеша дар пеши назараш симои модари меҳрубон ва кӯдакони хурдсолаш ҷилвагар буданд. Бо ёди онҳо шабонро дар зиндон руз мекард. Ӯ ғаму дарди хешро бо шеърҳои ҷигарсӯзаш таскин мебахшид. Барояш зиндонбони ғамгусор дафтар, давоту қалам меовард. Баъзе қитъаоти дардноке дар кунҷи зиндон эҷод бикард. Овозаи ин ба гӯши Амир Ҳусайни Курт расид ва бо амри ӯ Ибни Ямин аз зиндон озод шуд. Пасон шоир соли 1347 назди пайвандону модари мушфиқи меҳрубон озими роҳ шуд. Чун ба деҳи Фарюмад ворид гардид, модари ғамдида гӯё болу пар кушод ва бо пайвандон писари шоирашро истиқбол гирифт. Аз чашмони фурӯрафтаю меҳрангези модар донаҳои ашки шодй метаровид. Модар писарашро ба огӯш кашида, бӯсаборон мекард. Шодии фарзандон ҳадду канор надошт.

Ибни Ямин то поёни умр дигар зодгоҳашро тарк накард. Боги ноободи падарро боз обод намуд. Дар канортари он боғи нав бунёд кард. Ӯ меҳнат мекарду эҷод хам. Дар асарҳои офаридааш ҳодисоту воқеоти аз cap гузарондаашро хеле воқеъбинона руйи дафтар меовард. То тавонист, то дар ёд дошт, адабёти девони гумкардаашро барқарор намуд.

Хулоса, Ибни Ямин умри бобаракат дид. Соли 1368 дар зодгоҳаш - деҳаи Фарюмад аз дунё гузашт. Шоирро дар паҳлӯи падар ба хок супориданд.

[1] Муставфӣ- мансаб, сардори муҳосибон ё сармусоҳиб