МЕРОСИ ИЛМИ ВА АДАБИИ КОШИФӢ

МЕРОСИ ИЛМИ ВА АДАБИИ КОШИФӢ

Ҳамон тавре, ки дар боло ишорат шуд, Ҳусайн Воизи Кошифӣ донишманди мумтоз ва нависандаи маъруфи адабиёти тоҷику форс маҳсуб меёбад ва зиёда аз 40 асари илмию адабӣ офаридааст, ки дар зер муҳимтарин асарҳои Кошифиро зикр хоҳем кард:

1.   «Сабъаи Кошифӣ». Ин асар соли 1473 - 1504 навишта шуда, дар бораи илми нучум бахс мекунад. Дар ин асар муҳаққиқ дар бораи ҳафт ситора маълумот до да, хусусиятҳои хоси онҳоро баён кардааст. Ҳамин тавр, хонанда мувофиқи инкишофи илми онрӯза дар бораи ситораҳои ҳафтдодарон маълумоти муфассали илмӣ ва амалӣ мегирад. Умуман, дар асри XV илми нуҷум хеле пеш рафт. Дар расадхонаи Мирзо Улуғбек бисёр донишмандони соҳибном, чун Алии Қушчӣ, Қозизодаи Румӣ ва Хусайн Воизи Кошифӣ кор карда, вазъи ҷирмҳои осмониро муайян менамуданд ва пасон мисли Кошифӣ андешаҳои худро дар асарҳояшон ҷамъбаст мекарданд.

2.   Метавон бо камоли боварӣ зикр кард, ки Кошифӣ дар пешаи тафсири «Қуръон» камназир будааст. «Тафсири Ҳусайнӣ» яке аз шоҳкориҳои ин донишманд буда, тайи беш аз 500 сол аст, ки дар кишварҳои ислом дар байни муслимин даст ба даст мегардад ва маълуму машҳур аст. «Тафсири Хусайнӣ» дар байни солҳои 1492-1494 иншо шудааст. «Қуръон»-ро тафсир намудан кори ҳар кас нест. Бояд тафсиргар дониши комил дошта бошад ва боз аз илмҳои дигар, фарҳангу адаби халқҳои мухталифи кишварҳои ислом вуқуфи тамом дошта бошад. Кошифӣ аз ин илмҳо бархурдор буд ва тавонист ин асари бузургро офарад. Кошифӣ пеш аз Хусайн Воизи Кошифӣ соли 1470, яъне дар 50- солагиаш ба тафсиркорию тарҷумаи асарҳои ахлоқию динӣ даст задааст. У чил ҳадиси Расули акрамро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ба назму наср баргардонида, онҳоро бо далелу бурҳонҳои қотеъ шарҳ додааст. Ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммади Мустафо, ки дар мавзӯъҳои ахлоқӣ будаанд, аз тарафи Кошифӣ бо абёти адибони бузурги гузашта ва муосираш ба хонандагон фаҳмонда шудаанд. Ин рисола бо номи «Рисолатулилмия фи аҳодисиннабавия» машҳур мебошад. Мазмун ва мӯҳтавои ҳодисаҳои он ин аст, ки Расули Худо дарёфти дониш ва амалӣ гардондани онро зарур медонад.

4.   Номанависӣ ё иншонигорӣ яке аз илмҳои муҳими асрҳои миёна буд. Вале дар бораи хусусиятҳои илмӣ ва назарии ин фан маълумот хеле кам буд ва аҳли қалам ба чунин асарҳои назариявй ниёзи сахт доштаанд. Кошифӣ ин камбудиро дарк кард ва доир ба ҳамин илм «Махзанулиншо»-ро офарид. Асари мазкур ҳам ҷанбаи назарӣ ва ҳам амалӣ дорад. Муаллиф аз нигоҳи назарй хусусиятҳои иншонигорӣ, номанависӣ, сабку усули хосаи ин фанро баён намуда, пасон доир ба ҳар як навъи он мисолҳои мушаххас меорад, ки бисёр андешаҳои мутафаккир имрӯз ҳам қобили қабуланд ва аҳамияти калони назарӣ ва амалиро доро мебошанд.

5.   «Бадоеъулафкор фи саноеъулашъор». Ин асар ҷанбаи назарӣ ва ҳам амалӣ дорад. Мусаллам аст, ки доир ба илми адабиётшиносӣ ҳанӯз дар асрҳои X-XI асарҳои пурарзиш офарида шуда буданд. Ин анъана дар асри XV ҳам давом ёфт. Асари «Бадоеъулафкор» маҳз ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Аз нигоришоти Кошифӣ равшан мегардад, ки у ин мавзӯи мураккаби адабиро хеле хуб медонистааст. Кошифӣ андешаҳои муҳаққиқони асрҳои пешинро омӯхта, онҳоро аз нигоҳи нав, аз нуқтаи назари танқидӣ ҳаллу фасл намудааст. Кошифӣ дар бораи 300 санъати бадеӣ маълумот дода, ҳар як санъати бадеиро бо мисолҳои мушаххас ба хонанда мефаҳмонад. Ҳусайн Воиз ин асарро соли 1489 иншо намудааст.

6.   «Саргузашти Ҳотам». Ин асар дар байни мардум машҳур аст. Дар бораи Ҳотами Тай дар байни халқҳои Арабу Аҷам нақлу ривоятҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳотам ҳамчун шахси таърихӣ дар асри VII дар Арабистон зиндагӣ мекард. Ӯ марди саховатпеша ва накӯкор буд. Вале ба ин дараҷае, ки дар бораи ӯ ровиёну ноқилон, адибону таърихнигорон нигоштаанд, набудааст. Яъне дар масъалаи ҷуду саховат нигорандагони асрҳои пешин ба муболиға роҳ додаанд ва беҳтарин андешаҳои хешро доир ба мавзӯи ҷуду сахо дар нақши Ҳотам ба қалам додаанд ва ӯро ба як шахси афсонавӣ монанд кардаанд.

Ин асари Ҳусайни Воизи Кошифӣ бо чанд ном зикр шудааст. Онро гоҳ «Ҳотамия», «Саргузашти Ҳотам» ва «Ҳотами Тай» ном мебаранд. Шояд дурусттараш «Саргузашти

Ҳотами Тай» бошад. Дурустии ин ном аз он хотир аст, ки воқеъан Ҳотам ҳамчун шахси таърихӣ ба қабилаи Тайи араб мансуб аст. Ҳотам шоир буду марди саховатпеша, ана ҳамин чиз ӯро дар дунё машҳур кард. Ӯ пеш аз вуруди Ислом рӯзгор дошт. Пас аз маргаш дар байни мардуми араб дар бораи саховатмандии Ҳотам накду ривоёт пайдо шудаанд. Баъд, бо омадани Ислом ба сарзамини Мовароуннаҳру Хуросон, дар байни аҳолӣ нақлу ривоятҳо дар бораи Ҳотам паҳн шуд ва ҳамин тавр то асри XV, то замони Ҳусайни Воизи Кошифӣ омада расидаанд. Бештари ин нақлу ривоятҳо бо забони арабӣ буданд. Кошифӣ онҳоро гирд овард, омӯхт ва ба забони тоҷикӣ тарҷума намуд. Ҳамин тавр, дар натиҷаи саъю талошҳои зиёд, меҳнату заҳмати нависанда китоби хондание бо номи « Саргузашти Ҳотами Тай» ба вуҷуд омад.

Аз нигоҳи сабки нигориш «Саргузашти Ҳотами Тай» мисли асарҳои насрӣ ривояги қисса андар қисса ё ҳикояти андар ҳикоят аст. Барои фаҳмидани мазмуну моҳияти як ҳикояти аввал чандин ҳикояти дигарро бояд мутолиа кард. Онҳо ба ҳам чун лаълпораҳои ба як ришта кашидашуда ё донаҳои тасбеҳ шабеҳ ҳастанд. Аммо як фарқи назарраси асари Кошифӣ аз онҳо дар он аст, ки қамаи ҳикояту ривоят дар гирду атрофи як шахси таърихӣ - Ҳотам шомил гардидаанд. Бисёр навоварию тозакориҳо аз лиҳози забон ва тарзи гуфтор ба сабки баёни Ҳусайн Воизи Кошифӣ хос аст. Метавон асари Кошифиро аз нигоҳи забону тарзи баён дар байни насри ривоятӣ ва насри адабӣ ба як шоҳпул монанд кард. Баъзе қиссаҳои он ба повесту романҳои имрӯза монанд мебошанд. Чунин асарҳо дар рузгори пешин барои мардуми оддӣ, камсавод дастрас буд ва суди беш ҳам меовард. Дар маъракаву ҷамъомадҳо, дар масҷиду бозорҷойҳо бозори қиссахонон хеле гарм буд, ки яке аз асарҳои хонданӣ ҳамин «Саргузашти Ҳотами Тай» маҳсуб шуд. Бештари адибони бузурги мо аз ин файз баҳра бурда бурданд ва пасон бо камоли ифтихор он рӯзҳоро ба ёд меоварданд.

«Саргузашти Хртами Тай» аз ҳафт боб иборат аст. Ҳар як қисм мустақил буда, дар онҳо кору рафтори Ҳотам инъикос ёфтааст. Агарчи ин ҳафт боб мустақиланд, боз бо ҳам аз нигоҳи мавзӯъ, мақсади ягона доштанашон ва қаҳрамони асосӣ Ҳотам буданашон пайванданд.