МЕРОСИ АДАБИИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

МЕРОСИ АДАБИИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ҳамчун адибу файласуф шӯҳрат дорад. Ин ду пеша - илму адаб дар эҷодиёти ӯ тавъам бо ҳам пайванданд. Яъне, мутафаккир андешаҳои фалсафӣ ва ирфонии худро ба воситаи каломи бадеъ баён намудааст. Дар бораи он, ки аз ин ду пеша дар кадомаш муқаддамтар буда бошад, ба як хулоса омадан душвор ва ҳатто номумкин аст. Вақте, ки ғазалиёти ӯро қироат мекунед, аз салосату балоғат, аз ширинию фасоҳати каломи рӯҳбахшаш ангушти ҳайрат мегазед ва ӯро аз шоирони тавонои адабиёти классикӣ мешуморед. Яке аз шарқшиносони маъруфи дунё Е.Э. Бертеле барҳақ гуфтааст, ки агар лирикаи Ҷалолиддини Румӣ ба ахли илму адаб, ва умуман ба забони мардуми Аврупо тарҷума мешуду дастраси онон мегардид, бешубҳа, ин нобиғаи адабро дар қатори Байрон, Ҳёте, Гсӣне, Флобер мегузоштанд ва аз ғазалиёти шӯрангезу дилангезаш як ҷаҳон лаззат мебурданд.

Номгӯи мероси адабии Ҷалолиддини Балхӣ аз нигоҳи микдор чандон зиёд нест, аммо асарҳояш ҳаҷман бузурганд. Мероси адабии ӯ асосан аз «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Девони кабир» иборат мебошад. Ғазалҳои орифона дар «Девони кабир» мақоми шоиста доранд.

Мавзӯъҳои иҷтимоӣ, ахлоқӣ дар ғазалу рубоиёт ва қитъаоту тарҷеоти адиб дида мешаванд. Масалан, шоир дар рубоии зер он касонеро, ки умрро беҳуда мегузаронанд, мазаммат мекунад. Шоиста он бошад, ки аз пайи амале кӯшӣ, ба халқ нафърасон бошӣ:

Бедор шав, эй дил, ки ҷаҳон мегузарад,

В-ин мояи умр ройгон мегузарад.

Дар манзили тан махуспу гофил манишин,

К-аз манзили умр корвон мегузарад.

Шоир саодатмандӣ, бахту некрӯзии инсонро дар покии вичдон, ростгӯйию растагорй ва дар бомаърифатии ӯ мебинад ва таъкид менамояд, ки агар одам бо чунин сифатҳо ороста бошад, азизу мукаррам аст ва ҳар ҷо, ки қадам нихад, тоҷи сари мардумон мегардад:

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо, ки равй азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.

Мавлоно дар рубоиёташ ишқи поки инсониро басо самими, дилкаш ва шоирона ба қалам додааст:

Бо ёр ба гулзор шудам раҳгузаре,

Бар гул назаре фикандам аз бехабарӣ.

Дилдор ба ман гуфт, ки «Шармат бодо!

Рухсори ман ин ҷову ту бар гул нигарӣ».

Дар байни рубоиёти Мавлоно мазмунҳои ишқӣ-ирфонӣ низ хеле зиёданд. Ба рубоии зер таваҷҷӯҳ намоед:

Он бут, ки ҷамолу зинати маҷлиси мост,

Дар маҷлиси мо нест, надонам, ки куҷост.

Сарвест баланду комате дорад рост,

К-аз қомати ӯ қиёмат аз мо бархост. ё:

Ин мастии ман зи бодай ҳумро нест,

Ин бода ба ҷуз дар қадаҳи савдо нест.

Ту омадай, ки бодай ман рези?

Ман он мастам, ки бодаам пайдо нест.

Дар рубоии охир шоир таъкид менамояд, ки ман маету мадҳушам, вале ин мастии ман аз бодай сурх, арғувонӣ (ҳумро) нест, ин бодаро касе намехарад ва касе намефурӯшад. Агар мақсадат аз омадану рехтани бодай ман бошад, ба мақсад нахоҳӣ расид, зеро бодай ман «пайдо нест». Маънои бода ишқи илоҳӣ, маърифати роҳи Ҳақ аст. Бале, қаҳрамони лирикӣ мает аст, масти дидори Аллоҳ. Ӯ бода менӯшад, яъне дар роҳи ба мақсад расидан саъю талош дорад ва илму дониш меомӯзад, то ба маъшуқаи (Худой) худ бирасад.

«Фиҳи мо фиҳи». Ин асар бо наср иншо шудааст. Адиб ва мутафаккир андешаҳои фалсафии худро бо сабки адабӣ дар зимни нақшҳои мухталиф эҷод кардааст. Бештар аз эҷодиёти шифоҳӣ истифода бурдааст. Бахусус, дар зимни латифаю мутоибаҳо, наклу ривоятҳо андеша ва афкори хешро ба қалам додааст. Масалан, дар зиндагӣ инсонҳое ҳастанд, ки ҳар гуноҳу кори нохубе зоҳир кунанд, он гуноҳро ҳавола ба Худо мекунанд. Ҷалолиддини Балхӣ чунин рафтори ношоистаро намеписандад ва сахт маҳкум менамояд. «Он яке бар дарахти Қамариддин мева мерехт ва мехӯрд. Худованди боғ мутолиба карда гуфт:

-Аз Худо наметарсӣ?!

Гуфт:

-Чаро тарсам! Дарахт аз они Худо ва ман бандаи Худо, мехӯрам аз моли Худо!

Гуфт:

- Биист, то ҷавоб гӯям. Расан биёред ва ӯро ба ин дарахт бибандед ва бизанед, то ҷавоб зоҳир шудан.

Фарёд баровард:

-Аз Худо наметарсӣ?

-Чаро тарсам, ки ту бандаи Худоӣ ва ин чӯби Худо».

«Муаллим кӯдакеро хат омӯзад, чун ба сатр расад, кӯдак сатр менависад ва ба муаллим менамояд. Пеши муаллим он хама каж аст ва бад. Ба вай ба тариқи санъат ва мадоро мегӯяд: «Ҷумла нек аст ва некӯ набиштӣ, аҳсант! Аҳсант! Илло ин як ҳарфро бад набиштӣ. Чунин мебояд ва он як ҳарф ҳам бад набиштӣ. Чанд ҳарферо аз он сатр бад мегӯяд ва ба вай менамояд, ки чунин мебояд набиштан ва боқиро таҳсин мегӯяд, то дили ӯ нарамад ва заъфи ӯ ба таҳсин кувват тирад ва ҳамчунин ба тадриҷ таълим мекунад ва мадад меёбад».

Ба ин восита Мавлоно таъкид менамояд, ки дили кӯдакро ба хондану навиштан бояд қавӣ гардонд. Ба тарзе камбудию нуқсонашро фаҳмонидан лозим аст, ки дилаш аз хондан намонад, балки шавку рагбаташ бояд рӯз аз рӯз афзун бигардад. Агар ин маврид муаллим кӯдакро маломату сарзаниш кунад, дар ҳақаш суханони қабеҳ гуяд, ки ту намедонӣ, одам намешавй ва ғайраву ғайраҳо, он вақт тир ба ҳадаф намерасад, мурод ҳосил намегардад.

«Бачае дар саҳро ба модар гуфт: «Маро дар шаби торик сиёҳие монанди дев рӯй менамояд ва аз ин метарсам.

Модар гуфт:

-Матарс! Чун он суратро бинӣ, далертар бар вай ҳамла кун, пайдо шавад, ки хаёл аст».

Мавлоно дар ин пора шогирдонро ба нотарсию далерй ҳидоят мекунад ва бо ин гуфтан мехоҳад, ки аз хурдй чунин сифатҳоро бояд волидайн ба фарзандон бигӯянд ва дар ҳамин рӯҳия онҳоро тарбият намоянд.

Мавлоно Ҷалолиддин нисбати мугулҳо нафрат дорад ва дар асарҳояш ҷо-ҷо онҳоро ба зери тозиёнаи танқид гирифтааст.

Охир, аз дасти ин хунхорон волидайн ва худи ӯ Балх - зодгоҳашонро як умр тарк карданд. Ҳанӯз он рӯзҳо он фалокате, ки чингизиён ба сари мардуми Аҷам оварда буданд, дар назараш ҷавлон мезад. Онҳо сарвату давлати бекарони халқро тороҷ карданд ва сарватманд шуданд: «Касе савол кард, ки муғулҳо молҳоро меситонанд ва эшон ғоҳ-гоҳе моро мол мебахшанд. Ҳукми он чун бошад? Фармуд: «Ҳар чӣ муғул ба мо додааст, чун оби кӯза аст аз дарё. Пас, моли мо ба эшон ҳаром аст ва моли эшон бар мо ҳалол».

Гуфт:- Муғулон, ки аввал дар ин вилоят омаданд, урён ва бараҳна буданд. Маркаби эшон гов буда ва силоҳашон чӯбин. Ин замон мӯҳташам ва сер гаштаанд ва аспони тозй (арабй) ҳар чӣ беҳтар ва силоҳҳои хуб (аслиҳаи хуб) пеши эшон аст.

Фармуд:- Он вақт, ки дилшикаста ва заиф буданд ва қуввате надоштанд, Худо эшонро ёрӣ дод ва ниёзи эшонро қабул кард. Дар ин замон чунон мӯҳташам ва қавӣ шуданд, ки Худой таоло ба заъфи халқ эшонро ҳалок кунад».

Ҳамин тавр, Мавлоно дар анҷоми ҳикоят онҳо, яъне чингизиёни золимро ба март маҳкум кардааст ва аз Худо ин матлабро хостааст. Дар ҷойи дигар бо сад дард мегӯяд:

Ҳама Балхро чун кафи даст кард, иморати оламро паст кард. Дар «Фиҳи мо фиҳи» латифаю мутоибаҳои намакин зиёд омадаанд, ки дар онҳо содагй ва суханони лутфомези мардумони одҷй инъикос гардидаанд. «Яке харе гум кард. Се рӯз рӯза дошт ба нияти он, ки хари худро биёбад. Баъд аз се рӯз харро мурда ёфт. Ранҷид ва аз сари ранҷиш рӯй ба осмон кард ва гуфт:

- Агар ба ивази ин се рӯз, ки рӯза доштам, шаш рӯз аз рамазон нахӯрам, мард набошам».