Мероси адабии Навоӣ (Фонӣ)

Мероси адабии Навоӣ (Фонӣ)

Низомиддин Алишери Навоӣ ба забони тоҷикӣ-форсӣ таҳсил карда, забони арабиро ҳам хуб медонист. Ӯ қобилияту истеъдоди аҷиб дошт. Аз худ кардани илмҳои гуногун, аз бар намудани абёти зиёди шоирони тоҷику форс чашми Навоиро ба шохроҳи шеъру шоирӣ кушод. Илова бар ин, ҳамчун Абдураҳмони Ҷомӣ устоде дошт, ки дар пешрафти эчодии ӯ саҳми арзанда гузошт. Навоӣ аз хурдӣ ба шеър гуфтан оғоз кард. У ҳам ба забони тоҷикӣ-форсӣ ва ҳам бо забонй туркӣ шеър эҷод мекард. Адиб дар шеърҳои тоҷикӣ-форсӣ Фонӣ ва туркӣ Навоӣ тахаллус интихоб кард. Азбаски Навоӣ бо ду забон шеър мегуфту асар эҷод мекард, ҳамзамононаш ба ӯ гахаллуси иловаги-«зуллисонайн» (соҳиби ду забои) дода буданд.

Алишери Навоӣ аксарияти асарҳояшро ба забони модарӣ - туркӣ иншо кардааст. То замони Навоӣ бо забони туркӣ-ӯзбекӣ эҷод намудани достонҳои ҳаҷман бузургро (фалсафӣ, ахлоқӣ, ишқӣ) ғайриимкон мешумориданд. Навоӣ аввалин шуда ин назарияро нодуруст шуморида, барои исботи ин панҷ достон эҷод мекунад. Онҳоро Навоӣ дар пайравии «Хамса»-ҳои Низомии Ганҷавӣ, Хусрави Деҳлавӣ ва «Ҳафт авранг» - и Абдураҳмони Ҷомӣ иншо кардааст.

 

Ҷамъи абёти «Хамса» зиёда аз 27 ҳазор байтро ташкил медиҳад. Ғайр аз ин, дар забони туркӣ- ӯзбекӣ чаҳор девон дорад, ки маҷмӯи асарҳои лирикии шоир буда, 24 ҳазор байтро ташкил медиҳанд. Маснавиҳои «Лисонуттайр» («Забони мурғон»), «Панднома», «Чиҳил ҳадис», «Маҳбубулқулуб» низ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Навоӣ инчунин ба забони модариаш дар бораи ҳаёту эҷодиёти нависандагони ҳамзабонаш «Маҷолисуннафоис» ва оид ба қоидаю қонуни вазни арӯз «Мизонулавзон»-ро меофарад.

Реклама