Ҳикояти «Марди баққол ва тӯтӣ»

Ҳикояти «Марди баққол ва тӯтӣ»

Мазмуни он чунин аст: «Марди баққоле як тӯтии хушгӯ дошт. Ҳар ҷо, ки мерафт, тӯтӣ он дуконро посбонӣ мекард. Он гутӣ ба савдогарон ва мизоҷон хушгӯйӣ ва нотиқӣ мекард. Хоҷа рӯзе ӯро дар дӯкон танҳо гузошта, аз пайи кори хеш бирафт. Дар дӯкон боз гурбае маскан дошт ва он гурба мушеро дар кунҷаки дӯкон дид ва ба он ҳуҷум кард. Тӯтӣ аз ин ҳарбу зарб тарсид ва аз садр ба ҷойи дигар парид, ки шишаҳои равгани бодом рехт. Чун Хоҷа омаду ҳолро дид, дар ғазаб шуд ва бар сари тӯтӣ зад ва парҳои тӯтӣ аз cap бирехт ва кал шуд. Пас аз ин гӯтӣ дигар аз ran монд. Аз ин ҳодиса дили Хоҷа малул гашт ва аз амали худ пушаймон шуд ва дарегу ҳасрат намуд. Ӯ бечорагону дарвешонро садақа дод, то тӯтияш боз ба забон ояд. Аммо ин кор судаш накард ва тӯтӣ ба сухан наёмад. Боре қаландари пашминапӯши кал ба дӯкон ворид гардид. Тӯтӣ чун он қаландари калро дид, ба сухан даромад ва ба қаландари кал чунин гуфт:

Тӯтӣ андар гуфт омад дар замон,

Бонг бар вай зад, бигуфташ дар аён,

К- «Аз чӣ, эй кал, бо калон омехтӣ?

Ту магар аз шиша равган рехтӣ?!»

Аз қиёсаш ханда омад халқро,

Ки чу худ пиндошт соҳибдалқро,[1]

Мазмуни ҳикоя ҳамин аст, вале муроди Мавлоно аз овардани он чизи дигар. Чунонки дидед, баққол ҳарчанд саъю кӯшиш карда бошад ҳам, тӯтӣ ба забон наёмад, мисли инсон такаллум накард, аммо чун калеро мисли худ дид, ба гуфтор даромаду нахуст дарди хешро ёд кард, ки ту ҳам мисли ман равган рехтию хоҷаат саратро кал кард. Албатта, хонандаи азиз, он чӣ огоҳ шудӣ, ин мазмуни содаи зоҳир аст. Аз баёни ҳикоя ҳадафи Мавлоно чизи дигар мебошад.

Мавлоно таъкид менамояд, ки инсони пок солики роҳи Ҳақ набояд зоҳирбин бошад, мисли он гӯтӣ, балки ба ботин назар бояд кард. Тӯтӣ, ки бо забони инсон такаллум мекунад, маънои онро надорад, ки ӯ дар роҳи Ҳақ бошад ё аз мазмуну ғояи он огоҳ.Ин ноогоҳи боне шуда, ки у ба таваҷҷуҳ ба сутати зоҳир худро ба қаландар баробар донистааст.

Ҳамсарӣ бо анбиё бардоштанд,

Авлиёро ҳамчу худ пиндоштанд.

Ин надонистанд эшон аз амо[2] [3] -

Ҳаст фарқе дар миёни бемунтаҳо1.

Ҳар ду чун занбӯр хӯрданд аз маҳал,

Лек шуд з-он нешу з-ин дигар асал.

Ба ҳамин ҳотир, нахуст бояд инсон ба ботин нигарад, бояд ботинбин бошад. Ин монанди он занбӯрон аст, ки яке неш дораду дигар асал. Ва шоиста он бошад, ки мағзи гуфтор, яъне асали онро дарёбӣ. Он вақт дар роҳи Ҳақ ба Ҳақ ҳоҳӣ расқд. Пас ту ҳар гуфте, ки меҳоҳӣ бигир,

Маҳви ӯ бошу сифоти ӯ пазир.

Нур ҳоҳӣ, мустаиди нур шав!

Дурр ҳоҳӣ, хеш бину дур шав!

[1] Далқ - либоси пашмина, соҳибдалқ - пашминапӯш.

[2] амо - кӯрй, бехабарӣ

[3] мунтаҳо - анҷомёфта. ба охир расида

Реклама