«АХЛОҚИ МУҲСИНӢ»

«АХЛОҚИ МУҲСИНӢ»

Асари мазкур низ дар мавзӯи панду ахлоқ аст. Он соли 1500 иншо гардидааст. Асар аз муқаддима ва чил боб таркиб ёфтааст. Ҳар як боб ба мавзӯъи алоҳида бахшида шудааст. Нависанда дар огози ҳар як боб мавзӯъро аз нигоҳи назариявӣ матраҳ менамояд ва пасон барои тасдиқи фикраш ҳикояти пандомезе меорад. Дигар, дар мобайн ва анҷоми ҳикоёт порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти худаш ё аз эҷодиёти адибони пешин, мисли Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абӯлқосим Фирдавсӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ибни Ямин, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва дигарон намунаҳо меорад, ки дар бисёр маврид ин порчаҳо фикри нависандаро ҷамъбаст менамоянд. Бобҳои «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ба ҳаё, сидқу вафо, шуҷоат, тавозӯъ, адлу дод ва амсоли ин доир буда, инсонҳоро ба некӣ, ростӣ ҳидоят менамоянд.

Забони асар сода ва барон кулли хонандагон дастрас мебошад. Ҳоло барон намуна муқаддимаи боби «Дар саховат ва эҳсон»-ро меорем.