«Баҳористон». Сабаби навишта шудани асар, сохт ва таркиби он

«Баҳористон». Сабаби навишта шудани асар, сохт ва таркиби он

Марги фарзандон Ҷомиро рӯҳафтода мекунад. Ҷомӣ медонист, ки фарзанд нахли муроду давоми умр аст. Ба ҳамин маънӣ мегӯяд;

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,

Ҷуз ба ҷон фарзандро пайванд нест.

Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,

Зинда аз фарзанд монад номи мард.

Аз ин ҷост, ки фарзанди ягонааш Зиёуддин Юсуф барояш бисёр азиз буд. Вале тани дардманду андоми заиф дошт.

Ҷомӣ ба таълиму тарбияи фарзанд машғул шуда, орзу дошт, ки Зиёуддин Юсуф шахси ҳунарманд, бофазлу дониш шавад ва дар оянда дар ҷамъият мавқеи худро ёбад. Аз ин рӯ, ба Юсуф хату савод омӯзонда, ӯро пайваста таълим медод, то ки инсони комил шавад, аз аслу насаби худ магрур нашуда, илму ҳунар омӯзад.

Ҷомӣ бо ҳамин мақсад барои фарзанди худ ва барои ҳамаи толибилмон соли 1487 «Баҳористон»-ро менависад.

Ин асар аз ҷиҳати забон ва тарзи баён хеле со да аст. Вай намунаи барҷастаи насри асри XV ба ҳисоб меравад. «Баҳористон» дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ навишта шудааст. Вай ҳам мисли «Гулистон» аз муқадҷима, 8 равза ё боб ва хотима иборат аст.

«Баҳористон» бо чунин байтҳо огоз меёбад:

Гузаре кун ба ин «Баҳористон»,

То бубинӣ дар ӯ гулистонҳо.

В-аз латоиф ба ҳар гулистоне

Раста гулҳо, дамида райҳонҳо.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар боби аввал аз ҳаёти сӯфиёну шайхон ҳикоятҳои пандомезе меорад, ки бисёри онҳо характери динӣ доранд. Дар боби дуюм нависанда гуфтақои ҳакимон, файласуфон, лашкаркашонро овардааст. Боби сеюмро Ҷомӣ ба панду насиҳати шоқон мебахшад. Дар ин боб нависанда идеяи шоҳи одил ва раиятпарварро таргиб мекунад. Боби чорум ҳам хеле муҳим аст. Дар масъалаи саховатмандию ҷавонмардӣ, накӯкорӣ ва шуҷоатмандӣ баҳс менамояд. Дар бобҳои панҷум ва шашум нависанда дар бораи ишқу муҳаббат ва боз бисёр масъалаҳои дигари зиндагӣ ҳикояту латифаҳои намакин ва шавқангези ҳаҷвӣ меорад.

Боби ҳафтуми «Баҳористон» ба ҳаёту эҷодиёти шоирони гузашта ва ҳамзамонаш бахшида шудааст. Ҷомӣ дар боби охирини асараш бисёр ҳикояту тамсилҳои ибратомӯз овардааст, ки онҳо дар бораи ҳаёту зиндагии одамон баҳс мекунанд.

Реклама