ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»

ДОСТОНИ «ЮСУФ ВА ЗУЛАЙХО»

Достони маъруф ва овозадори Абдураҳмони Ҷомӣ маснавии «Юсуф ва Зулайхо» маҳсуб шавад. Ин достон дар пайравии достони «Хусраву Ширин»-и Низомии Ганҷавӣ эҷод шудааст. Адиб ба ҳамин маънӣ ишорат намуда чунин мегӯяд:

Куҳан шуд давлати Ширину Хусрав,

Ба ширина нишонам Хусрави нав.

Чу тӯтӣ табъро созам шакархо,

Зи хуни Юсуфу ишҷи Зулайхо.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» аз муқаддима, қисмати асосӣ ва хотима иборат аст. Он дар баҳри ҳазаҷи мусадҷаси маҳзуф ё мақсур иншо гардидааст, ки рукнҳои он ба тариқи зайланд:

V ---/ V---/ V—

V ---/ V---/ V--

Ма- фо-ӣ - лун, ма- фо- ӣ- лун, фа-ӯ-лун

Агар яке аз ҳамин байтҳои болоро ба порчаҳои тараннумй қисмат кунем, накдни болоро дода метавонанд. Ҳамин тавр, дар як байт чор маротиба мафоилун ва ду бор мафоил такрор ёфтааст, ки онҳо рукнҳои баҳри ҳазаҷи мусадҷаси мақсур мебошад.

Сужети достон хеле қадимист. Нақлу ривоятҳои зиёд дар бораи Юсуф ва Зулайхо ҳанӯз пеш аз иншои китоби муқадҷаси яҳудиён (исроилиҳо) «Таврот» дар байни эшон пайдо шуда буд. баъдтар ба «Таврот» ворид гардид ва оҳанги динӣ пайдо кард. Пасон ба китоби «Инҷил»-и Исои Масеҳ ва, ниҳоят, ба «Қуръон»-и Муҳаммади Мустафо бо тағйирҳои зиёд ворид гардид. Масалан, дар «Қуръон» сураи XII бо номи «Юсуф» омадааст. Сарчашмаи асосии достони Ҷомӣ ҳам ҳамин сураи «Қуръон» аст.

Достони «Юсуф ва Зулайхо» соли 1483 эҷод шуда, ба подшоҳи замон Ҳусайни Бойқаро (1470-1507) бахшида мешавад. Он шомили чор ҳазор байт аст.

Аз мазмуни достон бармеояд, ки бисёр эпизодҳое, ки дар сураи «Юсуф» омадааст, Ҷомӣ онҳоро сарфи назар кардааст. Масалан, хаёти Юсуф дар Канъон, дар назди падараш Я ькуб, меҳру муҳаббати Яъкуб нисбат ба Юсуф ва аз дигар фарзандон

боло гузоштани Юсуф, ба сафар ӯро ҳамроҳ гирифтани бародарон, Юсуфро ба сардори корвониён фурӯхтани бародарон ва Юсуфро ба Миср овардани Молик ва ӯро харидорӣ намудани Азизи Миср ва Зулайхо, ишқи байни онҳо ва дигар эпизодҳои марбути байни онҳо дар достон бо тарзи бадеӣ, бо обуранги шоирона дода шудаанд. Вале Абдураҳмони Ҷомӣ аз эпизодҳои ба падар дурӯғ гуфтани бародарон дар бораи гург Юсуфро хӯрдан, либосҳои хунолуди Юсуфро бо гург назди Яъқуб овардани бародарони Юсуф, ба сухан омадани гург ва бегуноҳии хешро баён кардани ӯ, нобино шудани Яъкуб аз ғами Юсуф, ҳангоми қаҳтӣ дар Миср вохӯрдани Юсуф бо бародарон, овардани куртаи Юсуфро ба Каньон ва молидани ону шифо ёфтани чашмони Яъқуб дар достон сарфи назар шудаанд. Умуман, пас аз он ки Юсуф бо бародаронаш аз назди падар рафт, дигар дар достон амалиёзи Яъқуб ҳам қатъ гардид. Молики корвон Юсуфро ба бозори Миср бурда, дар маърази савдо мегузорад. Юсуф, ки ҳусну ҷамоли беназир дошт, нархаш хеле баланд гардид. Касе қудрати харидани ӯро надошт. Ҳатто Азизи Миср зӯраш ба харидани Юсуф нарасид. Зулайхо маҳз дар ҳамин лаҳзаҳо ба достон ворид мегардад. Ӯ духтари шоҳи Магрибзамин Таймус буд ва зару зевар, лаълу ёқути зиёд аз падар ёдгор дошт. Ҳамаи онҳоро ба Молик доду Юсуфро харид ва ба кдсраш бурд. Хост, ки ба коми дил бирасад ва Юсуфро ба ин кор маҷбур кард, вале Юсуф пок бимонд. Баъд ӯро гуҳмат карду ба зиндонаш нишонд. Азизи Миср - шавҳари Зулайхо нахуст бовар кард, вале баъд фаҳмид, ки Юсуф пок аст ва дар ҳаққи ӯ Зулайхо тӯҳмат намудааст.

Ҳамин тавр, чанд сол Юсуф дар зиндон хобид. Зулайхо аз дур ӯро наззора мекард ва гӯё ишқашро таскин медод. Юсуф ниҳоят ба ҷон расида, ҳақиқатро ба Азизи Миср гуфт:

Бад-ӯ гуфт: «Эй Азиз, ин довари чанд?!

Гуноҳе не, бад-ин хорим мапсанд.

Зулайхо ҳар чӣ мегӯяд, дурӯғ аст,

Дурӯғи у чароғи бефуруғ аст».

Дигар, Зулайхо низ ба гуноҳи худ дар назди шавҳар иқрор мешавад. Бинобар ин, Азиз Юсуфро аз зиндон раҳо намуда, зиёда аз ин, ба ҷойи хеш подшохи Миср мегардонад. Солҳо сипарӣ мешаванд. Зулайхо ҳам дар ин давр дар шаҳру дех, саргардон мегардаду менолад ва ниҳоят пир мешавад. Юсуф боре дар роҳи бозгашт пирзоли фартутеро мебинад, ки ӯ ҳам нобиносту ҳам гадо. Раҳмаш меояд ва ба ходимонаш мефармояд, то ин пирзолро ба дарбор биёранд, Юсуф аз нигоҳи шафқат ва одилии хеш нисбати ӯ ғамхорӣ мекунад. Ба Юсуф пирзол оқибат худро мешиносонад. Ва аз Юсуф илтиҷо мекунад, ки ҷавонияшро баргардонад. Зулайхо ба дастури нахуст бармегардад, ҷавон мешавад:

Ҷамоли мурдаашро зиндагӣ дод,

Рухашро хилъати фархундагӣ дод.

Зулайхо пас аз ин аз Юсуф хоҳиш кард,ки ӯро ба занй бигирад. Юсуф андак сабр бинмуд ва Худованд ба воситаи Ҷабраил амр намуд, то ба гуфтаи Зулайхо розӣ шавад. Ҳамин тавр, онҳо ба мурод расиданд. Зулайхо, ки аз нахуст бутпараст буд, аз бутпарастӣ даст мекашад ва бути дар қаср будаи худро мешиканад ва Исломро қабул менамояд. Онҳо бо хам 22 сол зиндагӣ мекунанд ва соҳиби фарзандони зиёд мешаванд. Боре Юсуф дар хоб падару модарашро мебинад, ки ӯро ба наздашон даъват мекунанд. Рӯзи дигар Юсуф вафот мекунад. Зиндагии Зулайхо пас аз ин дар ибодатгоҳ мегузарад. Гаму дарди Юсуф корашро кард ва ниҳоят Зулайхо ҳам ҷон медиҳад. Чунин аст мазмуни мухтасари достон.

Реклама