МЕРОСИ АДАБИИ ХУСРАВ

МЕРОСИ АДАБИИ ХУСРАВ

Амир Хусрави Дехлавӣ ҳанӯз аз айёми наврасӣ ба шеъргӯйй оғоз карда буд, ки мо дар боло ба ин масъала ишорат кардем ва дар назди бузургон аз имтиҳон гузаштани Хусравро ёд кардем. Он вақт шоир ҳашт баҳорро тай намуда буд. Агар бигӯем, ки Хусрав 72 сол умр дид ва агар аз ҳашт ё даҳсолагӣ ба шеър гуфтан cap карда бошад, пас 62 сол шеър гуфтааст, асар эчод кардааст, ки албатта, мӯхдати кам нест. Далели дигар он аст, ки шоир дар муқаддимаи девони «Ғуррат-ул-камол» микдори тахминии ашъорашро ёд кардааст. Дар ин бора муаллифи «Ҷавоҳир-ул-асрор» Озарӣ чунин мегӯяд: «Чуноне ки аз «Ғуррат-ул-камол»-и ӯ масмӯъ аст ва он ҷо навиштааст, ки сухани ман аз панҷсад ҳазор камтар аст ва аз чаҳорсад ҳазор бештар». Хдтто микдори ашъори адибро чорсад ҳазор ҳам гӯем, хеле зиёд аст. Агар ин чорсад ҳазор на байт, балки мисраъ ҳам бошад, аз сермаҳсултарини суханварони адабиёти гузаштаи мо маҳсуб мешавад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ба Амир Хусрав баҳои баланд медиҳад ва микдори асарҳои ӯро дар «99 китоб» мегӯяд. Аз хама муҳимаш он аст, ки осори Амир Хусави Деҳлавӣ то замони мо омада расидаанд ва китобхонаҳою осорхонаҳои кишварҳои оламро зеб додаанд. Дар бораи осори гаронбаҳои Хусрав дар Ҳинду Покистон, Эрону Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон олимон ва ховаршиносон тадқиқоти пурарзиш анҷом додаанд.

Хусрав чакидаҳои шахдрези аввалини худро аз жанрҳои хурди лирикӣ: ғазал, рубоӣ, қасида, қитъа, мусамман, тарҷеъбанду таркиббанд оғоз кардааст. То охири умр ин анъанаро давом додаст. Ҳамин тавр, Хусрав дар тӯли ҳаёташ 5 девон мураттаб намудааст, ки ба тариқи зайланд:

Қариб дар ҳар як девони шоир жанрҳои рубоӣ ва қитъа ба назар мерасанд. Ҳамон шеъри аввалини Хусрав, ки дар ҳаштсолагиаш эҷод карда буд, рубоист. Мавзӯи қитъаоту рубоиёти шоир рангин буда, ба масъалаҳои муҳим бахшида шудаанд. Мурод аз шеър гуфтану асар офаридан, мегӯяд Хусрав, номи нек гузоштан аст. Таваҷҷӯҳ намоед:

Накӯтар чиз андар шеър ном аст,

Ки монӣ зинда з-ин нақши сиёҳӣ.

Тани Хусрав бимирад, ин яқин аст,

Вале Хусрав намирад ҳеҷ гоҳе.

 

Амир Хусрав боз қитъае дорад ва дар он бо дард мегӯяд, ки Хусрав қариб тамоми ҳаёташро дар дарбори султонони Ҳинд гузаронида, ононро мадҳу ситоиш намудааст. Ин амалро дар солҳои охир маҷбурӣ ва бо дили нохоҳам сомон додааст ва аз мадҳтуйӣ пушаймон ҳам шудааст. Шоир таъкид менамояд, ки аз мадҳу ситоиши дурӯғи бефурӯғ дилам мемурад:

Аз гуфтани мадҳ дил бимирад,

Шеър арчӣ тару фасеҳ бошад.

Гардад зи нафас чароғ кушта,

Тар худ нафаси Масеҳ бошад.

Хусрав дар рубоиёташ золимони зулмпешаро сахт мазаммат намуда, ононро ба парвона шабеҳ кардааст. Ағар онҳо зулмро ҳамвора давом диҳанд, мисли парвона дар гирди шамъ ҳалок хоҳанд гашт. Шамъ киноя аз зулм аст.

Ҳар кас, ки ба зулм кардан омӯхта шуд,

Аз новаки мазлум дилаш дӯхта шуд.

Парвона, ки бар шамъ зад, афрӯхта шуд,

Бар сӯхтагон ҳар кӣ бизад, сӯхта шуд.

Адиб, ки бо аҳли ҷоҳу мансаб ҳамкоса буду аз кору амали эшон воқиф, бинобар ин ба хулоса омад, ки маҳз дарбор ҷойи ришвахӯрону тамаъгарон аст:

Чандин тамаъу ҳирс дар обу гили ту,

В-охир ба дили хоки сияҳ манзили ту.

Ҳарчанд, ки хокро бибезӣ, эй дӯст!

Аз хок ҳамин хок бувад ҳосили ту.

Қаҳрамони лирики шукри Худо мегӯяд, ки мисли он дӯсташ дар ҳирси молу сарвати дунё нест. Бо нони ҷаву оби чоҳ зиндагии хуш ва босаодате дорад. Воқеъан, Хусрав ҳаёти пурдабдаба ва молу сарвати зиёд надошт. Зиндагиаш миёнаҳолона мегузашт.

Не сина зи ҳирси зар ба оташ дорем,

Не дил зи пайи тамаъ мушавваш дорем.

Нони ҷаву оби чаҳу кунҷе холӣ,

Е Раб, ки чӣ зиндагонии хуш дорем.

Реклама