Мазмун ва мундариҷаи идеявии ҳикояҳои «Баҳористон»

Мазмун ва мундариҷаи идеявии ҳикояҳои «Баҳористон»

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ба бисёр масъалаҳои муҳими замонааш, ки дар девонҳою маснавиҳояш иброз карда буд, боз бармегардад. Ӯ танҳо як чизро мехост: орзу дошт, ки ҳаёту зиндагии халқ хуб бошад, зулму бедодгарӣ барҳам хӯрад. Нависанда ҷамъиятро ба золимону мазлумон тақсим карда, ба муқобили золимон ва бераҳмию бешафқатии онҳо мебарояд. Ӯ золимонро танқид карда, онҳоро аз шӯру исёни халқ - мазлумон огоҳ месозад. Чунончи, дар боби дуюм ҳикояте оварда шудааст, ки дар он ҳакими донишманд ба Искандар чунин мегӯяд: «Ҳар кӣ бо зердастон шеваи муштзанӣ бар даст гирад, дар лагадкӯбии забардастон бимирад:

Дило, гӯш кун аз ман ин нуктаи хуш,

Ки мондаст дар гӯшам аз нуктадонон:

Ки ҳар кас кашад теги номеҳрубонӣ,

Шавад куштаи теги номеҳрубонон.

Ҷомӣ шоҳону ҳокимони золимро мазаммат намуда, пардаи фиребу найрангро аз рӯяшон дур мепартояд. Подшоҳон дар зери ниқоби дини мубини ислом ба халқи меҳнаткаш зулм мекарданд. Ҷомӣ ба ин гуна шоҳон нафрат дорад. Вай шоҳони бедин, яъне кофири одилро аз шоҳони диндори золим баландтар ҳисоб мекунад. Шоир дар огози боби сеюм, ки ба ҳамин масъала бахшида шудааст, дар бораи Нушервони Одил чунин мегӯяд: «Нушервон бо он ки аз дин бегона буд, дар адлу ростий ягона... Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати олам тааллуқ ба габрон ва мугон дошт ва ин давлат дар хонадони эшон буд, зеро ки ба раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд:

Адлу инсоф дон, на куфру на дин,

Он чӣ дар ҳифзи му лк даркор аст.

А дли бедин низоми оламро

Беҳтар аз зулми шоҳи диндор аст.

Дар ҳикояти дигар Ҷомӣ талаб мекунад, ки дар баробари шоҳ муқаррабон, вазирон ва дигар амалдорони вай низ бояд одил ва фуқаропарвар бошанд. «Мебояд, ки подшоҳонро мунҳиёни12 росткирдоре бар кор бошанд, ки аҳволи раоё ва гумоштагон барояшонро ба вай расонанд»:

Чу шоҳро набувад огаҳӣ зи ҳоли сипоҳ,

Куҷо сипоҳ зи қаҳри вай эҳтироз кунанд?

Ба қасди зулм ҳазорон баҳона пеш оранд,

Ба ҷанги фисқ ҳазорон тарона соз кунанд.

Агар шоҳ одил набошад, зулм ривоҷ гирифта, пояи давлат ноустувор мсгардад. Аз ин рӯ, ба мансабҳои давлатӣ шахсони поквичдон, росткору бомаърифатро интихоб кардан лозим аст, - мегӯяд Ҷомӣ. Нависанда бештар ақидаҳои сиёсиву иҷтимоиашро зимни образҳои шоҳони идеалӣ - Искандар ва Нушервон, ҳакимону донишмандон ифода кардааст.

Дар «Баҳористон» нависанда дар мавзӯи таълиму тарбия фикру мулоҳизаҳои пурқимате баён кардааст. Пеш аз ҳама, асари мазкурро Ҷомӣ барои таълими писараш эҷод намудааст. Нависанда зимни як қатор ҳикояҳои «Баҳористон» аҳамияти илму донишро дар инкишофу тараққии ҷамъият нишон дода, зикр мекунад, ки илм як баҳри беканор буда, шохаҳои зиёд дорад. Бояд шахс ҳамон илмеро пурра омӯзад, ки он ниҳоят зарур мебошад. Илова бар ин, шахс бояд илми омӯхтаашро дар амал истифода барад:

Илме, ки ногузири ту бошад, бад-он гирой,

В-онро, к-аз он гузир бувад, ҷустуҷӯ макун.

В-он дам, ки ҳосили ту шавад илми ногузир.

Ғайр аз амал ба муҷиби он орзу макун!

Ҷомӣ одамонро ба дӯстию рафоқат, накӯкорӣ, саховату олиҳимматӣ даъват кардааст. Масалан, дар боби чорум ҳикояте оварда мешавад, ки қаҳрамони он гулом аст. «Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар разияллоҳу анҳу овардаанд, ки рузе азимати сафаре карда буд. Дар нахлистони қавме фурӯд омад, ки ғуломе сиёҳ нигоҳбони он буд. Дид, ки се қурси нон ба ҷиҳати қути вай оварданд. Саге он ҷо ҳозир шуд. Он ғулом як курс пеши вай андохт, бихӯрд. Абдуллоҳ разияллоҳу анҳу аз вай пурсид, ки:

-Ҳар рӯз кути ту чист?

Гуфт:

-Он чӣ дидй.

Фармуд:

-Чаро вайро бар нафси худ исор накардй? Гуфт:

-Вай дар ин замин ғариб аст, чунин гумон мебарам, ки аз масофаги дур омадааст ва гурусна аст. Нахостам, ки вайро гурусна гузорам. Пас гуфт:

-Имрӯз чӣ хоҳӣ хӯрд?

Гуфт:

-Рӯза хоҳам дошт».

Ҷомӣ дар баробари мадҳу ситоиш кардани хислатҳои неки инсонӣ, одамони бадро мазаммату сарзаниш мекунад.

Ҷомӣ хеле дуруст пай бурда буд, ки ахлоқи табақаи боло ниҳоят фосид шудааст. Ҳикояҳое, ки нависанда дар «Баҳористон» овардааст, маҳз ба ин ғурӯҳ хосанд:

«Писареро гуфтанд:

-      Мехоҳӣ, ки падари ту бимирад, то мероси вай бигирй?

Гуфт:

-    Не, аммо мехоҳам, ки ӯро бикушанд, то чунончи мероси вай бигирам, дият[1] низ бистонам.

Фарзанд нахоҳад зи пайи мол падарро,

Хоҳад, ки намонад падару мол бимонад.

Хуш нест ба марги падару бурдани мерос,

Хоҳад, ки кушандаш, ки дият ҳам биситонад!

Дар ҷомеа барои баъзе ашхос сарвату боигарй аз хама чиз болотар меистад. Дар рӯзгори адиб мо далелҳои зиёдеро меёбем, ки шоҳзодагон барои тоҷу тахт, молу сарват шуда ба амали ношоиста даст мезаданд. Масалан, писари Улугбек Абдулатиф барои точу тахти шоҳӣ падарашро кушт.

Бар хилофи ҳикояти боло Ҷомӣ ҳикояти дигаре низ овардааст, ки дар он ду ҷавон аз табақаи поёнии ҷамъият иштирок доранд. Ҳикоят чунин огоз меёбад: «Шабе дар масҷиди ҷомеи Миср оташ афтоду бисӯхт. Мусулмононро таваҳҳум[2] ин шуд, ки онро насоро[3] кардаанд. Ба мукофоти он оташ дар хонаҳои эшон андохтанд ва бисӯхтанд. Султони Миср ҷамоатеро, ки оташ дар хонахои эшон андохта буданд, бигрифту дар як ҷой ҷамъ кард ва бифармуд, ки то ба адади эшон руқъаҳо[4] навиштанд: дар баъзе куштан, дар баъзе даст буридану дар баъзе тозиёна задан. Ва он руқъаҳо бар эшон афшонданд. Бар ҳар кас ҳар руқъае, ки афтод, бо вай ба мазмуни он муомала карданд. Як руқъа, ки мазмуни он ба куштан буд, дар касе афтод.

Гуфт:

-   Аз куштан боке надорам, аммо модаре дорам, ҷуз ман касе надорад.

Дар паҳлӯи вай дигаре буд, ки дар руқъаи вай тозиёна задан буд. Вай руқъаи худро бад-он кас дод ва руқъаи вайро гирифту гуфт:

-    Ман модар надорам.

Инро ба ҷои вай бикуштанд ва онро ба ҷои ин тозиёна заданд.

Ба симу зар ҷавонмарди тавон кард,

Хуш он кас, к-ӯ ҷавонмардӣ ба ҷон кард.

Ба ҷон чун эҳтиёҷи ёр бишнохт,

Ҳаёти худ фидои ҷони ӯ сохт.

Мазмуни ин ҳикояти Ҷомӣ хонандаро ба хулосае меорад, ки маҳз мардуми одҷӣ чунин хислатҳои ҳамида доранд ва ба ҷавонмардй кодиранд. Қаҳрамони ҳикоят аз марг наметарсад. Вале вай модари пири бекас дорад ва барои нигоҳубини модар, парастории ӯ мурдан намехоҳад. Ҷавонмардии қаҳрамони дигари ҳикояти боло аз ҷавони аввала боз олитар аст. Ӯ ба хотири модари пири рафиқаш худро ба куштан медиҳад. Дар образи ин ду ҷавон нависанда хислатҳои беҳтарини инсониро ҷамъбаст кардааст.

Ҷомӣ ба воситаи ин ҳикоят масъалаи ҳурмати падару модарро дар миён мегузорад. Нависанда гуфтан мехоҳад, ки падару модарро ҳурмату эҳтиром кардан даркор, ба қадри меҳнатҳои онҳо бояд расид ва ҳаргиз монанди он фарзанди нохалафи марди сарватманд, ки куштани падарашро орзу мекард, будан нашояд.

Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон» ба масъалаи дӯстию рафоқат аҳамияти калон медиҳад. Ин масъала дар ҳикояти боло дар симои ду ҷавон то андозае инъикос ёфтааст.

Ҷомӣ он касеро дӯсти ҳақиқӣ мешуморад, ки дар ҳар як лаҳзаи ҳаёт ба ӯ мададгору рӯҳбардор бошад. Агар лозим шавад, аз суханони талху баъзе кору кирдори ноҷои дӯсташ малол нашуда, канорагирӣ накунад. Дар ин мавзӯъ нависанда аз ҳаёти яке аз орифону донишмандони гузашта Абубакр Муҳаммад Ҷаъфар ибни Халафи Бухороӣ (861-946) ҳикояте меорад. Абубакр ба шӯр меояд, яъне парешонҳол мешавад ва ӯро ба бемористон мебаранд. Як гуруҳ одамон барои диданаш меоянд. Абубакр аз онҳо мепурсад:

-    Шумо киёнед?

Гуфтанд:

-    Дӯстони ту. .

Санг бардошт ва бар эшон ҳамла кард. Ҷумла бигурехтанд. Бихандид. Гуфт:

-Боз оед, эй муддаиён, ки дустон аз дӯстон нагурезанд ва аз санги ҷафояшон напарҳезанд:

Он аст дустдор, ки ҳарчанд душманӣ

Бинад зи дӯст, беш шавад дӯстдортар.

Бар cap ҳазор санги ҷафо гар хӯрад аз ӯ,

Гардад бинои ишкаш аз он устувортар,

Ҷомӣ он касеро рафиқи бад ҳисоб мекунад, ки маҳз ба хотири чизе, бо мақсаде риштаи дӯстӣ мепайвандад. Чунин дустӣ пояи устувор надорад. Аз ин гуна «рафиқ» зудтар паймони дӯстиро буридан хубтар аст. Ҷомӣ ин суханашро аз номи орифу ҳакими машҳури асри X Абулҳасан тақвият медиҳад. Масалан, ҳикоят ин тавр оғоз меёбад: «Шайх Абулҳасан гуфтааст, ки дар дунё ҳеҷ чиз нохуштар нест аз дӯсте, ки дӯстии вай аз барои гаразе бошад ё ивазе».

Нокастар аз ӯ кас набувад дар олам,

К-аз дӯст ба ҷуз дӯст муроде хоҳад.

Дар «Гулистон»-и Саъдӣ доир ба мавзӯи дӯстӣ ҳикоятҳои бисёре оварда шудаанд. Ҳар ду адиби бузург доир ба ин масъала ҳамфикранд. Онҳо дӯсти бегаразро дӯсти ҳақиқӣ ҳисоб кардаанд. Дӯст он кас аст, ки дар мавридҳои парешонҳолию дармондагӣ ба ту мадад мерасонад:

Дӯст машмор он ки дар неъмат занад

Лофи ёрию бародархондагӣ.

Дуст он бошад, ки гирад дасти дӯст

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Ҳикоёти Ҷомӣ, ки дар боло овардем, аз ҳар ҷиҳат суханони Саъдиро такмил ва тақвият медиҳанд.

[1] Дият - хунбаҳо

[2] Таваҳҳум - гумон, гумонбар шудан.

[3] Насоро - насрониҳо, пайравони дини Исо, христианҳо.

[4] Руқъа - мактуб

Реклама