Ҷомӣ дар боби 7-уми «Баҳористон» дар бораи 39 нафар шоирони асрҳои гузашта ва давраи худ ба тариқи хронологй маълумоти мухтасар медиҳад. Ин боби «Баҳористон» аз як муқадҷимача ва қисми асосӣ иборат аст. Дар муқаддима оид ба каломи шеър ва унсурҳои он маълумот медиҳад. Пас аз он доир ба шоирони гузашта, ки дар аксари жанрҳои бадеӣ шеър гуфтаанд, ба тариқи умумӣ сухан ронда, муқаддимаро ин тавр ба охир мерасонад: «Лоҷарам, бар зикри чанде аз машоҳири эшон ихтисор карда мешавад». Ин қисм хеле душворфаҳм мебошад, зеро бисёр калима ва ибораҳои арабӣ бо ҷумлаҳои печ дар печ баён карда шудаанд.
Абдурраҳмони Ҷомӣ аввал аз рӯи анъанаи тазкиранависӣ тахаллуси аксарияти шоиронро ном бурда, баъд аз ин дар бораи аз куҷо будан ва дар замони салтанати кадом сулола ва ё подшоҳ зиндагонй кардани як қисми онҳо маълумот медиҳад. Сипае ба тасвири шахсият, омӯзиш, зиндагӣ, характери эҷодӣ ва шуҳрат пайдо кардани он гузашта, барои намуна порчаҳои шеърӣ меоварад. Ҷомӣ ҳангоми дар бораи ин ё он шоир сухан ронданаш соли таваллуд ва вафоташро дар хотима зикр мекунад. Чунончи, сабаби вафоти Муиззиро ба тариқи зайл шарҳ медиҳад:
«Ва сабаби вафоти вай он буд, ки рӯзе Султон (Султон Санҷари Салчуқиро дар назар дорад - Т. М.) аз даруни хиргоҳ тир андохт ва ӯ беруни хиргоҳ истода буд. Ногоқ тире хато шуду бар вай омад ва бияфтод ва дарҳол ҷон бидод».
Абдурраҳмони Ҷомӣ хусусияти эҷодиёти як шоирро бо шоири дигар муқоиса намуда, нуқтаи назари худро баён мекунад. Масалан, вай хусусиятқои бартарии ашъори Ҳофизро бо шеърҳои Низории Кӯҳистонӣ муқоиса намуда менависад: «Ва салиқаи[1] шеъри вай (Ҳофиз) наздик аст ба салиқаи Низории Кӯҳистонӣ. Ammo дар шеъри Низорй гассу самин[2] бисёр аст бар хилофи шеъри вай».
Ё ин ки дар бораи фарқияти эҷодиёти Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳоқонӣ фикри зеринро баён мекунад: «Татаббӯи[3] Ҳоқонӣ мекунад, ҳарчанд дар қасида ба вай нарасида, аммо ғазалро аз вай гузаронида... мақбули хама кас афтодааст». Аз ин гуфтаҳо маълум мешавад, ки агарчи Хусрави Деҳлавӣ дар қасида ба Ҳоқонӣ нарасида бошад ҳам, ғазалро аз вай гузаронидааст ва бо мазмуннокии ашъори худ ба хама кас мақбул гаштааст.
Ҷомӣ асосан ба эҷодиёти аксарияти шоирон баҳо медиҳад ва тарзи баҳодиҳии вай ду хел аст:
1. Оид ба ин ё он шоир танҳо фикри шахсиашро баён мекунад.
Ба ашъори Ҳофиз чунин баҳо додааст: «Аксар ашъори вай латифу матбӯъ[4] аст ва баъзе қариб ба сарҳади эъҷоз[5]».
Е ин ки муаллиф услуби Котибиро ба тариқи зайл баён кардааст:
«Вайро маонии хос бисер аст ва дар адои он маонй низ услубе хос дорад, аммо шеъри вай якдаст ва ҳамвор нест».
2. Ҷомӣ дар бораи шоирон гуфтаҳои дигаронро меорад, вале аз кӣ будани ин суханонро нишон намедиҳад. Фикрҳои овардашуда танҳо бо як ё ду ҷумла ифода ёфтаанд, ки баъзан бо овардани порчаҳои шеърй муайян ва равшантар карда мешаванд. Масалан, барои нишон додани он ки Фирдавсӣ дар замонаи худ кадру қимат пайдо накарда вафот кардааст, чунин мисраъҳоро аз шоири номаълуме меоварад:
Бирафт шавкати Маҳмуду дар замона намонд
Ҷуз ин фасона, ки нашнохт қадри Фирдавсӣ.
Ҳамин тавр, боби 7-уми «Баҳористон»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ дар омухган ва кушода додани бисёр масъалаҳои муҳими адабиёти классикӣ ба тадқиқотчиён ёрй мерасонад. Дар ин ҷо аз шоирони асрҳои мухталиф намунаҳо овардааст, ки онҳо барои равшан кардани эҷодиёти ин ё он шоир аҳамияти бузург доранд.
Ин боб монанди дигар равзаҳои «Баҳористон» аҳамияти забонй низ дорад. Забони ин боби асар нисбатан сода, фаҳмо ва латиф аст ва барои омӯхтани таърихи забони адабии тоҷик ба забоншиносон ёрии калон мерасонад.
Бисёр адабиётшиносони тоҷик ва хориҷӣ ба ин боби «Баҳористон» аҳамияти махсус дода, барои исбот ва равшан намудани фикрҳои худ аз он иқтибос овардаанд.
[1] Салиқа - услуб
[2] Ғассу самин - пастию баландӣ
[3] Татаббӯъ - ҷустуҷӯ кардан, аз кафои чизе рафтан, пайравӣ кардан.
[4] Матбӯъ - маьқул.
[5] Эьҷоз - мӯъҷиза.
Реклама