Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар асоси далелу бурҳонҳои таърихии замони зиндагии Амир Хусрави Дехдавӣ иншо гардидааст. Аз ин рӯ онро достони ишқӣ-таърихӣ гуфтан равост. Худи шоир ба қаҳрамонони асосии достон ошноӣ дошт. Албатта, номҳо андак тағйир ёфтаанд. Инчунин, ҳодисоту воқеоти таърихӣ бо обу ранги бадеӣ тасвир ёфта, асарро баркамол гардонидаанд.
Достон дар тӯли солҳои 1315-1316 нигошта шуда, аз 4519 байт иборат мебошад. Амир Хусрав дар эҷоди он ба анъанаи достонсароёни асрҳои пешин содиқ мондааст. Тарзи қофиябандиаш чун маснавиҳои асрҳои гузашта (аа, бб, вв, гг, дд ва ғайра) мебошад. «Дувалронӣ ва Хизрхон» дар баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф суруда шудааст, ки ба тариқи зайл тақтеъ мешавад:
Ба сузи сина ду ёри вафодор
Видои якдигар карданд ночор.
Ма-фо-и-лун, Ма-фо-и-лун, Ма-фо-ил
V---/V---/V--/
V---/V---/V--/
Достон аз нигоҳи мазмун мисли достонҳои ишқии «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомии Ганҷавӣ фоҷиавист. Шоҳзода Муборакшоҳ Хизрхонро ба хотири аз ишқи Дувалронӣ даст накашиданаш ба қатл мерасонад.
Ғайр аз ин достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» ҳамчун анъана аз ҳамду наът огоз ёфта, пасон ба мадҳи пири рӯҳонии худ Низомиддини Авлиё мегузарад. Боби чоруми достонро Хусрав ба мадҳи Султон Алоуддин мебахшад ва ӯро дар баробари ситоиш намудан ба раиятнавозию додгустарӣ хддоят мекунад. Ниҳоят боби панҷуми достон ба сабаби назми китоб бахшида мешавад ва дар ду боби оянда дар бораи султонҳои Дехдӣ ба тариқи хронологӣ маълумоти таърихӣ додааст. Баъд аз ин қисмати асосии достон шурӯъ ғардидааст. Хусрав ба ин қисмат 14 бобро муносиб донистааст. Дар ҳар як боб, пас аз баёни мазмун, вобаста ба он ҳикояҳои тамсилӣ меорад, ки онҳо барои тақвияти фикри адиб ва амиқтар инъикос гардидани мавзӯъ ва барҷаста баромадани нақшҳои асосӣ хизмат кардаанд. Дар анҷоми достон Хусрав боби алоҳида овардааст, ки дар он дар бораи унвони достон, соли таълифи он, микдори байтҳои асар ва ниҳоят, дар бораи пирии хеш андешаҳояшро иброз намудааст. Як хусусияти дигари услубии достон боз дар он аст, ки пас аз ҳар як боб аз номи ошиқ ва маъшуқ ғазал оварда мешавад. Ғазалҳо ишқианд. Эҳсосот ва меҳру муҳаббати ду дилдода дар ин ғазалиёт самимй ва хеле хушоянд ба қалам дода шудаанд. Вале дар онҳо хусусиятҳои жанрии ғазал, аз қабили матлаъ ва мақтаъ ва тарзи қофиябандии ғазал риоя нагардидаанд. Қофиябандӣ ба тарзи маснавй (аа,бб,вв) омадааст.
Реклама