РӮЗГОРИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ (1325-1389)

РӮЗГОРИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ (1325-1389)

 

Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне!

Ман боқӣ шикасти он наборам.

Хоҳам, ки миёни шодию ғам,

Худро чу бародарат шуморам.

Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем,

Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ.

Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,

                                     Он аст ҳаёти шодмонӣ!                                        

 Иоҳан Ҳёте

Ҳофизи Шерозӣ, ки маҳз бо ҳамин ному тахаллус оламгир шудааст, боиси ифтиҳор ва сарбаландии мардуми Аҷам аст. Беш аз шашсад сол осмони фарҳангу адаби тамадҷуни башариро чун хуршеди тобон нуру зиё бахшидааст. Ғазалҳои шӯрангезу диловезаш ба дардҳо дармон, ба ҷонҳо сомон ҳадя бинмуда, зиндагии инсонҳои сайёраро боз ҳам ширину рангин намудаанд. Аз ин хотир, пеши пояш бузургтарин шаҳсиятҳои дунё сари таъзим фурӯд оварданд. Вале ҳаёти ин марди бузургвор пур аз ҳодисоти рангин аст. Бобои Ҳофиз аз дехди Кӯҳпоя буд, ки дар охирҳои асри XIII аз он ҷо ба Шероз омад ва ба корҳои савдо ва бозаргонӣ шугл варзид. Падари Ҳофиз Баҳоуддин дар шаҳри Шероз ба дунё омад. Ӯ пас аз хату савод пайдо кардан ҳамроҳи падараш ба тиҷорат машгул гардид. Ана дар ҳамин оила соли 1325 дар Шероз Ҳофиз ба дунё омад. Баҳоуддин ба фарзандаш номи падар - Шамсидҷин Муҳаммадро гузошт. Ба дунё омадани Мухаммад зиндагии аҳли оиларо боз ҳам сурурбахш ва пурнишот гардонд. Шамсиддин Мухдммад аз худ калонтар боз ду бародар дошт. Ба ин муносибат ёру дӯст, хешу табор Баҳоуддинро табрик мегуфтанд ва оилаашро хушбахт ҳисоб мекарданд.

Падари Ҳофиз ҷавонмарг гашт. Акнун ҷойи шодию хурсандиро дар хонаи онҳо ғаму андӯҳ гирифт. Бародарони Хофиз, ки нозпарварду коҳил буданд, дар як муддати кӯтоҳ тамоми дороии хонаводаро ба айшу нӯш масраф намуда муфлис шуданд. Онҳо модару Ҳофизи хурдсолро партофта, азми сафар карданд. Ҳофиз бо модараш дар Шероз танҳо монд. Зиндагияшон ниҳоят вазнин гашт. Модари бечора маҷбур гашт, ки писари хурдсоли худ Ҳофизро ба хизмати яке аз давлатмандони маҳалла супорад. Ҳофизи 7-8- сола ба ҳавлии хӯҷаини худ об мекашонд, ҳезум мекафонд ва алав мемонд, умуман ба корҳои вазнини хоҷагӣ ёрй мерасонд. Он пораҳои нонеро, ки хӯҷаин ба ивази хизматаш ба Ҳофиз медод, бегоҳ оварда бо модараш тановул мекарданд ва бо ин маром рӯз мегузаронд. Вале хӯҷаини Ҳофиз марди ҷоҳил, бераҳму шафқат буд. Бе ҳеҷ гуноҳ Ҳофизро мезад, азоб медод. Чанд соли ҳаёти Шамсиддин Муҳаммад ба ин ҳолат гузашт. Ниҳоят, косаи сабри ӯ лабрез гашта, ҳавлии хӯҷаинро тамоман тарк мекунад ва ба хизмати нонвое медарояд. Албатта, кори нонпазй барои бачаи 11-12-сола хеле мушкил буд. Вале Ҳофиз, ки ба меҳнати вазнин одат карда буд, дар ин ҷо низ аз ухдаи кор ба хубӣ баромад.

Ба ҳамин гуна зиндаги пуразоб чандин солу моҳ гузашт. Ҳофиз, ки бачаи зирак ва ҳушманд буд, дар ин муддат пешаи нонвоиро аз худ мекунад ва рафта - рафта зиндагишон каме беҳтар мешавад. Ба ҳамаи ин душвориҳои зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ дар дил орзуи хондан ва хату савод пайдо кардан дошт. Бинобар ин ҳар рӯз ҳангоми ба кор рафтан аз назди мактабхона мегузашт ва ба қироати толибилмон ва галогулаи онҳо бо шавқу завқи зиёд менигарист ва чанд дақиқае истода гӯш медод.

Рӯзе Шамсиддин Мухаммад бо муаллими мактаб вохӯрд ва мақсадашро баён кард. Барои хондан муаллим пул талаб кард. Вале Ҳофиз пул надошт. Баъд аз чанд рӯз ин хабар ба гӯши нонвой расид. Нонвой, ки марди накӯкор, покизасиришт буд ва, аз тарафи дигар, Ҳофизи гапгиру боадабро дӯст медошт, ӯро ба наздаш ҷеғ зада пурсон шуд:

-Ту хондан хостӣ, Шамсиддин?

-Бале,- ҷавоб дод писарак.

-Фикр кун, писарам, илму маърифат нуру рӯшноист, лекин шиками касеро сер намекунад, беҳтараш ҳунар омӯз, ҳунар аз ганҷ беҳ!

-Бигзор гурусна бошам ҳам, мехоҳам каме хондану навиштанро ёд гирам, - гуфт Ҳофиз.

Пас аз маслиҳат онҳо ба чунин хулоса омаданд: Шамсиддин Мухаммад бояд ба мактаб равад. Ӯ музди аз нонвой мегирифтагиашро ба се қисмат тақсим кунад. Як микдорашро барон модараш, қисми дигарашро ба муаллим ва микдори охирашро ба худаш ҷудо намояд.

Ба ҳамин тариқ, донишомӯзии Ҳофиз оғоз ёфт. Вале барон Ҳофиз ниҳоят душвор буд. Ба ӯ лозим меомад, ки ҳам кор кунаду ҳам хонад ва муҳимаш он аст, ки аз дигар шарикдарсонаш қафо намонад. Дар натиҷаи кӯшишу ғайрати зиёд ӯ яке аз беҳтарин шогирдони мактаб гардид. «Қуръон»-ро аз бар намуд ва бо лаҳну овозимутаассиркунандаонро аз ёд мегуфт. Барон ҳамин ҳам баъди се-чор сол омӯзгорон ва шарикдарсонаш ӯро Ҳофиз гуфта ба забои мегирифтанд. Вале Ҳофиз ба маънои сураю оятҳои ин китоби динӣ сарфаҳм намерафт.Ӯ бештар қиссаю ривоятҳои халқӣ ва махсусан, шунидани достонҳои «Шоҳнома»- и Абулқосим Фирдавсиро дӯст медошт ва дар вактҳои бекорӣ ба назди қиссахонҳо рафта, нақлҳои онҳоро бо шавқу завқ гӯш мекард.

Ҳофиз, пас аз он ки савод баровард, худаш кам-кам шеър менавишт, вале ба ягон кас нишон намедод. Шарикдарсонаш аз ин кори ӯ хабар меёбанд. Шамсиддин дар шеърҳои эҷодкардааш тахаллуси «Ҳофиз»-ро мегузорад. Албатта, шеърҳои навмашқонаи ӯ дили касеро ба шӯр намеоварданд ва дорои камбудиҳои зиёд буданд. Ӯ ҳатто аз дигарон таънаю маломат мешунид. Аммо рӯҳафтода нагашт. Пайваста ашъори шоирони гузашта ва ҳамзамононашро аз бар намуд, аз онҳо санъати суханварӣ омӯхт. Баъди ин шеърҳои ӯ ранги дигар гирифтанд. Акнун ӯро ҳамчун шоир шинохта, дигар мазоҳу масхара намекарданд.

Солҳо гузаштанд. Ӯ мактабро хатм намуд ва ба Мадраса дохил шуд. Ӯ дар ин ҷо ҳам нуҷум, ҳандаса, ҳисоб, таърих, фалсафа ва каломи бадеъро омӯхт. Пас аз хатми Мадраса ба ӯ унвони «Хоҷа»-ро доданд, ки ин маънои донишманд, олим ҳаким ва устодро дошт.

Рӯз аз рӯз қалами Ҳофиз сайқал меёфт. Шеърҳои ӯро хосу ом аз бар мекарданд. Дар маҷлиси шуаро шеър мехонд ва таҳсину офарин мешунид. Шӯҳрати шоирии Ҳофиз дар Шероз паҳн шуд. Овозаи ӯ ба гӯши ҳокими Шероз Шайх Абуисҳоқ расид ва ӯ Ҳофизро ба дарбор даъват кард. Азбаски Абуисҳоқ шахси фозилу шоирпарвар буд, Ҳофиз даъвати ӯро кдбул намуд. Ҳаёти дарбор чандон тӯл накашид. Амир Муборизиддин ба мамлакат ҳуҷум оварда, Шерозро гирифт. Халқи бечораро ғорат кард, Абуисҳоқ ва фарзандони ӯро қатл намуд. Зулму золимӣ ва қатлу ғорат авҷ гирифт. Мардуми бечораи баҷонрасида намедонистанд, ки чӣ чора ҷӯянд. Ҳофиз низ яке аз онҳо буд. Вай ҳаёти нисбатан хуби гузаштаро ба ёд оварда, аз шӯру шари замона ба дод меомад. Ягона мақрами рози дили озордидаи ӯ ғазалҳои эҷодкардааш буд. Бо ҳамин дилашро то андозае таскин медод. Дар ин қабил ғазалҳои ӯ оҳанғи яъсу ноумедӣ хеле пурқувват ба назар мерасад.

Ерӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?

Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?

Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?

Хун чакид аз шохи гул, боди баҳоронро чӣ шуд?

Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубоиои ии диёр,

Меҳрубонӣ кай cap омад, шаҳриёронро чӣ шуд?

Дар ин ҳангом подшоҳи Ироқ Султон Ҳусайн Ҳофизро ба Бағдод таклиф кард ва барои меҳрубонии худро нишон додан ҳадяе низ фиристод. Вале Ҳофиз ин таклифро рад кард.

Ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоии мамлакат боз ҳам вазнин мешавад. Писарони амир Муборизиддин Шоҳ Махмуд ва Шоҳ Шуҷоъ аввал чашмони падари хешро кӯр мекунанд ва сонӣ ба қатл мерасонанд. Онҳо низ дар зулм аз падари худ дастболо шуданд. Мамлакат хароб ва халқ ноосуда гашт. Илова бар ин, сафарҳои ҳарбӣ ва қатлу горати Амир Темур низ аҳволи иқтисодӣ ва сиёсии кишварро ба таназзул оварда буд. Ҳокимон Ҳофизи ҳақгӯйро бад медиданд. Зиндагии ӯ фақирона мегузашт. Ҳаёти фоҷиавии оилавӣ шоирро барвақт пир кард. Аввал писараш вафот мекунад ва баъдтар зайаш. Ин ду ҳодисаи нохуш ба рӯзгори минбаъдаи Ҳофиз таъсири амиқ расонид. Акнун ӯ бо писари охиринаш Шоҳ Нӯъмон танҳо монд. Шоир дар ёди зану фарзанди ҷигарбандаш шабу рӯз менолид.

Ҳасудон ва дигар ашхоси нолоиқ ба ҳамаи ин дарду алами Ҳофиз нигоҳ накарда, ӯро озор медоданд. Ба қадри ӯ намерасиданд. Бинобар ин Ҳофиз маҷбур шуд, ки ба Язд сафар кунад.                                       _

Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,

Биё, Ҳофиз, ки мо худро ба мулки дигар андозем.

Дар Язд шоирро шоҳ қабул намекунад. Баъд аз чанд муддате бо як азобу уқубати зиёд ба зодгоҳаш бармегардад.

Подшоҳи Дакан ба воситаи Мирзо Фатҳуллоҳ ба Ҳофиз тӯҳфа фиристода, ӯро ба Ҳиндустон таклиф мекунад. Аз нодорию тангдастӣ шоир ин таклифро қабул мекунад ва ба сафар мебарояд. Вале ҳангоме ки аз баҳри Муҳит мегузаштанд, гуфони азиме бармехезад. Киштӣ дар байни мавҷҳо қариб нобуд мешуд. Ниҳоят бо як азоб киштиро ба бандар бармегардонанд. Ҳофиз аз он ҷо ба Шероз бозмегардад. Бори дувум Маҳмудшоҳ Ҳофизро ба Ҳинд таклиф мекунад. Вале Ҳофиз боз ин таклифро қабул накарда, писараш Шоҳ Нӯъмонро, ки майли рафтан дошт, мефиристад.

Писари Ҳофиз дар Бурҳонпур дар роҳ вафот мекунад. Ин ҳодисаи нохуш қалби дардноки Ҳофизро реш кард ва нолаҳои ҷонсӯз аз дили шоир ба фалак расид.

Ғаму андӯҳ пайкари шоирро месӯхт. Ҳофиз худ ба худ мегуфт. «Оҳ, ҷони азиз, нури чашмонам, ба падари бадбахтат дигар дидани рӯи ту насиб нагардид. Фарзанди бечораам ба умеди суде ба диёри бетона сафар карду ғарибгӯр шуд».

Марти фарзанди охирин барои Ҳофиз хеле вазнин афтод. Шероз бо тамоми зебоиҳояш дар чашми шоир хира, тамхона ва бетароват менамуд. Кунун аз ёру дӯст ва хешу ақрабои Ҳофиз ягой кас намонда буд. Аз ин ҷост, ки ёди бобоёну ачдоди худ карда ба Исфаҳон сафар намуд.

Ҳофиз чанд сол дар Исфаҳон ҳаёт ба cap мебарад. Ӯ боз ба зодгоҳаш баргашта, поёни умри хешро дар Шероз мегузаронад.

Поёни умри шоир дар фақирӣ ва тангдастӣ мегузарад. Ба ҳамин тариқ, соли 1389 дар Шероз вафот мекунад. Ӯро дар наздикии шаҳри Шероз, яъне Мусалло, дар байни дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг дафн намуданд. Имруз ҳам мавзеи Мусалло ободу зебо буда, зиёратгоҳи мардумони олам аст. Сайёҳони зиёде ҳар сол ба Шероз омада, мақбараи Ҳофизро зиёрат мекунанд.