Чуноне ки мебинем, Ҳофиз шоири ғазалсаро мебошад ва ин шакли шеърӣ дар эҷодиёти ӯ мақоми арзанда дорад. Беҳтарин афкори пешқадами ӯ низ дар ғазалиёташ инъикос ёфтаанд. Ба ҳамин маънӣ ишорат карда худи Ҳофиз чунин ғуфтааст:
Ғазал гуфтию дур суфтӣ, биёву хуш биҳон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак икди Сурайёро.
Ҳофиз дар сурудани ғазал асосан пайрави шоирони бузурги гузашта Саъдӣ, Хоҷуи Кирмонӣ аст. Вале ӯ аз устодони худ пеш гузашта. шакли ғазалро ба дараҷаи олӣ расонидааст.
Ғазалҳои ӯ ҳаҷман хурд, яъне аз 5 то 10 байт буда, бештари онҳо аз ҷиҳати сохти устухонбандӣ аз ғазалиёти шоирони пешин тафовут доранд. Як хусусияти ғазалиёти ӯ дар он аст, ки бештар радиф доранд, ки радиф барои равшану возеҳ ифода ёфтани мундаричаи ғоявии онқо ёрии калон мерасонад.
Дигар, ғазалиёти ӯ аз ҷиҳати сохт ду навъ шакл гирифтаанд. Аввал, ғазалҳое ҳастанд, ки аз cap то охир дар як мавзӯъ гуфта шудаанд. Дувум. ғазалқое низ ҳастанд, ки ҳар байти онҳо мустақил буда, дорои маъноҳои гуногун мебошанд.
Мавзӯи ғазалиёти шоир гуногун буда, дар онҳо умеду орзуи халқи меҳнаткашу ҷафодида, ки худ аз байни онҳо баромадааст, ба хубӣ инъикос ёфтааст. Лирикаи Ҳофиз ҳолату авзои замони пурошуб, зиддиятҳои табақаҳои чамъиятӣ, муборизаи аҳли илму маърифат барои зиндагии осудаҳолонаи халқи бечора, ишқу муҳаббати поки инсонӣ ва зебоиҳои табиатро ифода менамояд. Оҳангҳои иҷтимоӣ дар лирикам Ҳофиз хеле пурқувватанд. Адиб ҳангоми баёни вазъи иҷтимоии замой ҳамчун марди инсонпарвар, хайрхоҳ, некандеш пеши назар меояд.
Дар байни халқ дар бораи шаҳсиятҳои бузурги таърихию фарҳангӣ нақлу ривоятҳои таърихӣ эҷод шудаанд ва имрӯз ҳам мавҷуданд. Ривояти «Суҳбати Хоҷа Ҳофиз бо Темури Ланг» доир ба ғазали машҳури Ҳофиз:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
ҳам аз ҷумлаи онҳост. Албатта, шумо медонед, ки Темур ҳамчун шоҳи хунхору мутаассиб ними дунёро гирифт, ҳазорон мардуми бегуноҳро қатлу ғорат кард. Аз сари миллионҳо сарбозу раияти шаҳру деҳот калламанора сохт. Бахусус, пас аз фатҳи Исфаҳон (1387 с.) азсари 75 ҳазор мардум калламанора бунёд кард. Пасон ба Шероз омад. Зайналобуддин - писари Шоҳ Шуҷоъ, ки пас аз марги падар тоҷи шоҳӣ ба cap дошт, аз тарси ҷон точро бар замин ниҳоду майли Багдод кард. Зеро медонист, ки ба лашкари хунхори Темур тоб оварда наметавонад. Темур бе ягон душворӣ, бе ягон ҳарбу зарб Шерозро фатҳ намуд.
Темур савод дошт ва аз осори бузургони тоҷику форс бархурдор буд. Ӯ ғазалҳои Ҳофизро дар асл хонда, шояд ғизои маънавие ҳам гирифта бошад. Махсусан, ҳамон ғазали «Агар он турки шерозӣ...»-ро хонда, ҳифз ҳам карда буд. Чун ба Шероз расид, амр намуд, то соҳиби ин ғазалро ба ҳузураш биёранд. Оварданд.Гуфт:
-Ман бо зарби шамшер аксари рубъи маскунро мусаххар сохтам (яъне қисми зиёди дунёро гирифтам) ва ҳазорон ҷой ва вилоят вайрон кардам, ки Самарқанд ва Бухоро, ки ватани ман аст, ободон созам, ту мардак, ба як холи ҳинду Самарқанду Бухороро мефурӯшӣ дар ин байт, ки гуфтай:
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Хоҷа Ҳофиз чунин посух дод:
-Эй султони олам, аз ин навъ бахшандагист, ки бад-ин рӯз афтодаам, - ва ба ҷандаҳои худ ишорат кард».
Аз посухи Хоҷа Темур ҳайрон бимонд. Ӯ аз шоир илтимосу илтиҷоро мунтазир буд. Ҳофиз бошад ҳашамати ӯро ба эътибор нагирифт».
Ба назари мо, ривоят ҳақиқати воқеист ва аз рӯйи ақлу хирад ҳамин тавр ҳам шуданаш мумкин буд. Дар масъалае, ки чаро шоир аз шамшери шоҳи хунхор натарсид ва бахшиш напурсид? Ба ин суол метавон чунин посух дод.
Умри Хоҷа Ҳофиз ба ҷойе расида буд. Дигар, нисбати Темури хунхор, ки ҳазорон ҳаммилатонашро ба қатл расонида буду чӣ рӯзҳои сахту сангинро ба сари зиндамондагонаш овард, огоҳӣ дошт. Аз ин чост, ки дигар зиндагӣ барояш арзише надошт ва чуноне ки дилаш хост, нотарсона ва бебокона ҳамонро гуфт. Ин ривоят боз як далели худшиносӣ ва ватандустии Хоҷаро собит менамояд.
Акнун бармегардем ба сари ин ғазали Хоҷа Ҳофиз, то бубинем, ки шоир чӣ гуфтаниҳое, чӣ ҳадафе дорад. Он ғазал ин аст:
1. Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
2. Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳӣ ёфт
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
3. Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони яғморо.
4. Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустагнист,
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо?
5. Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт, донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро
6. Насиҳат гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
7. Ҳадис аз мутрибу май гӯӣу рози даҳр камтар ҷӯй,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
8. Ғазал гуфтиву дур суфтӣ, биёву хуш биҳон, Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.
Ғазали мазкур аз ҳашт байт (16 мисраъ) иборат буда дар баҳри ҳазаҷи мусаммани солим суруда шудааст, ки тақтеи он ба ин зайл аст:
1. V---I V---I V--- I V---
2. V—IV— IV— IV—
Ма-фо-и лун ма фо и лун ма фо и лун / мафои лун
Ма фо и лун ма фо и лун ма фо и лун ма фо и лун
Ғазали «Агар он турки шерозӣ» дорой як мавзӯъ нест. Дар он чанд масъала матраҳ шудааст. Доир ба матлаи ғазал (1) дар боло гуфтем, ки он дар мавзӯи ишқу ошиқист ва ошиқ, яъне қаҳрамони лирикӣ ба хотири як нигоҳ, як холи ҳинду (сиёҳ)-и маъшуқааш ду шаҳри бузург - Самарқанду Бухороро инъом карданист, ки аз ин бахшишҳо Темур ба хашму ғазаб омада будааст.
Байти дуввум ҳам давоми мантиқии байти аввал буда, шоир ба соқӣ таъкид менамояд, ки май бидеҳ, ки шароит муҳаёст. Мо дар канори оби Рукнободу дар гулгашти Мусалло хаймаи шодӣ задаем ва чунин ҷойгоҳ, чунин манзараи зебою мунаққашро ҳатто дар Ҷаннат ёфтан наметавонӣ.
Дар байти сеюм шоир аз паричеҳрагон бо номи «лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб» ёд карда, онҳоро басо самимӣ тавсиф намудааст. Ғӯё чунон ба шавқу рағбат, ба шодию фараҳ омадааст, ки аз ҷамоли паричеҳрагон сабру тоқаташ тамом шудааст. Ва ин ҳодисаи фараҳафзо мисли он аст, ки туркон, муғулон ба сарвату ба давлати мо доранд ва ин дороиро ба яғмо, яъне чун дуздон кашонда бурданд. Ба ин восита Хоҷа дар ин байт истилогаронро сахт мазаммат намудааст ва адиб дар ин маврид аз санъатҳои ташбеҳ, рамзу киноя, тазоду муқобила бамаврид истифода бурдааст.
Дар байти чорум шоир аз номи ошиқ мегуяд, шарт нест, ёраш хешро зебу зинат бахшад, барои ошиқ ҳамон ҳусну ҷамолаш кофӣ аст, ошиқ аз он мустағнист. Пас, дар байти панҷум барои исботи ҳамин фикр масал мезанад ва ҳусни табиии Юсуфро мисол меоварад, ки чӣ хел ин ҳусну ҷамол Зулайхоро аз пардаи исмат, яъне аз шарму ҳаё берун овард ва ӯ ошкоро ба Юсуф дил бает ва ошкоро ишқашро ба ӯ гуфт ва ин дар байни хосу ом қисса шуд.
Қофиз дар байта VI ба сари мақсад омада, ба ҷавонони саодатманд муроҷиат намуда мегӯяд, ки май шуморо дӯст медорам, шумо ояндаи Ватан мебошед, шумо аз хушиҳои зиндагӣ, ҳанӯз ки ҷавон хдетед, истифода баред. Зеро инсон дар кушодани сирру асрори масъалаҳои марту зиндағӣ (рози даҳр) оҷиз аст ва ҳанӯз рози даҳрро касе накушодааст ва кушода хдм наметавонад.
Ниҳоят, Хоҷа Ҳофиз дар мақтаи ғазал фикру андешаашро ҷамъбаст менамояд ва ба худ хитобан муроҷиат мекунад, ки «рози даҳр» муаммост, онро бигзору ғазалҳои ширинро хону лаззат бар, онҳо хушоянд ва нотакроранд ва ба назмат тамоми мардуми сайёра аҳсан мегӯяду арзандатарин, қиматтарин тӯҳфа (икди Сурайё)-ро бароят мебахшад.
Метавон бо камоли боварӣ, чӣ аз нигоҳи мазмун ва чӣ аз лиҳози тарзи баён, санъати суханофарӣ мақтаъи ҳамин ғазалро беҳтарин ҳусни мақтаъ дар адабиёти тоҷику форс донист. Бамаврид аст, ки ба хотири тақвияти фикри боло як банд аз мусаммани адиб ва файласуфи бузург Абдураҳмони Ҷомиро дар ин ҷо ёд кунем:
Мақому манзилат бодо биҳишти ҷовидон, Ҳофиз!
Ҳазорон раҳмати Ҳак бод бар он хонадон, Ҳофиз!
Дуогӯи ғариби туст Ҷомӣ dap ҷаҳон, Ҳофиз
«Ғазал гуфтиву дур суфтӣ, биёву хуш биҳон, Ҳофиз!
Ки бар назми ту афшонад фалак икди Сурайёро»
«Ғам махӯр». Ин ғазал ҳам дар байни хосу ом маълуму машҳур аст. Адибони зиёди тоҷику форс ба он назира гуфтаанд. Шумо хуб огоҳ ҳастед, ки рӯзгори шоир ноором, қатлу горати темуриён ҳамаи табақаҳои ҷомеаро фаро гирифта, мардумро ба дод оварда буд. Агар бо сухани Хода бигӯем «Ки ҳамчу дашми суроҳӣзамонахунрезаст». Ҳофиз низ фарзанди замони худ буд ва ҳамаи ин шӯру шарро бо дашмони худ дид ва оҳи пурдард аз дили сарди хеш берун овард. Ӯ хоҳони зиндагии хуши инсонҳо, хоҳони сулҳу салоҳ, хоҳони саодатмандию пирӯзии халқи азизи кишвараш буд. Ин ҳама орзуи шоир буд ва барои сомони ин корҳо, ба хотири амалӣ гардидани орзую омоли хеш чӣ кор карда метавонист? Ҳеҷ! Дасташ кӯтоҳ буд. Танҳо метавонист дили халкро бо гуфтори ширин, бо панду андарзи намакинаш бардорад, андак таскин диҳад, ки рӯзе мерасаду рӯзгори шумо хубтару беҳтар мегардад. Бинобар ин ғами беҳуда нахӯред, ки фонда надорад. Ана ғазали «Ғам махӯр» ба ҳамин мавзӯъ бахшида шудааст. Таваҷҷӯҳ куиед:
1. Юсуфи гумгашта боз ояд ба Каньон, ғам махӯр,
Кулбаи аҳзон шавад рӯзе гулистон, гаи махӯр!
2. Ин дили ғамдида ҳолаш беҳ шавад, дил бад макун,
В-ин сари шррида боз ояд ба сомон, ғам махӯр!
3. Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доимо яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Дар байта аввал барои ифодаи фикр боз ба санъати талмеҳ рӯ меорад, боз ёди ҳодисоту ривоёти асрҳои пешин, ки дар «Қуръон» омадаанд, мекунад. Мо дар ғазали нахуст «Агар он турки шерозӣ» дар бораи Зулайхо ва ишқи ӯ ба Юсуф ибрози назар карда будем. Дар ин ғазал бошад, Хода Ҳофиз аз паҳлӯи дигари ин ривоят ишора кардааст. Дар «Қуръон» омадааст, ки чун бародарон Юсуфро бо худ бурданд ва аз ҳисси бадбинӣ ӯро ба чоҳ андохтанд ва ба падар арз доштанд, ки Юсуфро гург хурдааст. Ҳазрати Яъқуби пайғамбар аз ин хабар дардманд ва дилшикаста мешавад ва оқибат дар ғами фарзанди ҷигарбанд Юсуф чашмонаш нобино ва оҷиз мегарданд ва шабону рӯзонро ба ёди ӯ мегузаронад. Ҳамин маъниро Хода дар назар дошта, ба хонандагонаш хотиррасон мекунад, ки ғам нахӯред, ҳамон Юсуфи гумгашта боз ба Канъон хоҳад омад ва ба дидори падараш хоҳад расид. Дар мисраи дуюми ҳамин байт андешаашро боз хам камол дода ёдовар мешавад, ки чун Юсуф ба дидори падар мушарраф гардид, кулбаи ғамободи онҳо хандон мешавад ва ба гулистон монанд мегардад. Ин гуфтор ишорат ба он маънист, ки кишвари харобу валангори мо рӯзе обод мегардад ва чун гулистон шукуфон хоҳад гашт. Бинобар ин сабр бинмою ғам махӯр. Дар байти дуюм хам боз ҳамин маънӣ бо ифода, бо сабки дигар тавзеҳ ёфтааст. Масалан, мегӯяд, ин дили ғамдида, ин сари шӯрида, иншооллоҳ, беҳ хоҳад шуд, дилатро ором нигоҳ дор, ғамгин машав. Ниҳоят, дар байти сеюм бори дигар таъкид менамояд, ки дунё ба як қолаб, ба як маром нахоҳад монд, рӯзе мерасад, то ту ба муроди дилат бирасй ва шодию хушрӯзӣ насибат бигардад.
Агар амиқтар ба ғояю моҳияти ғазали «Ғам махӯр» назар андозем, мебинем, ки Хоҷа Ҳофиз дар зимни он ғояи адлу инсоф ва дастболо шудани ин ғояи олиро дар зиндагӣ нишон додаст. Боварй ба ояндаи нек, ба хушбахтию саодатмандии мардуми бесарпаноҳ доштан ва дар дили онҳо як шамъеро фурӯзон гардондан дар ин рӯзгори сангин аҳамияти калон дошт. То андозае шоир тавонист дили онҳоро ба зиндагӣ гарм намояд ва ба ояндаи нек ҳидояташон кунад.
Реклама