БАДЕИЁТИ ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗ

БАДЕИЁТИ ҒАЗАЛИЁТИ ҲОФИЗ

Хоҷаи бузургвор табъи баланду истеъдоди худодод дошт, ӯ каломи шоиста ва сухани мавзуне биёфарид, ки ҷаҳониён пеши назмаш сари таъзим фурӯд оварданд. Вале буданду хастанд дар ҳар давру замон ашхоси тангназар, ҳасуд, ки онон аз ҳасудию нотавонбинӣ ба Ҳофиз барин нобигагон санги маломат заданд ва хешро пешоҳанги адибон пиндоштаанд. Хода ҳанӯз ба ин гуна ашхос дар ҳамон замон ҷавоби муносиб дода буд:

Ҳасад чӣ мебарӣ, эй сустназм, бар Ҳофиз?!

Қабули хотиру лутфи сухан худодод аст!

Мусаллам аст ва то он ҷое, ки медонем, ғазалҳои Хода Ҳофизро асосан ду чиз машҳури дунё намудааст. Нахуст мавзӯъҳои баланд, ғояхои олӣ, ифшои дарди дили инсонҳо, ифода намудани орзую ормонҳои наҷиби кулли башарият, дойр ба масъалаҳои гуногуни зиндагӣ. Дуввум бошад бадеиёт, санъати волои сухани ноби шоир аст, ки ҳар қаламкаш дар гуфтани он оҷиз хоҳад монд. Яъне дар ашъори Шамсиддин Мухаммад Ҳофизи Шерозӣ шаклу мазмун, зоҳиру ботин бо ҳам тарозуи ду паҳлу баробар ва ҳарду паҳлу ҳамсадо, ҳамнаво ҳастанд ва' харду барон тавлиди ғазалҳои ҷовидона саҳмгузоранд. Мо дар боло асосан дар бораи мавзӯю мӯҳтавои ғазалиёти Хода бештар таваққуф кардем. Акнун лозим меояд, ки баъзе хусусиятҳои бадеии ашъори Хрфизро баррасӣ намоем.

Пеш аз ҳама, ғазалиёти шоир равон, содда, ва аз ҳар гуна такаллуфоти зиёдӣ ориянд. Ҳофиз бо зеботарин алфоз барои арӯсони маъонӣ пероҳане оростааст. Маҳз тавъам омадани ҳамин ду чиз сабаби ҷаҳонгир шудани ғазалиёти Хода гардидаанд. Салосату балоғат, фасоҳату зебоғуфтории адиб савтиёт ва оҳангнокии шеъри ӯро таъмин кардаанд, ки тайи 700 сол ҳофизону мутрибон ғазалиёти ӯро замзама мекунанд. Бе ягон муболиға метавон ғуфт, ки дар ҳар як ғазал, дар ҳар як байт, дар ҳар як мисраъ, дар ҳар як порам шеъри Хода Ҳофиз санъате истифода шудааст ва онҳо оростагию перостагии шеъри адибро таъмин кардаанд. Чанд мисол:

Саволу ҷавоб:

Гуфтам: «Эй султони хубон, раҳм кун бар ин ғариб!»

Гуфт: «Дар дунболи раҳ дил гум кунад мискин ғариб!»

Гуфтамаш: «Бигзор замене!» Гуфт: «Маъзурам бидор?

Хонапарварде чӣ тоб орад ғами чандин ғариб»

Дар ин ду байт ғайр аз санъати саволу давоб боз санъатҳои дигари шеърӣ, аз қабили мадоз, киноя, таносуби сухан, хусни матлаъ низ бамаврид истифода шудаанд. Вале дар ин пора санъати саволу давоб дар дои аввал меистад, макоми шоиста дорад.

Санъати ташбеҳ:

Килки Ҳофиз шакарин оби набот аст, бичин!

Ки дар ин боғ набит самаре беҳтар аз ин.

Дар ин байт ширинии шеърашро ба шакар ва маҳсули қаламашро ба оби набот ташбеҳ намудааст. Бог бошад киноя аз осораш, аз ғазалиёташ мебошад.

Санъати таҷниси лафзи он аст, ки дар мисраъе ё байте шоир калимаҳои монандро истифода мебарад, ки онҳо маъноҳои гуногун доранд:

Зулф бар бод мадеҳ, то надиҳӣ барбодам,

Ноз бунёд макун, то наканӣ бунёдам.

Дӯш огаҳӣ зи ёри сафаркарда дод бод,

Ман низ дил ба бод диҳам, ҳар чӣ бод - бод.

...КиДоро, ки дорой офоқ буд.

Ба дорандагй дар ҷаҳон тоқ буд.

Таҷниси маънавӣ

Таҷниси маънавӣ он аст, ки як калима ё як ибора ба ду маъно ояд. Масалан, дар байта зер калимаи ширин ба ду маъно: якум номи инсон - қаҳрамони достони «Хусрав ва Ширин» ва дуввум ба маънои ширин, болаззат мавриди истифода қарор ёфтааст:

Гарчи Фарҳодам, ба талхӣ ҷон барояд, ҳайф нест,

Бас ҳикоятҳои Ширин боз мемонад зи ман.