САВОЛ ВА СУПОРИШ

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1 .Давраи тифлӣ ва ҷавонии Амир Хусрав чӣ хел гузашт?

2.   Чӣ мусибат ба сари хонаводаи Хусрав омад?

3.   Чаро аз Хусрави ҳаштсола бузургон имтиҳон гирифтанд?

4.   Ба дарбори султони Ҳинд ба чӣ хотир шоирро даъват намуданд?

5.   Дар дарбор шоир ба кадом корҳо машғул буд?

6.   Хусрав дар бораи модари хеш чӣ гуфтааст?

7.   Чаро шоирро Деҳлавӣ мегӯянд? Оё ин ба ҳақиқат рост меояд?

8.   Дар бораи микдори абёти худ Хусрав чӣ мехуяд?

9.   Хусрав аз кадом ҷиҳат ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намуд?

10.                  Достонҳои дар мавзӯъҳои таърихӣ иншокардаи шоир дорой кадом хусусиятҳо ҳастанд?

11.                  Мавзӯи қасидаҳои Хусравро гӯед.

12.                  Онҳо аз қасидаҳои Саъдӣ фарқ доранд?

13.                  Ҷомӣ ба кадом қасидаи Амир Хусрав ҷавоб гуфтааст?

14.                  Мавзӯъҳои ғазалиёти шоирро гӯед ва бо мисолҳо фаҳмонед.

15.                  Достони «Дувалронӣ ва Хизрхон» бо кадом хусусиятҳояш аз достонҳои ишқии шоирони гузашта фарқ карда меистад?

16.                  Мақсади Хусрав аз эҷоди ин достой дар чист?

17.                  Амир Хусрав нисбати дину мазҳабҳо чӣ андеша дошт?

18.                  Чаро Хусрави Дехдавиро Амир Хусрав мегӯянд?

19.                  Ин унвонро кай ва кадом султони Ҳинд ба ӯ дод?

20.                  Таъсири эҷодиёти Хусравро ба адабиёти пасини форсу тоҷик дар чӣ мебинед?

РУЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ

1.   Б.Ғафуров. Тоҷикон, китоби 1. Душанбе, «Ирфон», 1983.

2.   М.Бақоев. Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Дувалронӣ ва Хизрхон», Сталинобод, 1958.

3.   Х.Мирзозода. Таърихи адабиёти тоҷик, китоби 2, «Маориф», 1977.

4.   Т.Миров, К.Хочаев, Ш.Исломов, Методикаи таълими адабиёти тоҷик, «Маориф», 1991.

Реклама