Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ пас аз марг ба ояндагон мероси пурарзише боқӣ гузоштааст. Албатта, бузургии асар, бузургии осор дар микдор нест. Ӯ мисли баъзе адибони классик сад - дусад ҳазор байт нагуфтааст, камтар гуфтааст, вале хубтар гуфтааст. Адиб метавонад бо як асар ҷаҳонгир гардад ва ё машҳури дунё шавад ва наслҳои оянда ӯро чу пайғамбари сухан бишносанд. Ҳофиз ҳамин гуна шоир буд.Аз ғазал ва танҳо аз ғазал дар тамаддуни башарӣ кохи бегазанд афрошт. Оре, ин кохи бегазандро пас аз сӣ соли марги шоир дӯсти меҳрубон, шогирди қадрдонаш Муҳаммади Гуландом мураттаб сохта, ба шакли девон даровард. Девон аз 495 ғазал, 5 қасида. 43 рубоӣ 34 қитъа, «Соқинома» иборат аст. Микдори абёти девони Ҳофиз 4650 байтро ташкил медиҳад.
Хонандагони азиз, шоиста он бошад, ки мову шумо бо чунин бузургонамон ифтиҳор кунему ифтиҳор дошта бошем. Аммо ифтиҳор ҳанӯз кам аст. Мо бояд саъй бикунем, ки худшинос бошем, забони худ, халқи худ, Ватани худро эҳтиром кунем ва фарзандони фарзонаашро мисли Хоҷа Ҳофиз қадрдонӣ ва эҳтиром намоем.
Акнун бармегардем ба сари мероси адабии Ҳофиз. Дар бораи мазмуну мӯҳтавои ғазалиёти шоир андактар таваққуф хоҳем кард. Алҳол бубинем, ки қасидаю рубоиёти Ҳофиз чӣ мазмуну мӯҳтаво доранд. Шоир дар онҳо ба кадом масъалаҳои зиндагӣ панҷа задааст.
Рубоиёти шоир дорои мазмунҳои гуногун мебошанд. Пеш аз ҳама, шоир дар рубоиҳояш ишқи поки инсониро хеле ҷозибанок васф кардааст:
Он турки паричеҳра, ки қасди ҷон дошт,
Монанди парӣ чеҳра зи ман пинҳон дошт.
Гуфтам: «Даҳани танги ту гӯӣи ҳеҷ аст?!»
Гуфто, ки: «Аз ин ҳеҷ тамаъ натвон дошт».
Дар рубоии зер Ҳофиз аз зиндагӣ баҳра бурдан, бо гуландоме нишастан ва аз дасти ӯ ҷоме гирифтанро сармояи хушӣ ва рӯзгори босаодати хеш медонад:
То ҳукми қазои осмонӣ бошад,
Кори ту ҳамеша шодмонй бошад.
Тар ҷоми майе зи дасти ту нӯш кунам,
Сармояи умри ҷовидонӣ бошад.
Ҳофиз дар баъзе рубоиёташ инсонҳои баду бадкирдорро мазаммат намуда, панд медиҳад, ки аз ин роҳ баргарданд, ба некой бадию ноодамй накунанд ва мисли деву дад нашаванд, мағрур, мутакаббир набошанд ва фурутану хоксор бошанд:
Бо мардуми нек бад намебояд буд,
Дар бодия деву дад намебояд буд.
Мафтуни маоши худ намебояд шуд,
Маерур ба ақли худ намебояд буд.
Дар содагию равонй рубоиёти Хода рубоию дубайтиҳои халқиро ба хотир меоранд, ки бисёр равон ва фаҳмою дастрасанд:
Аз халқ:
Дури зи ману зи ман саломат бодо!
Ҷону дили ман фидои номат бодо!
Ман бе ту нафас намекашам дар о лам,
Бе ман ту нафас кашӣ, ҳаромат бодо!
Аз Ҳофиз:
Рӯзе, ки фироқ аз ту дурам созад,
Дар ҳаҷри рухи ту носабурам созад.
Тар чашм ба руи дигаре боз кунам,
Ҳаққи намаки ҳусни ту курам созад.
Аз Хоҷа Ҳофиз то замони мо се қасида омада расидааст, ки онҳо мадҳӣ мебошанд. Дар ин қасидаҳо кору амали Шоҳ Шудоъ гаърифу тавсиф шудаанд. Дар қасидаи сеюм вазири Шоҳ Шудоъ - Қавомуддини Мухаммад мадҳу ситоиш ёфтааст. Қасидаҳои Хоҷа Ҳофиз аз нигоҳи шаклу сохт, яъне тарзи қофиябандӣ, матлаъу мақтаъ ва риоя шудани қисматҳои насиб, ташбиб, таъриф, талаб ва хотима ба қасидаҳои шоирони пешина монанд бошанд ҳам, аз нигоҳи мазмун ва мундариҷаи ғоявӣ то андозае фарк дошта, бештар ба қасидаҳои Шайх Саъдӣ монандӣ доранд. Ин монандӣ дар чист? Ин монандӣ дар он зоҳир мегардад, ки Хрфиз ҳам Шоҳ Шуҷоъ ва Қавомиддини Муҳаммадро ситоиш карда бошад ҳам, онҳоро ба адлу дод, ба фуқаропарварӣ даъват кардааст. Албатта, дар гузориши ин масъала ба дараҷаи Саъдӣ нарасида бошад ҳам, ба қар ҳол иззати нафс ва қудрати хешро дар назди шоҳу вазир нигоҳ дошта тавонистааст.
Реклама