САНЪАТИ ИҲОМ ВА ТАҚСИМ

САНЪАТИ ИҲОМ ВА ТАҚСИМ

Санъати иҳом мураккаб аст. Ҳар хонанда онро аз байт пайдо карда наметавонад. Шоир дар байта хеш матлабро ба ду маънӣ баён мекунад ва хонанда нахуст ҳамон матлаби аввал ва соддаро дарк мекунад, вале мақсади асосии шоир маънои дуввум ё дур аст. Ба ин восита хонандаро ба роҳи дигар бурда метавонад.

Ин ки мегӯянд: «Он беҳтар зи ҳусн»?

Ёри ман ин дораду он низ ҳам.

Дар ин байт калимаи он дороӣ ду маъност. Нахуст ишорат, ҷонишин аст ва дувум, ба маънои шахе (дар ин но ёр)-и ситорагарм омадааст.

1.        Дӣ дар миёни зулф бидидам рухи нигор

Бар ҳайате, ки абр муҳити қамар шавад.

2.        Гуфтам, ки: «Ибтидо кунам аз бӯса? Гуфт:Не,

Бигзор то ки моҳ зи ақраб бадар шавад».

Дар байти нахуст Хода таъкид кардааст, ки дар миёни ду зулф дидор, яъне рӯи ёрашро дидааст. Агар зоҳиран назар кунем, абрҳо болои моҳро мегиранд ва ин табиист. Аммо муроди шоир маънои аввал дидори ёр аст. Илова ба ин, Хода боз дар ин маврид аз санъати кинояи мадоз истифода бурдааст. Яъне абр сиёҳ аст ва шабоҳат ба зулфи ёр дорад, моҳ сафед асту киноя аз рӯи нигор мебошад. Абри сиёҳу моҳи мунир дар ин пора боз тазод шуда омадаанд. Санъати саволу давоб дар байти дуюм шеърро боз ҳам зебою хушоҳанг кардааст. Ошиқ аз маъшуки худ бӯса талаб мекунад, вале маъшук розӣ нест ва посух медиҳад, ки бигзор то мох аз зери абр (ақраб) барояд.Боз ақраб номи бурд хам хает. Ин маънои зоҳирӣ ё наздики байт аст. Маънои дур, мақсади қаҳрамони лирикӣ дар он аст, ки агёр бираваду мо ба ҳам танҳо бимонему ба дидори якдигар бирасем.