САВОЛ ВА СУПОРИШ

САВОЛ ВА СУПОРИШ

1.  Зодгоҳи шоирро аз харита ёбед.

2.   Дар бораи водии Фарғона шумо чӣ маълумот доред?

3.   Ба сари Сайфиддин чӣ фалокат омад?

4.   Сайфи Фарғониро Шайх Саъдӣ чӣ хел қабул кард?

5.   Чаро Сайфиддин боз ба Табрез омад?

6.   Чӣ ҳодиса шуд, ки Сайф ба Туркия ҳиҷрат кард?

7.   Дар бораи хоксории шоир шумо чӣ гуфта метавонед?

8.   Мероси адабии шоир дар кадом навъҳои адабӣ иншо шудааст?

9.   Қасидаҳои Сайфи Фарғонӣ аз қасидаҳои шоирони дарборӣ чӣ фарқ доранд?

10.        Мазмуни номаҳои шоирро гӯед.

11.        Чаро Сайфи Фарғонӣ Рустами Дастонро ёд кардааст?

12.         Дар қасидаи «То кай » шоир кадом масъалаҳоро инъикос намудааст?

13.         Оё ӯ раиятро ба муборизаи ошкоро бар зидди чингизиёни истилогар даъват намудааст?

14.         «Мулки Иблис аст ин вайронаи пурдеву дад» чӣ маъно дорад? Мисраъро шарҳу эзоҳ диҳед.

 


РӮЙХАТИ АДАБИЁТИ ИЛМӢ ВА МЕТОДӢ

1.   Б. Ғафуров. Тоҷикон. «Ирфон», Душанбе, 1983.

2.   Гулшани адаб, ҷилди 11. «Ирфон», Душанбе 1975.

3. Т. Миров, К. Хоҷаев, Ш. Исломов. Методикаи таълими адабиёти тоҷик, «Маориф», Душанбе, 1991.