«Тӯҳфатулафкор»

«Тӯҳфатулафкор»

Дар байни асарҳои тоҷикии Алишери Навоӣ қасидаи «Тӯҳфатулафкор» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа баландтар меистад. Таърихи навишта шудани қасидаашро Навоӣ дар «Хамсатулмутаҳайирин» ба тариқи зайл овардааст;

«Рӯзе ман дар хидмати он кас (Абдураҳмони Ҷомӣ) будам. Аз ҳар дар сухан мерафт. Дар омади сухан ман «Дарён аброр» ном қасидаи Хусрави Деҳлавиро аз ҳад зиёд таъриф кардам...».

Хам дар он рӯзҳо подшоҳ ба сафари Марв тайёрй дида, маро қам ҳамроҳи худ бурданӣ шуд. Ман барои иҷозат гирифтан ба пеши он кас (Ҷомӣ) рафтам. Дар вакти баргаштанам аз бағали худ як ҷузъ коғаз бароварда доданд. Кушода дидам, қасидаи «Луҷҷатуласрор», ки ҳамон рӯзҳо дар ҷавоби қасидаи «Дарён аброр» навишта буданд...

Савор шуда ба роҳ баромадам, то манзил бар болои асп он қасидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи (байти аввали) қасидаи «Тӯҳфатулафкор» ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фуромадан он матлаъ ба он кас навишта фиристода шуд, ки агар писандад, ишорат кунанд, тамом намоям.

Фақир то ба Марв расидан он қасидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам».

Навоӣ дар қасидаи «Тӯҳфатулафкор» фикру мулоҳизаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва пандуахлоқии худро баён кардааст. Дар қасида меҳру муҳаббати шоир нисбат ба аҳли ҳунар, деҳқон ва дармондагон ҳис карда мешавад ва дар баробари ин дар бораи шоҳону ҳокимони золим бо нафрату адоват сухан меронад: Хоҷа дил дар ваҷҳу cap афканда пеш аз фикри худ, Садр[1] аз баҳри тамаъ биншаста чайте бар дар аст.

Дар байта боло Навоӣ намояндаи ду табақаи ҷамъиятро бо ҳам муқобил гузошта, хислатҳои хдр кадоми онҳоро нишон дода мегузарад. Хоҷа - марди фақир, меҳнаткаш буда, дар фикри хеш банд аст. Вале садр - ҳоким, соҳибмансаб ҳамеша чашмаш ба дар интизори чизе ё касест.

Шоир воизонро ба зери тозиёнаи танқид гирифта мегӯяд, ки фарқи онҳо аз дигар тамаъкорон танҳо дар он аст, ки воизон болои минбару онҳо поёни минбаранд:

Воизу томеъ[2] гадои нон бувад, фарқаш кам аст,

К-ин ба зери минбар омад, он фарози минбар аст,

Тухми расвоӣ диҳад бар донаи тасбеҳи зарқ[3],

Оре, оре, дона ҷинси хешро боровар аст.

Навоӣ шоҳи золимро ба хук ва одилро ба марди деҳқон ташбеҳ намуда, аз санъати тазод ва муқобала ба хубӣ истифода бурдааст:-

Золиму одил на яксонанд дар таъмири мулк,

Хук дигар дар шиёри мулку деҳқон дигар аст.

[1]    Садр - мансабдор, болонишин.

[2] Томеъ - тамаъкор, ҳарис.

[3] Зарқ, - фиреб, найрангбозӣ, макр, ҳила.