Восифӣ дар «Бадоъулвақоеъ» сафарҳои тӯлонии худро ба шаҳрҳои Машҳад, Нишопур, Самарқанд, Бухоро, Тошканд ва ғайра бо тафсил нақл кардааст. Аз cap гузаронидани ҳодисаҳо, воқеъаҳо, сӯҳбату вохӯриҳои нависанда бо шахсони гуногун, иштироки у дар базму маҷлисҳои шоҳону ҳокимон, фаъолона иштирок намудани вай дар ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоии давр мазмуну мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ»- ро ташкил додаанд. Дар адабиётшиносӣ ингуна асарро асари ёддоштӣ ё жанри ёддошт мегӯянд. Дар асари ёддоштӣ қаҳрамони асосӣ худи муаллиф мебошад.
Эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ гуногун ва серсоҳа аст. Вай ҳам дар назм ва ҳам дар наср қувваозмоӣ кардааст. Адиб қариб дар аксарияти жанрҳои адабиёти классикӣ табъозмоӣ намудааст. Вале Восифӣ дар таърихи адабиёт ҳамчун нависанда маълуму машҳур аст. Аз ӯ то замони мо «Бадоеъулвақоеъ» ном асараш мерос мондааст. Ин асар куллиёт ё маҷмӯи осори баргузидаи ӯст. «Бадоеъулвақоеъ» дар давоми қариб 20 сол навишта шудааст. Ҳаҷми асар 90 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад. Асар аз 46 боб иборат буда, ба ҳар боб мувофиқи мазмуни он ном гузошта шудааст. Бештари бобҳо бо ифодаҳои «Гуфтор дар бораи...» шурӯъ мегарданд. Ҳаҷми баъзе бобҳо хеле калон буда, дар он қиссаву ривоят, ҳикоят, ки ба повестҳои имрӯза хеле монандӣ доранд, оварда шудаанд. Вале ин бобҳо ба ҳамдигар узван ва мазмунан алоқаманд нестанд. Ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мустақил буда, ба худ мазмуну идеяи хос доранд. Танҳо чанд боби аввал то андозае ба ҳам алоқаманданд. Дар ин бобҳо нависанда дар бораи ҳуҷуми Сафавиён ва аз Хуросон ба Мовароуннаҳр гурехтан, дар бораи ҳаёти минбаъдаи худ дар Самарқанд, Бухоро, Саброн, Шоҳрухия, Тошканд батафсил нақл менамояд. Аз боби 11 cap карда, ин алоқамандӣ канда мешавад. Восифӣ дар ин маврид ба 32 қадам монда буд ва дар дарбори Келдимуҳаммад хизмат мекард. Акнун Восифӣ дар бобҳои минбаъда базму маҷлисҳои шоҳонаро нақл карда, бо хоҳиши Келдимуҳаммад аз ҳаёти мардони бузурги гузашта: Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Исмоили Сомонӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Мавлоно Котибӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Улуғбек ва дигарон ривояту ҳикоятҳои дилангез нақл мекунад. Бештари бобҳои асар ба ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоии замони Восифӣ бахшида шудаанд, ки дар ин воқеаю ҳодисаҳои таърихӣ муаллиф низ иштирок кардааст. Аз ин ҷост, ки «Бадоеъулвақоеъ» ҳамчун асари ёддоштӣ эътироф шудааст.
Фикрҳои сиёсиву иҷтимоии Восифӣ. Восифӣ кариб тамоми ҳаёти худро дар байни табақаи болоӣ гузаронидааст. Аз ин ҷост, ки вай характеру авзои онҳоро хуб медонад ва дар «Бадоеъулвақоеъ» аз ҳаёти онҳо ҳикояту саргузаштҳои аҷиберо нақл мекунад. Дар ин нақлу ҳикоятҳо адолатхоҳӣ, дурандешӣ, хирадмандии баъзе шоҳон ва золимӣ, гумроҳию нодонӣ ва пастфитратии подшоҳону ҳокимон ва дигар соҳибмансабони рӯзгор, гоҳ бо номҳои аслиашон ва гоҳ зимни персонажҳои манфии ҳикоятҳо ба зери тозиёнаи танқид гирифта шудаанд.
Восифӣ ҳаргиз дар гуфтани сухани ҳақ ибо намекард. Ӯ шоҳони рӯзгор Келдимуҳаммад, Ҳусайни Бойқаро, Абусаид Мирзо ва вазирону ҳокимонро бо номҳои ҳақиқиашон мазаммат мекард, нодонию гумроҳии онҳоро фош менамуд. Масалан, Восифӣ дар ин бора ҳикояти «Кимёгар»-ро меорад. «Овоза дар шаҳри Ҳирот афтод, ки дар вилояти Нишопур шахсе пайдо шуд, ки илми иксир ва кимиёро некӯ медонад. Ва қудрати вай дар ин фан то ба ҳаддест, ки дар як шабонарӯз сад ман мис ва сад ман қалъагиро тиллову нуқраи холис месозад». Подшоҳ кимёгарро ба Ҳирот даъват мекунад. Ҳамаи аркони давлат ба пешвози ӯ мебароянд. Худи Ҳусайни Бойқаро таассуф мехӯрад, ки «Эй дареғ, пойҳоям итоат намекунанд, ки дар рикоби он ҳазрат (кимёгар) пиёда равам». 40 рӯз кимёгарро иззату эҳтиром мекунанд. Дар рӯзи 41 сирру асрори кимёгар фош мешавад ва ӯро сангсор мекунанд».
Восифӣ ба воситаи ҳикояти мазкур пулпарастмӣ, нодонию гумроҳии шоҳони замонро дар симои Ҳусайни Бойқаро нишон медиҳад. Худи муаллиф дар охир ба хулосаи зерин меояд: «Касеро ақлу тамиз ин бошад, ки ин навъ муҳилотро[1] қабул кунад, чӣ гуна қобили аморат ва салтанат хоҳад буд?».
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ сабаби ҳамаи ин қашшоқии мардум, ноободии кишвар, вайронии ахлоқи одамони рӯзгорро дар суст будани пояи давлат ва ноӯхдабароии шоҳон медид. Нависанда гуфтан мехоҳад, ки бе шоҳи бомаърифат, адолатпарвар ва сиёсатмадор муваффақият ба даст намеояд.
Восифӣ нақл мекунад, ки дар давраи ҳукмронии Ҳусайни Бойқаро қозиеро барои пора гирифтан ва ноодилона ҳукм бароварданаш аз кор дур карданд. Вале баъд аз чанд муддат бегуноҳии ӯ дар назди шоҳ собит гардид. Подшоҳ мехоҳад, ки боз ӯро ба кораш маъмур созад. Вале қозӣ «Ба ҳазрати подшоҳ арз доред, ки таклифи эшон вақте воҷиб ва лозим аст, ки ба ғайри ман лоиқ ба амр касе набошад. Дар мулки ҳазрат касоне, ки мутасаддии ин амр тавонад шуд, аз ҳадду каср берун аст».
Чунонки аз ин суханони қозӣ маълум мешавад, ӯ дар ҳукмбарорӣ соҳибихтиёр набудааст. Бевосита, чунонки аз «Бадоеъулвақоеъ» равшан мегардад, қозӣ ҳамон ҷиноятро бо амри наздикони худи шоҳ содир намудааст. Бинобар ҳамин қозӣ мегӯяд, ки ман ҳамон вақт ба хизмат меравам, ки дар ҳукмбарорӣ соҳибихтиёр бошам. Ҷавоби подшоҳ хеле аҷиб аст:
«Ба ҷаноби қозӣ арз доред, ки эшонро дар ҳар диёре, ки бошад, гурез нест. Пас дар ҳар вилояте, ки тарҳи иқомат андохтанд, бар ҳокими ин вилоят ин амр лозим хоҳад омад. Агар ҳамин ҷо ин амрро қабул фармоянд, чӣ шавад».
Ҳамин тавр, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ пас аз нақли ҳодисаҳои ҳақиқии ҳаёти онрӯза ба хулосаи аҷибе меояд. Ӯ боварии комил дорад, ки ҳамин зайл фитнаю найрангбозӣ, зулму золимӣ, ба шахсони бегуноҳ ва поквичдон тӯҳмату бӯҳтон намудан будааст ва ҳамин хел мондан мегирад: «Оре, то ҷаҳон будааст, расм чунин будааст».
Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин Восифӣ орзу кардааст, ки подшоҳ бояд одил бошад ва зулму золимӣ, фиребу найрангбозиро барҳам дода, ба халқи мазлум осудагӣ ва ҳаёти хуррам бахшад.
Тарғиби илму ҳунар, панду андарзҳои ҳакимона. Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ки худ марди донишманду ҳунарманд буд, барои пешрафту камолоти инсон илму ҳунарро зарур мешуморид. Аз ин ҷост, ки дар «Бадоеъулвақоеъ» аҳди илму ҳунар ситоиш карда мешавад. Нақлу ривоятҳое, ки дар бораи шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ, мутафаккири барҷаста Абуалӣ Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон овардааст, пурра фикри болоро тасдиқ менамоянд. Нависанда дар ин нақлу ривоятҳо кору зиндагии ин мардони бузургро моҳирона ба қалам додааст. Восифӣ дар бораи онҳо бо камоли эҳтиром, бо муҳаббату самимияти беандоза сухан меронад. Нависанда ба эҷодиёти Фирдавсӣ ва Сино баҳои ҳаққонӣ ва арзанда медиҳад ва меҳнату заҳмати онҳоро дар ин роҳ қадр менамояд.
Қаҳрамони асосии бисёр ҳикоятҳо, ки дар «Бадоеъулвақоеъ» оварда шудаанд, маҳз аз ашхоси табақаҳои поёни ҷомеаанд. Масалан, ҳикояти «Ёқут ва Ҳиндухоҷа»-ро мегирем. Мазмуни мухтасари он чунин аст: - Ёқут ва Ҳиндухоҷа ду бародарон буданд, ки халифа Муътасим эшонро харида буд. Ёқутро ба тир андохтан ва Ҳиндухоҷаро ба хат навиштан супурда буданд. Аммо Ёқут майл ба хат навиштан дошт ва Ҳиндухоҷа тир андохтанро нағз медид.
Бинобар ин, устодонашон ҳарчанд кӯшиш менамоянд, меҳнаташон зоеъ рафта, на Ёқут касби тир андохтанро ёд мегираду на Ҳиндухоҷа касби навиштанро. Баъд аз ин халифа ҳар кадомеро барои омӯхтани касби дӯстдоштаашон раҳнамун месозад. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ тамоми хусусиятҳои касби тирандозӣ ва хаттотиро аз худ менамоянд ва дар рӯзгор чунон машҳур ва маъруф мешаванд, ки ҳама аз кору ҳунари онҳо ба ҳайрат меоянд. Намоиши ҳунарнамоиҳои ин ҳар ду бародар асоси ҳикоятро ташкил намуда, онро доманадор кардааст.
Бояд гуфт, ки ғояи асосии ҳикоятро тарғиби илму ҳунаромӯзӣ ташкил медиҳад. Маҳз бо меҳнату машаққати зиёд Ёқут ва Ҳиндухоҷа ҳунар омӯхта, соҳиби номи баланд шуданд.
Қаҳрамонони асосии ҳикоят намояндагони табақаи поёнии ҷамъият буда, маҳз бо меҳнати ҳалол, бо азобу машаққати беандоза ҳунар омӯхтаанд ва шахсони пешқадам, ҳунарманд ва нафърасони халқ гардидаанд, ки ҳатто халифа мӯҳтоҷи ҳунари онҳо мебошад.
Восифӣ ҳикояти мазкурро дар маҷлиси Султон нақл мекунад. Он рӯз дар он маҷлис намояндаи ду аҳли ҳунар - Мавлоно Ҷалолиддин Юсуфи Наққош, Мавлоно Обиди Хаттот низ иштирок доштанд. Онҳо ба аҳли маҷлис намунае аз эҷодиёти худро пешкаш намуда буданд. Дар сурати кашидаи Юсуфи Наққош сайёде акс ёфта буд, ки палангеро бо найза мезанад. Расм хеле зебо ва табиӣ кашида шуда буд ва аҳли маҷлис ба кори ӯ таҳсину офарин мегӯянд. Восифӣ ҳам ба ваҷд омада менависад:
Ба рӯзгори ту суратгарони ҳафт иқлим
Қаламшикаставу дар сурати ту ҳайронанд!
Мавлоно Обиди Хаттот қитъаоти як гурӯҳ шоиронро бо хати ниҳоят зебо ба қалам оварда, онро ба аҳли маҷлис мебахшад. Азбаски дар замони пеш чопхона набуд, асарҳо дастӣ навишта мешуданд, ба касби хаттотӣ аҳамияти калон дода мешуд. Ба қадри хаттотон ва меҳнати пурмашаққати онҳо мерасиданд. Инак, дар назди подшоҳ намояндаи ду навъ санъат - наққошӣ ва хаттотӣ, ки онҳо низ монанди Ёқут ва Ҳиндухоҷа аз аҳли ҳунаранд, истодаанд. Восифӣ дар ин ҷо ҳам аз маврид истифода бурда, барои ба қадри ҳунармандон расидани подшоҳ ҳикояти «Ҳиндухоҷа ва Ёқут»-ро нақл мекунад.
Ба ин восита нависанда агар, аз як тараф, ҳомию мададгор будани худро нисбат ба мардуми оддии ҳалолкору дилсоф нишон дода бошад, аз тарафи дигар роҳҳои мушкилеро, ки санъаткорони ҳақиқӣ тай мекарданд, хотирнишон сохтааст. Восифӣ воқеан дуруст таъкид менамояд, ки барои ба мақсад расидан аз ҳама хубтараш боҳиммат шудан ва аз сидқи дил меҳнат кардан зарур аст:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Дар он сурат ҳаёту зиндагии ӯ шоду хуррам гузашта, аз касе маломат намешунавад.
Восифӣ инсони ҳунарманду меҳнаткашро инсони комил ҳисоб мекунад. Он касоне, ки бо фиребу найранг аз ҳисоби мардуми меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд, лоиқи номи бошарафи инсони ҳақиқӣ нестанд, мегӯяд нависанда ва ба онҳо нафрат дорад.
Нависанда дар «Бадоеъулвақоеъ» ба муқобили зоҳирпарастӣ мебарояд, ки ин масъала дар замони Восифӣ ниҳоят муҳим буда, дар сабзиши инсони поку некӯсиришт монеаи калоне ҳисоб мешуд. Одамоне буданд, ки фақат ба ороиши худ машғул шуда, аз донишу ҳунар бебаҳра буданд. Масалан, Восифӣ дар як ҷои асараш танороии Қозӣ Низомиддинро ба тариқи зайл овардааст: «Ва он аммомаро печ дар печ он чунон бузург сохтӣ, ки чархи барин. Нафосати ҷомаҳояш ба масобае буд, ки ҳар гоҳ худро бад-он либосҳои фохир биёростӣ, худро садри маҳкамаи дорулқазои фалак пиндоштӣ».
Ин касалӣ табақаи болоии ҷамъияти Ҳироти онрӯзаро фаро гирифта буд. Дар он рӯзгор ба шахе аз рӯи либос, аз рӯи намуди зоҳирӣ баҳо медоданд. Шахсе, ки либосҳои фохир медошт, марди донишманд ҳисоб мешуд. Ҳатто бештари онҳо кӯшиш мекарданд, ки бо ин роҳ ба мартабае расанд.
Дар «Бадоеъулвақоеъ» Қозӣ Ҷодак, Амир Аргун, Ҳофизи Меросӣ ва боз бисёр персонажҳои дигар вомехӯранд, ки саллаҳои калон-калон баста, ҷомаҳои фохир мепӯшидаанд, ришҳои дароз мемондаанд, вале аз ақлу дониш орӣ будаанд. Ба чунин шахсон Восифӣ нафрат дошт ва онҳоро дар асараш мазаммат кардааст.
Восифӣ нишон доданӣ шудааст, ки зоҳирбинӣ, танороӣ ба пешрафти ҷамъият халал мерасонад. Ба ақидаи нависанда ба инсон аз рӯи донишу қобилият, аз рӯи ҳунар бояд баҳо дод. Ба корҳои давлатӣ шахсонро на аз рӯи саллаю дома, балки аз рӯи дониш ва ҳунарашон таъйин кардан лозим аст.
Дар баробари ин нависанда зимни бисёр ҳодисаҳои рӯзгор ашхоси хубсириштро мадҳу ситоиш кардааст. Нависанда орзу доштааст, ки одамон ҳамеша росткору ростқавлу покахлоқ, ба ҳамдигар мададгору дӯст бошанд:
Аз ростист ҷои олиф дар миёни ҷон
Вов аз каҷӣ ҳамеша бувад дар миёни хун.
Дар байни соҳибмансабони дарбори Убайдуллохон низоъ, зиддият, душманӣ ва кинаю адоват ба дараҷаи олӣ мерасад. Мири Араб аз Саброн ба Бухоро омада, бо роҳҳои гуногун дар байни онҳо сулҳ ва дӯстӣ барқарор мекунад. Вай дар поёни сӯҳбати худ бо онҳо шоҳбайти машҳури Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро овардааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Зеро, ба ақидаи нависанда, ҷангу ҷидол дар байни ҳамин навъ ашхос боиси вайронии мамлакат ва хонахароб шудани халқи бечора мегардад. Аз ин рӯ, тифоқ гардидани онҳо барои ободии кишвар кӯмак хоҳад расонид.
Восифӣ дар бисёр ҷои «Бадоеъулвақоеъ» дӯстию бародариро тараннум менамояд. Нависанда ашхосеро, ки барои молу чиз шуда бо касе дӯстӣ мекунанд ва дар мавридҳои тангдастӣ аз дӯсти худ канорҷӯӣ менамоянд, мазаммати сахт кардааст. Восифӣ барои исботи фикри боло аз ҳаёти худ саргузаштеро нақл менамояд, ки аз таъқиби сафавиён бо чанд дӯсташ гурезон шуда, ба хонаи ёрони ҷониашон барои пинҳон шудан рафтанӣ мешаванд: «Дувоздаҳ кас ба хотир расид. Мутаваҷҷеҳи эшон шудем. Баъзе рӯ пинҳон карданд ва баъзе узр гуфтанд». Пас фикрашро бо суханони Саъдии бузург ҷамъбаст мекунад:
Дуст машмор он кӣ дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондагӣ.
Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст
Дар парешонҳолию дармондагӣ.
Восифӣ марди ҷаҳонгаштаю бисёрдида, марди сӯҳбаторо ва шахси фозил аст. Вай дар ҳар як анҷумани шоирону фозилон гули сари сабад будааст. Нависанда тарзи сухан гуфтан ва одоби онро хеле хуб медонистааст. Восифӣ он касонеро, ки одоби сухан гуфтанро риоя намекунанд, сахт танқид кардааст.
Восифӣ мегӯяд, ки ҳар як баду неке, ки ба сари инсон меояд, пеш аз ҳама ба забони ӯ вобаста аст. Бинобар ин, агар ту он суханро надонӣ, беҳтар аст, ки чизе нагӯӣ: «Чун туро нест воқифӣ, чӣ беҳ зи хомӯшист».
Дигар, ҳар як суханвар бояд кӯшиш кунад, ки суханаш бамаънӣ бошаду мухтасар:
Лоф аз сухани чу дурр тавон зад.
Он хишт бувад, ки пур тавон зад.
Ғайр аз ин, Восифӣ дар бисёр ҷои «Бадоеъулвақоеъ» хотирнишон мекунад, ки бо ашхоси нодон сухан кардан нашояд. Зеро чунонки халқ мегуяд: «Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар - ҷавҳарӣ». Баръакс, бояд кӯшиш кард, ки бо шахсони аз худ донотар ҳамнишин бошӣ.
Ҳамнишини ту аз ту беҳ бояд.
То туро ақлу дониш афзояд.
Аҳамияти «Бадоеъулвақоеъ» ҳамчун сарчашмаи илмиву адабӣ. Фикрҳои пандуахлоқии Восифӣ қимату арзиши зиёд дошта, инсонро ба ростию накӯкорӣ, илму ҳунаромӯзӣ ва дигар хислатҳои нек ҳидоят мекунанд.
Восифӣ дар тӯли ҳаёти худ ба бисёр мамлакатҳо ва шаҳрҳо сафар карда, бо аҳди илму адаби доираҳои адабии Ҳирот. Бухоро, Самарқанд, Шоҳрухия ва Тошканд вохӯрда, сӯҳбатҳои адабӣ ороста буд. Аз ин рӯ, нависанда дар асараш дар бораи шоирону олимони машҳури замон ва ҳаёти илмиву адабӣ ба тафсил маълумот медиҳад. Маълумотҳои Восифӣ эътимодбахш буда, барои муайян намудани ҳаёту фаъолияти як зумра нависандагон: Ҷомӣ, Навоӣ, Биноӣ, Дарвеши Деҳакӣ ва вазъияти илмиву адабии асрҳои XV-XVI аҳамияти муҳими илмӣ доранд.
Масалан, дар «Бадоеъулвақоеъ» оварда шудааст, ки Камолиддини Биноӣ ба Табрез сафар намуда, бо аҳли илму адаби он кишвар вохӯрда, сӯҳбатҳо мегузаронад. Махсусан, маълумоти ӯ дар бораи Дарвеши Деҳакӣ аҳамияти калони илмиву адабӣ дорад. Дарвеши Деҳакӣ соҳибистеъдод буда, ашъори олӣ мегуфтааст, вале аз хату савод бенасиб будааст. Ӯ ба касби бофандагӣ машгул шуда, рӯзгорашро аз ҳамин даромад таъмин мекардааст. Султон Яъқуб ҳарчанд саъю кӯшиш кардааст, аммо Дарвеш ба дарбори ӯ нарафта, дар деҳаи Деҳак то охири умр зиндагӣ намудааст.
Аз ӯ девоне боқӣ мондааст. Ҳамзамонони Дарвеши Деҳакӣ, аз ҷумла Биноӣ, Восифӣ ба эҷодиёти ӯ баҳои баланд додаанд.
Восифӣ дар баробари нақли тарҷумаи ҳол аз эҷодиёти онҳо намунаҳо меорад ва дар бораи осори онҳо фикру мулоҳизаҳои шахсии худро низ баён мекунад.
Восифӣ на танҳо дар бораи ҳамзамонони худ, балки доир ба ҳаёту фаъолияти аксарияти адибони бузурги гузашта маълумоти пурқимат додааст. Нависанда он маълумотҳоро аз асарҳои илмию таърихӣ омӯхта, дар асоси мутолиаи осори онҳо ба хулоса омадааст. Чунончи пеш аз он, ки дар бораи Фирдавсӣ нақл кунад, чунин меорад:
«Баъд аз он хон (Келдимуҳаммад) ба фақир гуфт:
- Он чизе, ки ҳазрати Ҷомӣ дар «Баҳористон» ва дигар муаллифон дар китобҳои худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ навиштаанд, бисёр кӯтоҳ аст. Аммо ин хусусро ба тафсил ҳикоят кунед, бисёр матлуб ва марғуб аст».
Фақир мувофиқи хоҳиш он чизҳоро, ки дар бораи Фирдавсӣ дар китобҳо дида будам, нақл намудам».
Нақли Восифӣ хеле муфассал аст. Нависанда ба ин ривоят баъзе эпизодҳои нав дохил кардааст. Масалан, Султон Маҳмуд пас аз он, ки ҳаҷви Фирдавсиро мехонад, ба хашму ғазаб омада, вазири худ Ҳасани Маймандиро ба қатл мерасонад. Аммо дар асл вазир ҷазо намебинад. Шояд ин иловаи худи Восифӣ бошад, зеро Восифӣ ба Фирдавсию «Шоҳнома»-и ӯ меҳру муҳаббати бепоён дошта будааст. Бинобар ин, ӯ нахостааст, ки чунин як шахси бадкирдор шоири бузургро тӯҳмат карда, фитна ангезаду беҷазо монад. Аз ин ҷост, ки ӯро ба март маҳкум менамояд.
Восифӣ ривоятро бо илтимоси Келдимуҳаммад дар яке аз маҷлисҳои ӯ нақл мекунад, ки дар он ҷо аҳди дарбор иштирок доштанд. Табиист, ки дар байни онҳо баъзе ашхоси соҳибмансаб буданд, ки дар хоинӣ, фиребу найрангбозӣ ҳаргиз аз Ҳасани Маймандӣ камӣ надоштанд. Ба ҷазои ҳаққонӣ расондани вазири бадкирдор барои аҳди дарбори Келдимуҳаммад як ҳодисаи пандомӯзе буд.
Як хусусияти муҳими «Бадоеъулвақоеъ» боз дар он аст, ки муаллифи он на фақат бо овардани асарҳои халқӣ маҳдуд мешаваду халос, балки бевосита ҳаёти воқеии гӯяндагонро бо сӯзу гудоз ва бо як таваҷҷӯҳи беандоза нақл менамояд. Нависанда қариб ҳамаи онҳоро некахлоқу некӯсиришт мешуморад.
Восифӣ пеш аз он ки асари халқиро ба хонандагон ҳикоят кунад, аввал гӯяндаи онро шинос менамояд. Вай дар бораи гӯяндагону масхарабозони халқӣ, аз қабили Носири Рангрез, Мулло Девонаи Шамърез, Бобоҷамоли Бузбоз, ки дар ҳунарнамоӣ ва масхарабозӣ мардуми Хуросонро шефта карда буданд, маълумоти хеле муфассал медиҳад. Аз ин маълумотҳои нависанда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳанӯз дар ҳамон асрҳо ин намуди санъат, ки бо таъбири имрӯза сирк ном дорад, дар байни мардуми тоҷик равнақу ривоҷе доштааст. Монанди Бобоҷамолу Ҳасаншаҳриёр дар байни халқи тоҷик масхарабозоне буданд, ки онҳо намоишномаҳо ташкил намуда, мардумро бо ҳикояту латифаҳои ширин ва дигар ҳунарнамоиҳои дилписандашон механдонданд. Бо ин роҳ каме бошад ҳам, ғаму гуссаи халқи мазлуми ситамкашро сабуктар мегардонданд.
Восифӣ дар мавридҳои даркорӣ асарашро бо шоҳбайтҳои шоирони бузурги гузашта зебу зинат додааст. Ин шоҳбайтҳои бузургон имрузҳо дар байни халқ хеле серистеъмоланд ва аз тарафи мардум дар ҳар ҷо ва дар ҳар маврид барои исботи фикр истифода бурда мешаванд. Вале муҳимаш ин аст, ки намунаҳои дар «Бадоеъулвақоеъ» овардашуда собит менамоянд, ки ин суханони пурқимат ҳанӯз дар асрҳои XV ва XVI дар байни халқ маълуму машҳур гардида будаанд.
Услуб ва забони «Бадоеъулвакоеъ». Бояд гуфт, ки услуб ва забони «Бадоеъулвақоеъ» якранг нест. Ҳангоми мутолиа ҳам услуби содаи оммафаҳм ва ҳам услуби мураккаби душворфаҳм ба назар мерасад. Ҳангоми таърифу тавсифи подшоҳон, аҳли дарбор, маҷлисҳои онҳо забон ва тарзи баёни Восифӣ ниҳоят мураккаб мешавад. Дар ин ҷо ҷумлаҳои печ дар печ, ибораҳои арабӣ, калимаҳои душворфаҳм бештар мавқеъ пайдо мекунанд. Вале, хушбахтона, қисми асосии эҷодиёти Восифиро насри сода ташкил медиҳад. Вақте ки сухан аз ҳаёти мардуми меҳнатӣ меравад, услуби баёни Восифӣ низ дигар мешавад. Махсусан, ҳангоми нақли асарҳои халқӣ забони «Бадоеъулвақоеъ» ниҳоят сода ва ба забони гуфтугӯӣ хеле наздик мегардад. Дар ин ҳолат акнун ба ҷои ибораҳои мураккаб таъбиру ибораҳои сода, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ асарро зебу зинат медиҳанд. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳои худ, чунонки А. Н. Болдирев кайд кардааст: «Восифӣ проблемаи офариниш - эҷоди услуби нави адабиро амалан ҳаллу фасл кард»[2].
Дар «Бадоеъулвақоеъ» ифодаҳоеро пайдо карда метавонем, ки имрӯзҳо дар забони зиндаи халқ истифода мешаванд, вале дар забони адабии ҳозира камистеъмоланд. Масалан, калимаю ибораҳои «қариби хуфтан», «аҳлу аёл», «ҳаволаи фарки сар», «як сари мӯй» дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ хеле серистеъмол мебошанд. Илова ба ин, дар асар бисёр ҷумлаҳоеро дидан мумкин аст, ки онҳо аз ҷиҳати таркибу сохтор ва оҳангу равиши худ ба ҷумлаҳои халқӣ шабоҳати комил доранд. Инак, ба ин ҷумлаҳо диққат диҳед:
«Куҷоӣ! Роҳро cap кун. У дар пеши Султон аз қафои ӯ мерафт. То ба хонаи ӯ расид. Шамъ дар лаган месӯхт. Султон фармуд, ки дарой ва шамъро бикуш! Он шахс шамъро бикушт. Баъд аз он Султон даромад...»
Ба ҳамин тариқ, Восифӣ ҳангоми истифодаи асарҳои халқӣ на фақат ба сужет ё мазмуни онҳо диққат медодаасту халос, балки саъю кӯшиш менамудааст, ки ба услуб, тарзи баёни асарҳои халқӣ аҳамияти калон диҳад. Зеро танҳо бо ҳамин восита қимату арзиш ва халқияти асарҳои нависанда дар пеши чашми хонанда муҷассам мегардад. Маҳз ҳамин воситаҳои тасвир барои баёни фикрҳои олӣ ба нависанда кӯмаки калон мерасонанд. Аз тарафи дигар, ҳар як хонанда пас аз мутолиаи чунин асарҳо завқи эстетикӣ мебарад.
Восифӣ дар тасвири табиат, зебоиҳои он маҳорати комил дорад. Бештари ин тасвирҳо бо забони содаю санъати мусаҷҷаъ ба қалам дода шудаанд. Восифӣ табиатро бо мақсади муайяне тасвир мекунад. Зеро тасвирот барои кушодан ва хубтар дарк намудани ҳодисаю воқеаҳо ва персонажҳои асар ёрии калон мерасонанд. Бо ибораи дигар, ин тасвирҳо бо мазмуну мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ» сахт алоқаманданд. Масалан, Восифӣ соли 1514 дар моҳи ҳут ба Бухоро сафар мекунад.
Сафари нависанда ихтиёрӣ буда, ӯ муштоқи тамошои шаҳри бостонии Бухорост. Аз ин рӯ, дар бораи он бо як ҳиссиёти баланд сухан меронад.
«Хулоса, мо бо хурсандӣ раҳсипор гардида, ба шаҳри Бухоро наздик расидем. Чун ба он шаҳри хуррамбаҳор як фарсах роҳ монд, манораи он, ки бо камоли азамат аз ҳама биноҳо ба қадри чандин найза баланд шуда рост истода буд, моро бо виқору тамкини одамиёна пешвоз гирифт. Зебу оростагӣ ва зинату перостагии он шаҳр ба дараҷае буд, ки биҳишти анбарсиришт аз шарми ӯ дар пардаи ҳаё ҷамоли худро пинҳон карда, рӯй ба касе наменамуд. Дарвозаи баландовозааш ба забони ҳол ба гӯши сайёдон нидо медод:
- Ин аст ҷаннати адн, биёед, ба вай ҷовидона дароед!»
[1] Муҳилот- сафсата, ҳила, макру фиреб.
[2] А. Н. Болдырев. Зайниддин Васифи. Сталинабад, 1957, саҳ,. 301.
Реклама