ХОНАНДАГОНИ ГИРОМӢ!
Китобе, ки шумо дар даст доред, давоми китоби дарсии «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои синфи 8-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ буда, дар асоси талаботи барномаи таълимӣ барои хонандагони синфи 9 навишта шудааст. Ин китоб ба шумо имкон медиҳад, ки маълумоти ҳуқуқиро азхуд намуда, заминаи дониши назариявии худро доир ба соҳаҳои гуногуни ҳуқуқи даврони муосир васеъ кунед ва такмил диҳед.
Китоб бо дарназардошти муқаррароти қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои ҷамъиятии кишвар ва бо истифода аз дастовардҳо ва таҳқиқоти ҳозиразамони илми ҳуқуқ навишта шудааст. Дар он доир ба соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ, аз ҷумла ҳуқуқи маданӣ, маъмурӣ, соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, ҷиноятӣ, кишоварзӣ ва ғайра, инчунин, доир ба таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маълумот дода мешавад.
Донистани муҳимтарин мафҳумҳо ва мазмуни қонунгузории амалкунанда, ки ба таври мушаххас дар соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ таҷассум ёфтаанд, вазифаи ҳар як фарди ҷомеаи мо мебошад. Илова бар ин, ба таври муфассал омӯхтани мафҳумҳо доир ба ҳуқуқу озодӣ, уҳдадорӣ ва тарзҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ аз ҳуқуқ ва озодиҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайяншуда дуруст истифода бурда, барои татбиқ ва риояи онҳо кӯшиш намоянд. Бояд гуфт, ки бе муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрванд ғайриимкон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 дар ин хусус аз ҷумла иброз доштанд: «...Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқу тарғиб намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд».
Мақсади ин китоби дарсӣ аз маълумот додан доир ба масъалаҳои асосии соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ки мо бо онҳо дар ҳаёти ҳаррӯза сарукор мегирем, иборат мебошад. Дар ҳар ҷое, ки мо зиндагӣ мекунем ва фаъолият пеш мебарем, бо масъалаҳои ҳуқуқӣ мувоҷеҳ мешавем. Бинобар ин, донистани асосҳои ҳуқуқ ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки на танҳо вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташударо иҷро кунанд, балки дониши худро васеъ намуда, барои дуруст фаҳмонидани мафҳумҳои ҳуқуқу озодӣ, уҳдадорӣ, масъулияти шахсӣ, инчунин, барои дар оянда мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният дар фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳо мусоидат кунанд.
Маълум аст, ки ҳуқуқи муосири тоҷик серсоҳа мебошад. Бинобар ин, дар китоби дарсӣ доир ба соҳаҳои асосии ҳуқуқи Тоҷикистон маълумот дода шудааст. Роҷеъ ба дигар соҳаҳои ҳуқуқи экологӣ, ҳуқуқи замин, ҳуқуқи мурофиавии маданӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ ва ғайра хонандагонро зарур аст, ки аз маводди иловагӣ, яъне қонунҳои амалкунанда, китобҳои ҳуқуқӣ, ки нашр шудаанд, истифода намоянд ва ҳангоми ба вуҷуд омадани савол ва мушкилот ба омӯзгорон муроҷиат кунанд.
Китоби дарсӣ аз 14 боб ва ҳар як боб аз саволҳои санҷишӣ иборат мебошад, ки ба хонанда имконияти азхуд намудани мавзуъҳоро фароҳам меорад. Он, инчунин, ба омӯзгорони фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ дар амалӣ кардани фаъолияти касбиашон мусоидат хоҳад кард.
Реклама