Соҳибкорӣ яке аз шаклҳои фаъолияти инсон буда, қисми таркибии фаъолияти иқтисодӣ мебошад. Он дар ҳаёти ҳозираи иқтисодиву иҷтимоӣ зуҳуроти беназир, мустақил ва бисёрҷабҳа мебошад. Асоси онро фаъолияти эҷодкории инсон дар соҳаи иқтисод доир ба кашфи имкониятҳои нави ба даст даровардани фоида ташкил медиҳад ва моҳияти он аз дарки махсуси чунин имкониятҳо, пешбинӣ карда тавонистани натиҷаи фаъолият ва тасаввур карда тавонистани тарзи ноил шудан ба он, иборат аст.
Асоси расмии ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро муқаррароти моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ ташкил медиҳад. Тибқи моддаи 19 Кодекси маданӣ, машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ қисми таркибии мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандон мебошад.
Ҳуқуқи соҳибкорӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқи комплексӣ аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари ба он алоқаманд, инчунин, муносибатҳо вобаста ба танзими давлатии онҳоро ба тартиб медарорад.
Муносибатҳои ҷамъиятие, ки онҳоро меъёрҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ ба танзим медароранд, предмети соҳаи мазкур мебошанд. Асоси онҳоро муносибатҳое ташкил медиҳанд, ки дар ҷараёни баамалбарории фаъолияти соҳибкорӣ ба вуҷуд меоянд. Мафҳуми қонунии фаъолияти соҳибкорӣ дар моддаи 1 Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” аз 26-уми июли соли 2014 оварда шудааст. Мувофиқи он, соҳибкорӣ – фаъолияти мустақили ба таваккал амалишавандаи шахсони бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифташудае мебошад, ки барои ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, истеҳсол, фурӯши мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона карда шудааст.
Аз таърифи мазкур маълум мешавад, ки фаъолияти соҳибкорӣ дорои аломатҳои зерин мебошад:
Аломати аввалини фаъолияти соҳибкорӣ мустақилияти соҳибкор мебошад, ки хусусияти иродавӣ доштани фаъолияти соҳибкориро ифода мекунад, зеро шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои худро бо салоҳдиди худ амалӣ ва ихтиёрдорӣ мекунанд (қисми 1 моддаи 9 Кодекси маданӣ). Онҳо дар муқаррар намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, инчунин, ҳама гуна шартҳои шартнома, ки ба қонунгузорӣ зид намебошанд, озод ва мустақиланд. Ҳамин тавр, мустақилияти фаъолияти соҳибкорӣ озодии интихоби равиш ва тарзи кор, мустақилона қабул кардани қарор, роҳ надодан ба дахолати худсарона ба фаъолияти хусусӣ, зарурати бемамониат амалӣ намудани ҳуқуқ, таъмини ҳуқуқҳои вайронкардашуда ва ҳифзи судии онҳоро ифода мекунад.
Таваккал аломати дуюми ҷудонашавандаи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Он мантиқан давоми мустақилияти соҳибкор буда, омили муҳимми барори кор мебошад. Таваккал яке аз воситаҳои ноил шудан ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ аст. Таваккал дар фаъолияти соҳибкорӣ эҳтимолияти ба даст овардани фоидаи ба нақша гирифташуда ё натиҷаи мусбати дар назар дошташуда ва ҳамзамон бо ин, имконияти дидани оқибати манфии ин ё он амал мебошад. Мувофиқи моддаи 1042 Кодекси маданӣ таваккали ба даст наовардани даромади дар назар дошташуда аз фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба вайрон кардани уҳдадориҳо аз ҷониби рақибони соҳибкор ё тағйир додани шарти ин фаъолият вобаста ба ҳолатҳое, ки бо соҳибкорӣ алоқаманд намебошанд, таваккали соҳибкорӣ эътироф карда мешавад.
Аломати сеюми фаъолияти соҳибкорӣ мунтазам ба даст овардани фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат мебошад. Маҳз ба даст овардани фоида ваҷҳи асосии барангезандаи соҳибкорӣ буда, дар акси ҳол, ҳама гуна соҳибкорӣ аз ибтидо моҳияти худро гум мекунад. Дар баробари ба фоида ноил шудани соҳибкор, мақсад ба натиҷа табдил меёбад, вале дар хотир бояд дошт, ки «мақсад» ва «натиҷа»-и фаъолияти соҳибкорӣ, бо вуҷуди бо ҳамдигар алоқаманд буданашон, ҳаммаъно нестанд. Мақсади асосии соҳибкор танҳо бо ноил шудан ба натиҷа амалӣ мешавад. Соҳибкор ғайр аз мақсади асосии ба даст даровардани фоида мақсадҳои дигар низ дорад. Аз ҷумла, соҳиб шудан ба молу мулки алоҳида, андухтани сармояи иловагӣ бо мақсади васеъ кардани доираи фаъолияти ташкилот ва монанди инҳо.
Аломати чоруми фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳайси соҳибкор ба қайд гирифта шудани шахсонест, ки азми бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ (мақомоти андоз) ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Бақайдгирии давлатӣ аломати ифодакунандаи фаъолияти соҳибкорӣ нест, балки шарти қонунан эътироф намудани он мебошад.
Дар баробари ин, ҳуқуқи соҳибкорӣ муносибатҳоеро ба танзим медарорад, ки бо муносибатҳои соҳибкорӣ зич алоқаманд мебошанд. Ин муносибатҳо доир ба ташкил ва қатъ кардани фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, гирифтани иҷозатнома, сертификатҳо, гузаронидани экспертизаи экологӣ ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Чунин навъҳои фаъолият хусусияти ғайритиҷоратӣ дошта, барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар оянда мусоидат мекунанд. Аз ин рӯ, онҳо ба предмети ҳуқуқи соҳибкорӣ дохил мешаванд. Муносибатҳое, ки дар ҷараёни танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ба миён меоянд, чунин муносибатҳое мебошанд, ки дар байни субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва мақомоти давлатӣ ё дигар мақомоте, ки барои чунин кор танзими ваколатдор карда шудаанд. Яке аз тарафҳои чунин муносибатҳо субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ буда, тарафи дигар мақомоти зиддиинҳисорӣ ё мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва ғайра шуда метавонанд.
Муносибатҳои соҳибкорӣ дар асоси принсипҳои муайян ба танзим дароварда мешавад. Ба сифати принсипҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ асосҳои аввалини хуқуқии батанзимдарории фаъолияти соҳибкорӣ амал мекунанд, ки тамоми қонунгузории соҳибкориро фаро гирифтаанд. Ба онҳо принсипҳои озодии фаъолияти соҳибкорӣ; баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда мешаванд; озодии рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ; ба даст овардани фоида ҳамчун мақсади фаъолияти соҳибкорӣ; танзими давлатии фаъолияти соҳибкорӣ; мувофиқати манфиатҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ дохил мешаванд.
Фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи санадҳои меъёрӣ ба танзим дароварда мешавад, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ, сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкориро ташкил мекунанд. Муҳимтарини онҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи рақобат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ва ғайра мебошанд.
Реклама