§13.2. МАФҲУМҲОЕ, КИ ДАР ҚОНУН ИСТИФОДА ШУДААНД

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

маросим – маҷмуи амалҳои рамзӣ ва анъанавӣ, ки ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳимми ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифодаменамояд; ҷашн – таҷлили рӯйдодҳо ё санадҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ мебошад.

Маросим пеш аз ҳама, амали рамзист. Ин амал танҳо як амали ҷудогона набуда, балки маҷмуи ин амалҳоро фаро мегирад. Маросими чил барои мардуми мо дуову фотиҳа ё маросими сол аз садақа додан, либоси азо партофтан ва амсоли инҳо иборат аст. Маҳз ҳамин хислатҳо рамзӣ будани маросимро муайян менамоянд. Маросим бо падидаи маргу азодорӣ бештар алоқа дорад, албатта, мумкин аст, ки маросим бо ҳодисаҳои хурсандӣ ё динӣ низ пайвастагӣ дошта бошад. Дар қонун маросим дар ду модда танзим шудааст: моддаи 14. «Маросими дафну азодорӣ» ва моддаи 13. «Маросими ҳаҷ ва умра». Қонун маросимро танҳо аз назари иқтисодӣ танзим намуда, намегузорад, ки баргузории он ба шароити моддии мардум зарар расонад. Гузашта аз ин, барои он ки маросим ба мақсади аслии худ мувофиқат кунад, ба талаботи дини ислом ё дини дигаре, ки дар асоси он баргузор мешавад мувофиқ буда, ба арзишҳои инсонӣ мутобиқ бошад, қонун зарурати танзими онро пешбинӣ мекунад.

Ҷашн ҳамчун таҷлили рӯйдодҳо ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ дар моддаи 2 баён гардидааст. Ҷашн ҳамчун таҷлили рӯйдод, солгарди таъсисёбии вазорату идора, корхонаю муассисаҳо ва солгарди шахсони воқеӣ фаҳмида мешавад. Ҷашн ҳамчун санаи таърихӣ, мисли қабули ягон ҳуҷҷати тақдирсоз (ба монанди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), санаи таърихии касбӣ, иди соҳавӣ (рӯзи кормандони тиб, омӯзгор, милитсия ва ғ.) ва санаи таърихию фарҳангӣ ҳамчун зодрӯз шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ, дар қонуни мазкур ду намуди ҷашнҳо мавриди танзим қарор гирифтаанд: ҷашнҳои расмӣ (моддаи 9) ва ғайрирасмӣ (моддаи 10. Зодрӯз).

Барои амалӣ намудани талаботи қонуни мазкур Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми ваколатдор таъсис дода шудааст. Дар сохтори Кумитаи дин, танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) Раёсати танзими ҷашну маросим ҳамчун масъули соҳа фаъолият мекунад. Дар вилоятҳо шуъбаҳо, дар шаҳру ноҳияҳо бахшҳо ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ назорат ва татбиқи қонуни мазкурро ба уҳда доранд.

Кумита вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо мустақиман ва дар маҳалҳо тавассути шуъбаҳо, бахшҳо ва сармутахассисон оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо амалӣ месозад. Кумита фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳоро дар масъалаҳои сиёсати давлатӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим ҳамоҳанг месозад.

Барои дуруст ба роҳ мондани иҷрои талаботи қонун дар ҳамаи вазорату идораҳо ва корхонаю ташкилотҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонун ва фаҳмонда додани талаботи он таъсис дода мешаванд. Мутобиқ ба моддаи 8 қонун дар вазорату идораҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликияташон, ки дар онҳо на камтар аз 30 нафар корманд фаъолият мекунад, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.

Фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим тибқи Қонуни мазкур ва низомнома, ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия ва аз ҷониби роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда мешавад.

Комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим риояи талаботи Қонуни мазкурро аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки дар онҳо таъсис дода шудаанд, назорат намуда, ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар ин самт чораҳои зарурӣ меандешанд.

Дар сурати риоя накардани талаботи Қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар муҳлати то се рӯз ба мақоми ваколатдор ва ё комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ин бора хабар медиҳанд.

Ҷиҳати амалӣ намудани қонуни мазкур дар назди мақо- моти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти кишвар комиссияҳои доимии маҳаллии танзими анъана ва ҷашну маросим таъсис дода мешаванд.

Низомномаи комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим, ки дар асоси низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим таҳия шудааст, аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоати шаҳраку деҳот тасдиқ карда мешавад.

Комиссияҳо барои он доимӣ номида мешаванд, ки фаъолияти онҳо доимӣ ва мунтазам сурат мегирад.

Ваколати комиссияҳои доимии маҳаллӣ аз инҳо иборат мебошанд:

  • иштирок дар амалигардонии сиёсати давлатӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
  • шарҳу тавзеҳ додани масъалаҳо оид ба танзими ҷашну маросим;
  • ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои хаттӣ ва электронии шахсони воқеӣ, инчунин пешбурди омор дар ин самт; андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни мазкур;
  • расонидани ёрии амалӣ ба раисони маҳаллаҳо ва шахсони ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросим;
  • додани тавсияҳо ҷиҳати дуруст сафарбар кардани корҳои хайриявӣ ва эҳсонкорӣ;
  • андешидани чораҳо ҷиҳати аз байн бурдани хурофоту таассуб;
  • додани тавсияҳо ҷиҳати пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим;
  • андешидани чораҳо ҷиҳати пешгирии ақди никоҳи бармаҳал ва ғайрирасмӣ;
  • таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ оид ба танзими ҷашну маросим ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;
  • иштирок дар таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими ҷашну маросим;
  • дархости маълумот дар бораи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими ҷашну маросим аз иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, сарфи назар аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият;
  • амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Реклама