§3.1. ПРЕДМЕТ, ПРИНСИП ВА САРЧАШМАҲОИ ҲУҚУҚИ МОЛИЯВӢ

Молия, ҳамчун қисми таркибии ҳама гуна низоми иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷониби давлатҳо, сарфи назар аз сохти иқтисодӣ ва иҷтимоиву сиёсии онҳо, ба таври мушаххас ҳамчун предмети батанзимдарории ҳуқуқӣ қарор дода шудааст. Калимаи «молия» хеле барвақт пайдо шуда ва бо вуҷуди доштани тобишҳои гуногуни маъноӣ дар давраҳои мухталиф, маънои пардохти пулӣ, маблағҳои пулиро ифода мекард. Калимаи «молия» ҳамчун истилоҳ, ҳангоме сухан дар бораи даромад, хароҷот ва қарзи давлат меравад, истифода бурда мешавад.

Дар зери мафҳуми «молияи мамлакат» маблағҳои пулӣ (захираҳои молиявӣ) ва дар асоси он ба воситаи муомилоти пулӣ амалӣ кардани муносибатҳои молиявиро мефаҳманд, ки дар натиҷаи он фондҳои гуногуни маблағҳои пулии ҳам давлатӣ ва ҳам ғайридавлатӣ ва хусусӣ ташкил карда мешаванд. Ҳамин тавр, молияи мамлакат маблағҳои пулии мамлакат мебошанд, ки зоҳиран арзиши молҳои дар кишвар мавҷудбуда ва дар муомилот дар шакли нақдӣ ва ғайринақдӣ иштироккунандаро ифода мекунад.

Ба ҳайати молияи мамлакат маблағҳои пулии буҷети ҳамаи сатҳҳо (маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ, давлатӣ), маблағҳои пулии корхонаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ, ҳамаи даромадҳои буҷети давлатӣ ҳам дар шакли пардохтҳои давлатӣ ва ҳам дар шакли қарзи давлатӣ дохил мешаванд. Молияи мамлакат ба молияи давлатӣ (оммавӣ) ва молияи хусусӣ (ғайридавлатӣ) ҷудо мешавад.

Молияи давлатӣ (оммавӣ) маблағҳои пулии дар ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ қарордошта мебошанд. Ба онҳо маблағҳои пулии буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо, фондҳои ғайрибуҷетии давлатӣ ва маҳаллӣ, маблағҳои пулии корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва коммуналӣ дохил мешаванд.

Ба молияи хусусӣ (ғайридавлатӣ) маблағҳои пулии ба ташкилотҳои хусусӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин, ба шахсони алоҳида тааллуқдошта дохил мешаванд.

Бояд дар назар дошт, ки табдилёбии молияи хусусӣ ба молияи давлатӣ ҳангоми ситонидани андоз аз субъектҳои хусусӣ (ғайридавлатӣ) ба вуҷуд меояд.

Фарқи молияи давлатӣ аз ғайридавлатӣ дар он аст, ки молияи давлатӣ талаботи ҷомеа (маориф, фарҳанг, таъминоти иҷтимоӣ, идоракунӣ, мудофиа) ва ғайраро қонеъ мегардонад, аммо мақсади соҳибмулкони (соҳибкори инфиродӣ ва ташкилоти тиҷоратии хусусӣ) молияи хусусӣ – ба даст овардани фоида мебошад. Онҳо дар якҷоягӣ бо корхонаи давлатӣ ва коммуналӣ низоми субъектҳои хоҷагиро ташкил медиҳанд, ки давлат бо онҳо дар муносибатҳои молиявӣ (андоз) қарор мегирад. Маҳз ҳамин муносибатҳо асоси фаъолияти молиявии давлатро ташкил медиҳанд. Ба туфайли чунин фаъолият маблағҳои пулӣ дар хазинаи давлат ҷамъ оварда шуда ва давлат функсияҳои худро ба воситаи онҳо ба таври самаранок амалӣ мекунад. Фаъолияти молиявии давлат ҷараёни аз рӯйи нақша сафарбар намудани маблағҳои пулӣ, ташкили фондҳои молиявӣ, ҷамъ кардани маблағҳои пулӣ, ташкили фондҳои молиявӣ, сарф кардани маблағҳои пулӣ бо мақсади иҷрои самараноки вазифа ва функсияҳои худ мебошад.

Фаъолияти молиявии давлат аз тарафи Президент, Парламент, Ҳукумат, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Дар ҷараёни фаъолияти молиявии давлат дар байни субъектҳои ҳуқуқи молиявӣ муносибатҳои гуногуни амудию уфуқӣ ба вуҷуд меоянд, ки аз онҳо танҳо муносибатҳои амудӣ предмети батанзимдарории ҳуқуқи молиявӣ мебошанд. Ба таври дигар гӯем, ҳуқуқи молиявӣ танҳо он муносибатҳои молиявиро ба танзим медарорад, ки ба тобеияти маъмурии як тараф ба тарафи дигар асос ёфтааст.

Хусусияти хосси муносибатҳои молиявӣ аз он иборат аст, ки онҳо дар ҷараёни фаъолияти молиявии давлат ба вуҷуд омада, хусусияти оммавию ҳуқуқӣ ва ҳокимияти давлатӣ доранд. Бинобар ин, фаъолияти молиявии давлат яке аз шаклҳои ифодаёбии соҳибихтиёрии он мебошад, ҳама вақт давлат дар шахсияти мақомоти ваколатдори он ба ҳайси яке аз тарафҳои муносибатҳои молиявӣ баромад кунад. Ба ҳайси чунин субъектҳо Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ шуда метавонад. Тарафи дигар ҳама гуна субъектҳо, аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ, корхонаҳои давлатӣ ва коммуналӣ, ташкилотҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон шуда метавонанд.

Ҳамин тавр, ҳуқуқи молиявӣ, ҳамчун соҳаи мустақили ҳуқуқ, аз маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқие иборат аст, ки муносибатҳои ҷамъиятии дар ҷараёни ҷамъ овардан, тақсим кардан ва истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии давлатии бавуҷудомадаро бо мақсади амалӣ намудани вазифа ва функсияҳои давлат ба танзим медарорад.

Ҳуқуқи молиявӣ, ҳамчун қисми таркибии низоми ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорои аломатҳои умумӣ бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ буда, дар айни замон бо як қатор хусусиятҳои худ аз дигар соҳаҳои ҳуқуқ фарқ мекунад. Соҳаи ҳуқуқи мазкур дорои предмет, метод ва низоми танҳо ба он хос мебошад.

Предмети ҳуқуқи молиявӣ муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки дар ҷараёни аз ҷониби давлат амалӣ намудани фаъолияти молиявӣ ба вуҷуд меоянд, яъне фаъолият доир ба муомилоти пул дар мамлакат, ҷалб кардани маблағҳои пулӣ ба буҷет ва фондҳои ғайрибуҷетӣ ва истифодаи онҳо ба манфиати ҷомеа ва давлат мебошад.

Ҳуқуқи молиявӣ на танҳо предмет, балки методи батанзимдарории ҳуқуқии худро дорад. Агар предмети батанзимдарории ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ алоқамандӣ дошта бошад, пас методи батанзимдарории ҳуқуқӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ алоқамандӣ дорад. Ҳамин тавр, методи батанзимдарории ҳуқуқӣ маҷмуи тарзу усулҳои таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқиро ба рафтори одамон дар ин ё он соҳаи воқеан иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти молиявии давлат, ифода мекунад.

Бояд дар назар дошт, ки методи батанзимдарориро танҳо бо як тарз ё усули батанзимдарорӣ маҳдуд кардан мумкин нест, зеро метод маҷмуи восита, тарз ва усулҳои таъсиррасонӣ ба рафтори субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ мебошад, вале методи асосии ҳуқуқи молиявӣ ин методи навиштаҷоти ҳатмӣ мебошад, ки тибқи он як тарафи муносибатҳои ҳуқуқӣ ба тарафи дигар супоришҳои ҳатмиро, новобаста ба иҷрои он ҳавасманд будан ё набуданаш, медиҳад. Мисол, тибқи моддаи 14 Кодекси андоз агенти андоз вазифадор аст ба мақомоти андоз барои назорати дурусти ҳисоб кардан, нигоҳ доштан ва пардохтани андозҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунад. Меъёри мазкур навиштаҷоти ҳатмиро ба агенти андоз доир ба рафтори ӯ муайян менамояд ва ҳатмӣ будани иҷрои онро таъин мекунад. Ҳамзамон бо ин, ҳуқуқи молиявӣ дорои принсипҳои ба худ хос мебошад, ки онҳо моҳияти асосии соҳаи мазкурро ифода мекунанд. Принсипи қонуният, нақшавӣ будан, ошкоро будан, мустақилияти фаъолияти молиявии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷавобгарии мутақобилаи давлат ва шаҳрванд дар соҳаи фаъолияти молиявӣ принсипҳои муҳимтарини он мебошанд.

Муносибатҳое, ки доир ба фаъолияти молиявии давлат ба вуҷуд меоянд, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқӣ меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба доираи шахсони номуайян равона карда шуда, барои татбиқи чандинкарата пешбинӣ шудаанд. Сарчашмаи ҳуқуқи молиявӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошанд.

Реклама