Дар амалӣ кардани фаъолияти гумрукӣ мақомоти гумрук нақши асосӣ дорад. Мақомоти гумрук аз ҷумлаи мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлол, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд. Ба мақомоти гумрук мақомоти ваколатдор (Хадамоти гумрук доир ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ), идораҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ дохил мешаванд.
Мақомоти гумрук асосан дар нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешаванд. Дар дигар маҳалҳо мақомоти гумрук бо дарназардошти ҳаҷми муомилоти мол ва шумораи мусофирон, суръати рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷи минтақаҳои алоҳида, талаботи ташкилотҳои нақлиётӣ ва ғайра аз ҷониби мақомоти ваколатдори гумрук ҷойгир карда мешаванд. Амалиёти гумрукӣ дар мавриди барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақомоти гумрук ва воҳидҳои сохтории онҳо бевосита дар маҳалли ҷойгиршавии онҳо гузаронида мешавад.
Мақомоти гумрук вазифаҳои таҳия ва амалӣ кардани сиёсати гумрукии Тоҷикистон, таъмини соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи салоҳияти худ, риояи қонунгузории гумрук, ҳимояи манфиати давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, таъмини тартиби аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқ ва дигар ҷинояткориҳои ғайриқонунӣ, аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, силоҳу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва маводди радиоактивӣ, арзишҳои фарҳангӣ, навъҳои ҳайвоноту набототе, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид мекунанд. Инчунин, назорати асъории марбут ба молу воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро анҷом медиҳанд, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин мекунанд ва дигар уҳдадориҳои пешбиникардаи қонунгузориро иҷро менамоянд.
Ҳамзамон бо ин, мақомоти гумрук барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда дорои салоҳиятҳои муайян мебошанд, аз ҷумла онҳо ҳақ доранд ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки дар амалиёти гумрукӣ иштирок менамоянд, тафтиш кунанд; аз шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқномаи ваколати анҷом додани амалҳои алоҳида ё фаъолияти алоҳидаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ талаб кунанд; парвандаҳоро доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ баррасӣ намуда, шахсонеро, ки барои вайрон кардани қоидаҳои маъмурӣ тибқи қонунгузорӣ гунаҳкоранд, ба ҷавобгарӣ кашанд. Инчунин, шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ё онро содир намудаанд, ё содиркунандагони ҷиноят, ё вайронкунандагони қоидаҳои маъмурии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрукро мувофиқи қонунгузорӣ дастгир намоянд; доир ба далелу воқеаҳои марбут ба интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ва интиқолу нигоҳдории моли таҳти низоми назорати гумрукӣ нигоҳдоришаванда, борбардорию борфурорӣ ҳуҷҷат тартиб диҳанд, ба видео ва аудио сабт кунанд, акси онҳоро гиранд; робитаҳои байналмилалиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муқаррар ва идома диҳанд ва ғайра.
Ба хизмат дар мақомоти гумрук шаҳрвандоне қабул карда мешаванд, ки қобили амал мебошанд ва синнашон на кам аз 20 сол ва на зиёд аз 35 сол бошад. Корманди мақомоти гумрук бояд дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ё олӣ бошад. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд, ки ягон кори муздноки муштаракро, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ иҷро кунанд; ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ё ба воситаи миёнарав машғул шаванд; мустақилона ё тавассути намоянда дар идораи субъектҳои хоҷагидорӣ ширкат варзанд; хизматрасонӣ ва имтиёзҳо бо истифода аз вазифаи хизматӣ ҳар гуна кумаки дар қонун пешбинишударо расонанд ва ғайра.
САВОЛ ВА СУПОРИШ:
Реклама