§6.3. ТАРТИБИ БАСТАН ВА ШАКЛҲОИ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ

Ба кор қабул кардани кормандон дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳангоми ба кор дохил шудан, онҳо вазифадоранд, ки шиноснома (барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд, шаҳодатномаи таваллуд), дафтарчаи меҳнатӣ (агар пеш дар дигар ҷой кор карда бошад), ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (дар ҳолати пешбининамудаи санади меъёрӣ), ҳуҷҷати уҳдадории ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ, инчунин, барои корҳое, ки дониши махсусро талаб мекунанд, ҳуҷҷат дар бораи маълумоти махсус пешниҳод кунанд. Дар вақти ба кор қабул намудан, аз кормандон ғайр аз ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи қонун дигар хел ҳуҷҷатҳоро талаб кардан манъ аст (моддаи 26-и Кодекси меҳнат).

Қонунгузории меҳнат нисбат ба баъзе гурӯҳи алоҳидаи кормандон, пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ, аз муоинаи тиббӣ гузаштанро талаб мекунад. Чунин тартибот бо мақсади саломатии онҳо ё ҳифзи саломатии аъзои ҷомеа ба роҳ монда мешавад. Ин шарт нисбат ба шахсони зерин татбиқ карда мешавад: а) ба ноболиғони то 18-сола; б) шахсоне, ки ба кори шароиташ вазнин ва зарарнок роҳ дода мешаванд; в) шахсоне, ки ба корҳои вобаста ба хизматрасонӣ ба кӯдакон, беморон, соҳаҳои савдо ва хӯроки умумӣ ва амсоли инҳо ба кор қабул карда мешаванд.

Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда ва бо фармони (амри) роҳбари ташкилот ё шахси ваколатдор ба расмият дароварда мешавад. Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста мешавад. Он дар ду нусха тартиб дода шуда, ба он тарафҳо имзо мегузоранд. Як нусха ба корманд дода шуда, дигарашро корфармо нигоҳ медорад. Дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ мумкин аст дар байни тарафҳо дар хусуси аз санҷиш гузаштани корманд ризоят ба миён ояд. Мақсад аз санҷиш ба кор лоиқ будан ё набудани кормандро муайян кардан аст. Муҳлати санҷиш ғайр аз мавридҳои муқаррарнамудаи қонун аз се моҳ зиёд буда наметавонад, санҷиш барои ноболиғони то 18-сола, мутахассисони ҷавон ҳангоми гузаронидани онҳо ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба ташкилоти дигар, инчунин, тибқи озмун ба кор қабул кардан муқаррар карда намешавад.

Ба корманде, ки аввалин маротиба ба кор қабул карда мешавад, баъди панҷ рӯзи кор дар корхона дафтарчаи меҳнатӣ кушода мешавад. Дафтарчаи меҳнатӣ ҳуҷҷати асосӣ доир ба фаъолияти меҳнатии корманд мебошад. Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот доир ба коре, ки аз тарафи корманд иҷро карда мешавад, оид ба ҳавасмандгардонӣ ва мукофотҳо барои муваффақиятҳои кор сабт мегардад. Дар дафтарчаи меҳнатӣ сабаби аз кор рафтани корманд низ қайд карда мешавад. Дар рӯзи аз кор рафтани корманд дафтарчаи меҳнатӣ бояд ба ӯ супорида шавад.

Реклама