Ҳуқуқи моликият қисми муайяни муносибатҳои молумулкиро ба танзим медарорад. Муносибатҳои мазкур хусусияти иродавӣ дошта, аз тарафи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ аз тарафи давлат ба мақсади танзими муносибатҳои молумулкӣ муқаррар карда мешавад. Меъёрҳои ҳуқуқӣ тарзи тааллуқ доштани объектҳои моддӣ, инчунин,тартиби ба соҳибмулкӣ даровардани онҳо, имконияти истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкро ба тартиб медароранд. Муносибатҳое, ки доир ба ҳуқуқи моликият ба вуҷуд меоянд, тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешаванд. Мутобиқи моддаи 279 Кодекси маданӣ, ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект дар хусуси бо салоҳияти худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулки ба ӯ тааллуқдошта, яъне ҳуқуқи молумулкӣ мебошад.
Ба ҳайси субъекти ҳуқуқи моликият инҳо баромад карда метавонанд: давлат, шаҳрвандон, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, иттиҳодияҳо, давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ.
Се ваколат ё ҳуқуқе, ки қонун ба соҳибмулк додааст, мазмуни ҳуқуқи моликиятро ташкил медиҳад, аз ҷумла: доштан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани молу мулк.
Ҳуқуқи соҳибӣ маънои амалан дар дасти шахс будани молу мулкро дорад. Ваколати соҳибӣ имконияти аз рӯйи қонун дар назди худ нигоҳ доштан ва соҳиби молу мулк буданро дорад. Ҳамчун қоида соҳиби молу мулк соҳибмулк шуда метавонад, вале ҳуқуқи доштан метавонад ба шахси дигар ҳам тааллуқ дошта бошад. Вай метавонад қонунӣ ва ғайриқонунӣ шавад. Агар молу мулк дар асоси шартнома ё қонун ба каси дигар тааллуқ дошта бошад, он гоҳ қонунӣ мешавад. Ва агар шахси дигар молу мулкро бе асоси қонунӣ ва шартномавӣ гирифта бошад, он гоҳ ғайриқонунӣ мешавад. Мисол, агар як шахс ба хонаи шахси дигар бе рухсати соҳибмулк бо роҳи зӯрӣ соҳиб шуда бошад, он гоҳ чунин рафтори ӯ ғайриқонунӣ мебошад, зеро қонун худсарона азхуд намудани молу мулки шахси дигарро манъ мекунад.
Ҳуқуқи истифодабарӣ маънои имконияти аз рӯйи қонун истифода бурдани молу мулк, аз он гирифтани фоида бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи ҷамъиятӣ ё шахсӣ, инчунин, имконияти гирифтани даромад ва самара аз ашёро дорад. Ҳуқуқи истифода бурдан ҳам ба соҳибмулк ва ҳам ба шахси дигар тааллуқ дошта метавонад. Шахси дигар метавонад дар асоси қонун ё шартнома ба чунин ҳуқуқ соҳиб шавад.
Ваколат ё ҳуқуқи истифодабарӣ аз ваколати доштан ҷудонашаванда мебошад, зеро истифодаи молу мулк дар бисёр мавридҳо бе доштани он ғайриимкон аст. Ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани молу мулк чунин маънӣ дорад, ки соҳибмулк имкон дорад аз рӯйи қонун тақдири ҳуқуқии молу мулкашро бо хоҳиши худ ҳал кунад, масалан, фурӯхтан, туҳфа намудан, васият кардани молу мулк ва монанди инҳо.
Ҳамаи ваколатҳои соҳибмулкро бо мисоли зерин ифода кардан мумкин аст: Камолов ба писараш Ҷалол, ки 16-сола шуда буд, аккордион туҳфа кард. Бо ҳамин Ҷалол соҳибмулк шуд. Дар баробари ҳамин, Ҷалол соҳиби ваколати доштани он шуд. Ӯ аккордионро менавозад, яъне ҳуқуқи истифода бурдан пайдо кард. Ҷалол аккордионро барои соҳиб шудан ва истифодаи муваққатӣ ба писари амакаш фурӯхт. Ҳамин тариқ, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани молу мулкро бо ризояти падару модар амалӣ кард.
Тибқи моддаи 283 Кодекси маданӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моликият дар шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ), инчунин, моликияти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ вуҷуд дошта метавонад. Моликияти хусусӣ ба моликияти шаҳрвандон, шахсони ҳуқуқӣ ва моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ ҷудо мешавад. Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар сарватҳои табиӣ ба моликияти истисноии давлат дохил шуда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад (моддаи 13 Конститутсияи ҶТ). Ҳамин тавр, ба моликияти хусусӣ метавонад ҳама гуна молу мулк, ба ғайр аз шаклҳои алоҳидаи молу мулк, ки тибқи санадҳои қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад. Давлат баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад (моддаи 12 Конститутсияи ҶТ).
Молу мулк мумкин аст таҳти моликияти ду ё якчанд шахс қарор дошта бошад, ки дар чунин ҳолат он моликияти умумии шахсони зикршуда ба ҳисоб меравад. Асоси бавуҷудоии моликияти умумиро мерос, ақди никоҳ, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, хусусигардонӣ, якҷоя сохтани хона ва ғайра ташкил медиҳад. Ду навъи моликияти умумӣ мавҷуд аст: моликияти ҳиссагӣ ва моликияти якҷоя. Моликият ҳамон вақт ҳиссагӣ эътироф карда мешавад, ки агар саҳми ба ҳар як иштирокчӣ тааллуқдошта маълум бошад. Агар саҳми ба ҳар як иштирокчӣ тааллуқдошта дар моликият пешакӣ маълум набошад, чунин моликият моликияти якҷоя эътироф карда мешавад.
Моликияти умумӣ ба молу мулк ҳиссагӣ мебошад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонун ба ин молу мулк ташкил намудани моликияти умумиро иҷозат медиҳад.
Ба даст овардани моликият бо роҳҳои аз нав тайёр кардани ашё, коркард, пайдо кардани ҳуқуқи моликият ба молу мулки бесоҳиб, ашёи ёфтшуда, ҳайвоноти беназорат, ганҷина, сохтмони худсарона, милликунонӣ, хусусигардонӣ, мерос, мусодира, бастани шартнома, харидани молу мулк ва ғайра мумкин аст.
Ҳуқуқи моликият ҳангоми аз ҷониби соҳибмулк ба ихтиёрдории шахси дигар гузоштани молу мулк, даст кашидани соҳибмулк аз ҳуқуқи моликият, нобуд ё вайрон шудани амвол, вафоти соҳибмулк, қатъ шудани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, инчунин, дар ҳолатҳои маҷбуран гирифтани молу мулки соҳибмулк, ба монанди мусодира, реквизитсия, харидани сарватҳои фарҳангӣ ё таърихии бесарусомон нигоҳдошташаванда ва ғайра қатъ мешавад.
Дар сурати молу мулки шахси дигарро ғайриқонунӣ соҳиб шудан ё ба соҳиби он дар бобати баамалбарории ҳуқуқаш мамониат расонидан, соҳибмулк метавонад ба воситаи суд ё суди ҳакамӣ ҳимояи ҳуқуқҳои худро талаб кунад.
Реклама