§1.7. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲО

Дар байни муносибатҳои молумулкие, ки иштирокчии онҳо шаҳрвандон ва ташкилотҳо мебошанд, муносибатҳои ҷамъиятие мавқеи муҳимро ишғол мекунанд, ки дар супоридани молу мулк, иҷрои кор, расонидани хизмат, додани пул ва ғайра ба вуҷуд меоянд. Муносибатҳои маданӣ дар асоси расонидани зарар ё дорошавии беасос низ ба вуҷуд меоянд. Ҳамаи ин муносибатҳо дар шакли уҳдадорӣ ба вуҷуд омада, предмети омӯзиши ҳуқуқи уҳдадорӣ мебошанд. Мувофиқи уҳдадорӣ як шахс (қарздор) уҳдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро анҷом диҳад, чунончи, молу мулкро супорад, корро иҷро кунад, пул диҳад ва монад ё гузорад, ё аз иҷрои амалиёти муайян худдорӣ кунад. Кредитор ҳақ дорад аз қарздор иҷрои уҳдадории онро талаб кунад (моддаи 351 Кодекси мадании ҶТ).

Аз сабаби он ки уҳдадорӣ яке аз навъҳои муносибатҳои ҳуқуқи маданӣ мебошад, мазмуни онро ба монанди ҳама гуна муносибатҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни он ташкил медиҳад. Иштирокчиёни уҳдадориҳо карздор ва кредитор мебошанд. Қарздор тарафест, ки амали муайянро содир мекунад ё аз содир намудани амали муайян худдорӣ мекунад. Кредитор тарафест, ки ҳуқуқ дорад содир намудани амали муайянро талаб кунад. Ба ҳайси онҳо шаҳрвандон ва ташкилотҳо шуда метавонанд. Дар баробари ин, қарздор ва ҳам кредитор як ва якчанд шахс шуда метавонад. Асоси бавуҷудоии уҳдадориҳо фактҳои ҳуқуқие мебошанд, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд. Ба сифати асосҳои бавуҷудоии уҳдадориҳо мувофиқи моддаи 8 ва қисми 2-и моддаи 351 Кодекси маданӣ инҳо баромад мекунанд: а) аҳдҳо, аз ҷумла шартномаҳо; б) натиҷаҳои фаъолияти эҷодӣ; в) зараррасонӣ; г) дорошавии (соҳибшавии) беасос; д) дигар амалиёти шаҳрвандон ё ташкилотҳо (мисол, наҷоти молу мулк, ёфтани хазина, ганҷина ва ғайра).

Уҳдадориҳо дар асоси шартнома ва зараррасонӣ ба вуҷуд меоянд. Он уҳдадориҳое, ки дар асоси шартнома ба вуҷуд меоянд, уҳдадориҳои шартномавӣ номида мешаванд. Чунин шартномаҳо дар байни шаҳрвандон ва ташкилотҳо бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддӣ ва маънавии онҳо баста мешаванд (масалан, хариду фурӯш, иҷораи манзил, амонатнигоҳдорӣ, супориш, қарз ва ғайра).

Дар ҳаёт чунин мешавад, ки як шахс бо рафтори худ ба шахси дигар ё ба молу мулки ӯ, ё ин ки ба ташкилот зарар мерасонад. Дар чунин сурат, шахси зараррасонида уҳдадор аст, ки товони зарарро дар шакли моддӣ ё пулӣ диҳад. Чунин уҳдадориҳои дар натиҷаи зараррасонӣ бавуҷудомада ба ягон навъи созиш асос намеёбанд. Зарар аз рӯйи моҳияти худ метавонад моддӣ ва маънавӣ шавад. Зарари моддӣ (молумулкӣ) дар пурра ё қисман несту нобуд шудани молу мулк, шикастан, вайрон шудан ва ғайра ифода меёбад. Зарари маънавӣ дар паҳн намудани маълумоти шаъну шарафи шаҳрванд ё ташкилотро бадномкунанда, инчунин, дар расонидани осеби ҷисмонӣ ё маънавӣ ба шаҳрванд, зараррасонӣ ба ҳаёт ва саломатӣ ифода меёбад.

Уҳдадориҳое, ки дар натиҷаи зараррасонӣ ба вуҷуд меоянд, ду тараф доранд. Якеро кредитор ва дигареро қарздор меноманд. Ба сифати кредитор зарардида ва ба сифати қарздор зараррасонида баромад мекунанд. Зарардида шахсе мебошад, ки ба ӯ зарар расонида шудааст. Ба сифати зарардида ташкилот, шахсони қобилияти амалкунидошта, шаҳрвандони ноболиғ, қобилияти амалкуниашон маҳдуд, инчунин, қобилияти амалкунии пурранадошта баромад мекунанд. Мисол, дар ҳолати несту нобуд кардан ё зарар дидани молу мулке, ки ба моликияти ноболиғон тааллуқ дорад, ӯ ҳуқуқи талаб кардани товони зарарро ба монанди шахси қобилияти амалкунии пурра, яъне калонсолон дорад. Қонунгузор ба ноболиғон дар баробари калонсолон ҳуқуқи баробари ҳимояи молу мулкро медиҳад. Дар чунин сурат шахсе ба додани товони зарар уҳдадор аст, ки бо рафтори худ ба ноболиғ зарар расонидааст.

Ба сифати шахсони ҳуқуқӣ ташкилотҳо баромад карда метавонанд. Шахсони ноболиғ, аз ҷумла хонандагони мактабҳои миёна, барои зараррасонӣ ба молу мулк ва ҳаёту саломатии шаҳрвандон, инчунин, барои зараре, ки ба корхона, иттиҳодия ва ташкилотҳо мерасонанд, ҷавобгаранд, вале ҷавобгарии онҳо аз рӯйи синну сол ва тарзи расонидани зарари моддӣ фарқ мекунад (Ниг.: муфассал ба боби XIV).

Иҷрои уҳдадориҳо дар натиҷаи амали фаъолона, ба монанди додани молу мулк, иҷрои кор, супоридани пул ва содир кардани дигар пешниҳодҳои молумулкӣ анҷом дода мешавад. Бояд қайд кард, ки иҷрои уҳдадориҳо аз ду аломати муҳимамал ва мувофиқ омадани он ба уҳдадориҳое, ки дар қонун ва шартнома ифода ёфтааст, иборат мебошад. Ҳамин тавр, содир кардани амалҳоеро иҷрои ухдадориҳо меноманд, ки аз уҳдадориҳои мувофиқи қонун ва шартномаҳои базиммагирифтаи иштирокчиёни он ба миён меояд. Иҷрои уҳдадориҳо ба воситаи ноустуворона, гарав, нигоҳ доштани молу мулки қарздор, замонат, кафолат, байъона ва дигар тарзҳои пешбининамудаи қонун ё шартнома таъмин карда мешавад.

Ноустуворона (ҷарима, пеня) – маблағе мебошад, ки тибқи қонун ё шартнома муайян шудааст ва қарздор вазифадор аст ҳангоми иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро намудани уҳдадорӣ, аз ҷумла дар ҳолати гузаштани муҳлат, онро ба кредитор диҳад.

Гарав моли муайяне мебошад, ки талаботи кредитор аз ҳисоби он ҳангоми иҷро намудани уҳдадорӣ қонеъ гардонида мешавад.

Замонат дар асоси шартнома ба тасвиб расонида шуда, тибқи он зомин уҳдадор мешавад, ки дар назди кредитори дигар шахс барои пурра ё қисман иҷро нашудани уҳдадориҳои вай ҷавобгар бошад.

Дар асоси кафолат бонк ё дигар ташкилоти кредитӣ бо хоҳиши шахси дигар уҳдадории хаттӣ медиҳад, ки дар сурати иҷро накардани уҳдадории шартномавӣ аз ҷониби қарздор ба кредитор маблағи муайянро медиҳад.

Байъона маблағе мебошад, ки як тарафи шартнома аз ҳисоби маблағи аз тарафи вай пардохтшаванда ба тарафи дигари шартнома барои исботи бастани шартнома ва таъмини иҷрои он ба ҳисоби тарафи дигар мегузаронад.

Байъона дар шакли хаттӣ баста мешавад.

Уҳдадориҳо дар мавриди фавти шаҳрванд, барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, ғайриимкон будани иҷро, дар асоси санади мақомоти давлатӣ, як шудани қарздор ва кредитор, бахшидани қарздор ва дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонун ё шартнома қисман ё пурра қатъ мегарданд.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

  1. Ҳуқуқи маданӣ чиро меомӯзад?
  2. Кадом муносибатҳоро ҳуқуқи маданӣ танзим мекунад?
  3. Дар бораи субъектҳои ҳуқуқи маданӣ маълумот диҳед.
  4. Қобилияти ҳуқуқдорӣ чист?
  5. Қобилияти амалкунии маданиро чӣ гуна мефаҳмед?
  6. Мазмуни ҳуқуқи моликиятро кадом ваколатҳои соҳибмулк ташкил медиҳад?
  7. Ҳуқуқи моликият чист?
  8. Аҳд чист?
  9. Кадом шаклҳои аҳдро медонед?
  10. Шартнома чист?
  11. Навъҳои шартномаро номбар кунед.
  12. Уҳдадорӣ чист?
  13. Асосҳои пайдоиши уҳдадориро номбар кунед.
  14. Мазмуни уҳдадориҳоеро, ки дар натиҷаи зараррасонӣ ба вуҷуд меоянд, шарҳ диҳед.
  15. Тарзҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳоро номбар кунед.
  16. Ноустуворона чист?
  17. Гарав чист?
  18. Ҳолатҳои қатъи уҳдадориҳоро номбар кунед.
  19. Байъона чист?
  20. Шартномаҳо дар кадом маврид тағйир ё қатъ гардонида мешаванд?

Реклама