Ба ноболиғон ва шахсоне, ки дар баробари кор таҳсил мекунанд, имтиёзҳои гуногун дода мешаванд. Онҳо дар муносибатҳои меҳнатӣ бо калонсолон баробаранд, вале ноболиғон дар ҳолатҳои муқарраркардаи қонунгузории меҳнатӣ дорои имтиёзҳои муайян низ мебошанд. Дар соҳаи ҳифзи меҳнат, вақти кор, рухсатиҳо ва ғайра ноболиғон аз имтиёзҳои дар ин соҳаҳо мавҷудбуда истифода мебаранд. Ба ноболиғон иҷрои корҳои вазнин, корҳои шароиташон зарарноку хатарнок, корҳои зеризаминӣ ва корҳое, ки ба саломатӣ ва рушди маънавии онҳо зиён мерасонанд, манъ аст. Давомнокии вақти кори кормандони 14-16-сола ҳафтае на зиёдтар аз 25 соат ва шахсони 15-18-сола ҳафтае на зиёдтар аз 35 соат мебошад. Барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола 2,5 соат дар як рӯз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола 3,5 соат дар як рӯз муқаррар карда шудааст.
Музди кори кормандони то ҳаждаҳсола, ки муддати кори ҳаррӯзаашон кӯтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати гурӯҳи алоҳидаи кормандони дахлдори муддати кори ҳаррӯзаашон пурра дода мешавад ва ҳамзамон бо ин, музди меҳнати таълимгирандагон, ки дар вақти фориғ аз таҳсил дар ташкилотҳо кор мекунанд, аз ҳисоби муддати кор ё вобаста ба маҳсули меҳнат дода мешавад.
Ба кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳар сол на камтар аз сӣ рӯзи тақвимӣ рухсатии пардохтшавандаи меҳнатӣ дар фасли тобистон ё ҳар вақти дигари барои онҳо мувофиқ дода мешавад. Агар соли корие, ки барои он рухсатӣ дода мешавад, давраи то ба ҳаждаҳсолагӣ расидани корманд ва баъди онро дар бар гирад, давомнокии рухсатии барои собиқаи корӣ то расидан ба ҳаждаҳсолагӣ аз ҳисоби сӣ рӯзи тақвимӣ ва барои собиқаи кори баъди расидан ба ҳаждаҳсолагӣ дар асосҳои умумӣ ҳисоб карда мешавад. Кормандони аз ҳаждаҳсола хурдро ба корҳои шабона ва изофакориҳо, кори рӯзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардан, ҳамчунин, ба сафари хизматӣ фиристодан манъ аст.
Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд ва нақшаҳои таълимиро иҷро мекунанд, ба рухсатии иловагии пардохтшаванда аз ҷойи кор, ба ҳафтаи кӯтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо ҳақ доранд. Барои кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, дар давраи соли таҳсил ҳафтаи кории 4 соат камкардашуда муқаррар карда шудааст. Хонандагони муассисаҳои мазкур дар давраи соли таҳсил на камтар аз чилу ду рӯзи тақвимӣ (дар мавриди ҳафтаи кори шашрӯза) аз кор озод карда мешаванд. Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ӯ аз ҷойи кори асосӣ, на камтар аз 50 дарсади музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад. (моддаи 126 Кодекси меҳнат). Ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд, дар давраи супоридани имтиҳоноти хатмкунӣ рухсатӣ дода мешавад, ки давомнокии он то 20 рӯзи кориро ташкил медиҳад.
Кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таҳсилоти касбию техникӣ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ таълим мегиранд, бо мақсади омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо аз кор ба муҳлати 30 рӯзи корӣ дар давоми соли таҳсил озод карда шуда, музди миёнаи меҳнати онҳо ба андозаи на камтар аз ҳадди ақалли муқарраршудаи музди меҳнат пардохта мешавад.
Барои кормандони ба имтиҳони қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олии касбӣ роҳдодашуда, барои супоридани имтиҳонҳо рухсатии бемузд мутобиқан ба муддати 10 ва 15 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Кормандоне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, дар ҳар ҳафтаи рӯзҳои кориаш иборат аз шаш рӯз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани рисолаи дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти хатмкунӣ камаш якрӯзӣ аз кор озод карда мешаванд ва ба онҳо музди миёнаи меҳнат пардохта мешавад.
Реклама